СУХАНЕ БА РӮЗИ ЗАН- МОДАР

610

Зан агар оташ намебуд хом мемондем мо,

Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.

М. Турсунзода

Ҷасорати қавӣ ва ҳамзамон бузурги Зан-Модар буд, ки маҳз ҳаётро ба мо ҳадя намуд. Қудрати ин олиҳаи ҳусн ва зебоӣ буд, ки ба ҷисми нозуку кӯчаки мо нерӯ ва қувват бахшид, то мо бузург ва қудратманд шавем. Бузургии модарро ҳеҷ як рассоме, тавоноии тасвир, ягон нависандае истеъдоди иншо, шоире қобилияти эҷод карданро надоранд.

Пас, месазад ин олиҳаи зебоиро, ки ном Модар аст, на танҳо рӯзи 8 -уми март, балки 365 шабонарӯз дар соле ва ҳамзамон то ҳаёт ба сар мебарем ҳурматашро ба ҷой орем!

Медонам, якшаба ранҷи кашидаашро ба ҷой оварда наметавонем! Чуноне ки Эраҷ Мирзо мегӯяд:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид!…

Ёди кӯдакӣ пеши назар меояд ва ҳатто гиря гулугир мекунад инсонро, вақте дар наздат кӯдаки инҷиқе (якраве) модарашро гӯш намекунад… Аз кӯдакии худат меандешӣ! Оё ман низ чунин будам?… Модарҷон аҳсан бароят!

Ҳақиқати маҳз…

Дар хотирам монда, ки вақте дар як рӯз то чор – панҷ маротиба либосҳоямро ифлос мекардам, модарам бе ягон ҷангу ҷанҷол онҳоро мешустанд ва мегуфтанд, эҳтиёт шав, боз нағалтӣ, ягон ҷоятро назанӣ! Ин буд, ҷазо бар ивази либосифлосномоии ман аз Модар! Ҳатто дар хӯроки ҳамарӯза омода менамудаи Модар айб меёфтем.

Қалби бузурги Модар ҳамаи ин ранҷҳое, ки аз мо медиду мешунид дар худ нигоҳ дошт, вале ягон бор то ҳол аз фарзанд шикоят надорад! Ин аст бузургӣ ва ҷасорати ӯ! Хомӯшӣ! Хомӯшӣ низ ҷавобест, ки оянда моҳияти онро дарк хоҳем кард.

Устод Лоиқ фармуда:

Аё модар ба чашмам нур ҳастӣ,

Назарногир ҳастӣ, зӯр ҳастӣ…

Он суханон, ки аз ҷониби Модар садо медоданд:

– ҳоло кӯдак аст;- калон шавад ақлаш медарояд;

– баъд хатогиҳояшро мефаҳмад;

– одам шавад, асос;

– росткор бошад ҳамеша; ва ғ.

Гӯё, ки ҳаёти фарзандони худро медониста бошад, пешакӣ!

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳое амал менамоянд, ки нақши Зан-Модарро дар ҷомеа боз ҳам баланд мебардоранд. Махсусан, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани нақши Зан дар ҷомеа”, имрӯз аҳамияти хело муҳим дорад. Маҳз, чунин ғамҳориҳои бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат аст, ки Занону Бонувон имрӯз дар баробари мардон дар на танҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ, омӯзгорӣ, тандурустӣ, балки дар тамоми сохторҳо ва воҳидҳои гуногуни кишвари азизамон кор ва фаъолият намуда истодаанд.

Хуб шуд, ки Зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Чун дар арафаи таҷлили рӯзи Зан-Модар қарор дорем, бо истифода аз фурсати муносиб Модарамро ва дар шахсияти Модари азизам тамоми Занону Модарони Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон ва дар шахсияти эшон тамоми Модарони сайёраро ба рӯзи 8 -уми март, рӯзи “Зан-Модар” табрику таҳният гуфта, хоҳони онам, ки дар рӯзу рӯзгор ва ҳаёти эшон сулҳу осоиштагӣ ва тинҷию хотирҷамъӣ ҳукмфармо бошад!

Ҷашни “Зан-Модар” муборак Модарони гиромӣ!

Нуров Нақибхон

Донишҷӯи факултети биология