МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ – САРЧАШМАИ ҲАЁТИ СОЛИМ

210

Имрӯз морозарур аст, ки ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем.

Эмомалӣ Раҳмон

Босуръат афзун гардидани аҳолии саёраи Замин ва инқилоби илмию техникӣ ҳолати кунунии биосфера ва ҷараёнҳои табиӣ дар сайёраи Замин амалишударо хеле тағйир додааст. Дар давраҳои пеш ҳам, фаъолияти одамон ба табиат сарҳадҳои зиёдеро дар бар гирифта, таъсири манфӣ мерасонд, вале ин қувва ва тавоноии таъсир назар ба қувва ва тавоноии ҷараёнҳои табиӣ ва гирдгардиши моддаҳо сустар буданд. Бо мурури замон таносуби ҷараёнҳои табиӣ ва антропогенӣ баробар шуданд ва имрӯз бо суръати баланд қувваи таъсири фаъолияти одамон ва хоҷагидории ӯ ба биосфера бартари пайдо кардааст.

Тағйирёбиҳои дар ҳудуди биосфера баамаломада ба ҷамоаҳои табиӣ ва намудҳои зиёд, аз ҷумла ба худи одам хатарҳои гуногунро пеш овардааст. Аз ин лиҳоз ба аҳли башар лозим меояд, ки дар рафти хоҷагидории худ ба қонунҳои табиӣ мувофиқ амал намуда, интиқоли энергия ва гирдгардиши моддаҳоро дар ҳудуди биосфера дар як мувозинати муайян нигоҳ доранд. Ба ғайр аз ин ҳамарӯза олудакунии ҷузъҳои биосфера бо моддаҳои гуногун, аз ҷумла «моддаҳои бегона» барои одамон ва организмҳои дигари биосфера хатарнок моро водор месозад, ки барои саломатии имрӯзаи худ ва беҳбудии наслҳои оянда кӯшиш ба харҷ диҳем.

ҶумҳурииТоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар давоми солҳои дастрасӣ ба ваҳдати миллӣ ба пешравиҳои назаррас ва ҳалли як қатор масъалаҳои глобалӣ дар самти экологӣ, ҳифзи муҳити зист, ба вижа тақвият додани ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои хориҷ, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ дар масъалаи истифодаи самараноки захираҳои об, таъминотиаҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергетикӣ ноил гаштааст.

Имрӯзҳо Тоҷикистон бо сиёсати дурандешонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи амалӣ намудани ҳадафҳои рушди ҳазорсола бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ ҳам барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва ҳам ҳифзи муҳити зист қадамҳои устувор мегузорад. Таърихи навини кишвар, дастовардҳои халқу давлати тоҷикон, хусусан, истиқрори сулҳу ваҳдат ва мустаҳкамшавии пояҳои давлатдорӣ ва боло рафтани обрӯву нуфузи давлату миллатамон танҳову танҳо бо ном, кору пайкор ва саъю талошҳои пайгиронаи роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавӣ дорад. На танҳо дар таърихи куҳанбунёди халқи мо, балки дар таърихи аксари халқҳои дунё чунин шахсиятро ба мисли роҳбари давлати тоҷикон, ки ҳастиву зиндагии худро барои саодати халқу шукуфоии сарзаминаш бахшида бошад, пайдо кардан мушкил аст.

Қайдкардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз давраҳои оғози фаъолият дар солҳои нооромии кишвар ба масъалаҳои ҳифзи табиати диёр таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекард.

ҶумҳурииТоҷикистон бо ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллӣ санадҳои муҳимми байналмилалиро, ки иҷроиши онҳо ба манфиатҳои мардуми Тоҷикистонмувофиқат мекунанд, ба тавсиб расонидааст. Яке аз чунин санадҳо маҷмӯи санадҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва нигоҳдории гуногунии биологӣ мебошанд. Аз ҷумла, Конвенсия оид ба ҳифзи мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ ва табиӣ(с.1992), Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ(с. 1997), Протоколи Картахенӣ оид ба бехатарии биологӣ ва Конвенсияи гуногунии биологӣ(с.2004), Протоколи Нагоя оид ба танзими дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ ва истифодаи муштараки одилонаю баробар аз фоидаи дар асоси онҳо гирифташуда ва Конвенсияи гуногунии биологӣ(с.2013), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» (аз 27.11.2014 № 1160, аз 18.07.2017 № 1449), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва ғайра.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, кафолатҳои ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» принсипҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодии сиёсати давлатиро дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣба танзим медарорад.

Ҳаёт моро маҷбур месозад, ки дониши дирӯза ва имрӯзаи худро тақвият бахшида дар якҷояги бо аҳли ҷамият ва сохторҳои алоҳидаи давлатӣ дар самти бартараф намудани масъалаҳои экологӣ кӯшиш намоем. Барои ин пеш аз ҳама лозим меояд, ки тарбия ва маърифатӣэкологии аҳли тамадунро баланд бардошта, диққати онҳоро ба ҳалли масъалаҳои экологии кунунии умумисаёравӣ ҷалб намуда, оид ба чорабиниҳои характери сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣдошта,ахборот диҳем, то ки онҳо ҳамаи инро дарк карда муносибати худро ба табиат дигар кунанд.

Агар одамон сарватҳои табиатро муддати дурру дароз худсарона ва бе низом истифода баранд ва барои барқароршавии онҳо чораҳои саривақти наандешанд, ҳуҷуми ҳар гуна зараррасонҳою бемориҳои гузаранда ба ҷомеа зиёни калон мерасонанд. Мутаасифона, аксари мардум аз паст будани сатҳи маърифати экологӣ ба табиат зиён ворид сохта, заррари воридсохтаи хешро дарк карда наметавонанд.

Ҳамин аст, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 27 феврали 2024, таҳти №114 дар бораи «Соли маърифати экологӣ» эълон намудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба тавсиб расид. Сиёсати давлатӣдар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ, фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки ба таъмини шароит барои амалӣнамудани омӯзиши экологии аҳолӣва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ҷиҳати ташаккулёбии фарҳанги умумӣва тахассусии экологии шахс ва ҷомеа равона шудаанд. Маърифати экологӣ- раванди таълим, ки мақсади он аз маърифати экологӣбаҳравар кардан, дар руҳӣ маърифати экологӣ таълиму тарбия додан, пойдор гардонидани фарҳанги экологӣ, дуруст ва оқилона муайян кардани тамоили донишандӯзӣ, нишон додани қобилият ва ташаккули рафтори дурусти шахсони алоҳида ва аҳолӣоид ба ҳифз ва истифодаи табиат иборат мебошад.

Дар замони ҳозира омӯхтани дониш ва маърифати экологӣ яке аз масъалаҳои асосӣба ҳисоб меравад, зеро қисми зиёди аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунад. Дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе низ солҳои охир миқдори аҳолӣбосуръат меафзояд, ки ба ҳолати экологии он таъсири манфӣмерасонад. Аз ин рӯ, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинони шаҳри Душанбе, Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи «Соли маърифати экологӣ» эълон намудани соли 2024 муҳим ва саривақтӣмаҳсуб меёбад.

Маърифати экологӣмафҳуме мебошад, ки асоси анъанаҳои муносибати эҳтиёткорона ва ғамхоронаи тамоми ҷомеаро нисбат ба муҳити зист ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо бо вуҷуди ободу зебо гардидани пойтахти маҳбубамон шаҳри Душанбе, ҳамзамон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ аз қабили «Боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ», «Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Боғи фарҳангию фароғатии «Кули ҷавонон», Боғи фарҳангиву фароғатии «Ҷавонон», «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории ҷангал», Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём» ва ғайра ба сокинони шаҳр хизмат менамоянд.

Боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе дар таркиби маҷмӯъи минтақаҳои сабзи шаҳр дохил шуда, яке аз системаҳои ҷузъи алоқаманди манзараҳои шаҳриро ташкил менамояд ва сарҳадҳои азнавсохташудаи масъалаи кабудизоркунӣ, ҳифзи табиат ва рекреатсиониро барои беҳтар намудани шароити меҳнат, истироҳатӯ фароғати сокинони шаҳр кумак мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ аз 28.12.2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии кишвар, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомотҳои давлатӣ супориш доданд, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд.

Вазифаи асосии боғу гулгаштҳо баҳри беҳтар шудани вазъи санитарию гигиенӣ, рекреатсионӣ, сохторӣ, банақшагирӣ ва ороишию зебоӣ равона шудаанд. Бояд ёдовар шуд, ки боғҳою гулгашту хиёбонҳо барои мӯътадилии микроиқлими шаҳр саҳми арзандае доранд, ки ин барои фаълияти мӯътадил ва истироҳати бофароғати меҳмонону сокинон басо муҳим аст. Дохили боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе бо тарҳи наву замонавӣ ва растаниҳои ороишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дарахтон дар рӯзҳои гарм ҳароратро паст ва намии таркиби ҳаворо афзун менамояд ва ин ба фаъолияти мӯътадили ҳаёти сокинони пойтахт ва саломатии онҳо мусоидат менамояд.

Солимии худи инсон ва дигар организмҳои гетеротрофӣ низ бештар ба фаъолияти мӯътадили растаниҳои сабз, ки аз худ моддаҳои бухоршавандаи (фитонсидҳо) зиёде ҷудо менамоянд барои маҳв намудани микроорганизмҳои касалиовар равона шудаанд. Дар ҳавои ҷангал миқдори мироорганизмҳои касалиовар назар ба ҳавои шаҳр 40-70 маротиба камтар аст. Рустаниҳо қобилияти паст намудани консентратсияи газҳои зарарноки таркиби ҳаворо низ доранд.

Нақши рустаниҳои сабз дар кам намудани заррачаҳои гарди таркиби ҳаво хеле назаррас аст. Онҳо то 70% зарраҳои гарди таркиби ҳаворо дар баргу пояи сабзи худ нигоҳ медоранд. Ҳисоб шудааст, ки як гектар сафедорзори ҷавон дар муддати фаъолияти мавсимии худ бештар аз 340-400 кг гардро нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, дар таркиби ҳавои кӯчаю хиёбонҳои кабудизоршуда, маводи зараровар 3-5 маротиба кам мебошад. Растаниҳои сабз ҳатто қобилияти аз таркиби ҳаво полоиш намудани маводи радиоактивиро ҳам доранд. Растаниҳои сабз дар паст намудани таъсири садоҳои гуногун ба саломатии инсон аҳамияти нотакрор доранд. Фардҳое, ки бештар дар минтақаи таъсири овози баланд қарор доранд, на танҳо аз фаъолияти системаи узвҳои шунавоӣ, балки аз гардиши хун, камхунӣ, харобии системаи асаб, номӯътадилии фаъолияти меъдаю рӯдаҳо ва ғайра азият мекашанд. Яке аз чорабиниҳои асосие, ки барои пешгирии ин қабил муаммоҳо мусоидат мекунад, зиёд намудани майдони кабудизорҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон баҳри дуруст истифодабарии боғу гулгашт ва хиёбонҳо мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки таваҷҷуҳи хосаи давлат ба мушкилоти экологии сатҳҳои гуногун, ки дар сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, мебояд ба тарбияи насли наврас дар руҳияи муносибатҳои гуманистӣ ба табиат, софу покиза нигоҳ доштани обу ҳаво, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии мавҷуда ва амсоли онҳо асос ёбад. Ноил гардиданба ин мақсад масъулияти баланди омӯзгориро дар ҳама зинаҳои таҳсилот тақозо ва талабменамояд. Зеро, алҳол дар назди башарият, аз ҷумла ҷомеаи кишвар масъалаҳои бағоят душвор, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои табиӣ гузошта шудааст. Дар ҳалли ин масъала роҳу воситаҳои самарабахшро ҷустуҷӯ ва истифода кардан зарур аст, ки табиат ҳаёти солиминаслҳои ояндаи инсониятро таъмин намояд. Падару модар ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда вазифадоранд, ки кӯдаконро дар рӯҳияи муносибати ғамхорона ва масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳити зист тарбия намоянд.

Аз ин лиҳоз, Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи «Соли маърифати экологӣ» эълон намудани соли 2024 тамоми сокинони пойтахти маҳбубамон шаҳри Душанбе вамеҳмонони онро водор месозад, ки нисбат ба наботот ва тозагии кӯчаю гулгаштҳо эҳтиёткорона муносибат намуда, маърифати экологиро миёни хонавода ва корхонаю идораҳо баланд намоянд. Зеро бо ин васила метавон рушди устувори ҷомеа, мувозинати захираҳои табиӣ ва истифодабарандагони он, ташкил ва ҳамоҳангсозии муносибати истифодабарандагони захираҳои табиӣ ва худи табиат, рушди солимии ҷомеа, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, инчунин, роҳҳои барқароркуниифазои экологии вайроншударо ба танзим даровард.

Кароматуллои Қ.,н.и.б. дотсент, декани факултети биологияи ДМТ