РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ – ОМИЛИ ПЕШРАФТИ КИШВАР

347

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба рушди илму маориф ва сатҳи маърифатнокии сокинони кишвар диққати махсус медиҳанд. Дар ин миён Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири масъалаҳои гуногуни сиёсати дохилию хориҷии кишвар хеле назаррас мебошад. Паёмро метавон ба ҳайси барнома ва дурнамои соҳаҳои сиёсату иқтисодиёт, маорифу тандурустӣ, саноату энергетика ва фарҳангу санъати кишварамон ном гирифт.

Ёдовар бояд шуд, ки дар Паёми навбатӣ масъалаҳои ҳаётан муҳими давлату миллат ҳаллу фасл ёфта, ба илму маориф низ аҳамияти хоса дода шуд. Масъалаи илму маориф бо дастоварду натиҷаҳои назарраси солҳои гузашта, баён шуда, ҷиҳати рушду нумӯи ин соҳа дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод шуданд. Аз муҳтавои Паём бармеояд, ки мактаб макони илму адаб, фарҳангу таърихи миллат ва омӯзгор мафкурасози наврасону ҷавонон аст. Нақши омӯзгор дар тарбияи миллати созандаву бунёдкор, рушду тараққиёти давлат ва пойдории сулҳу суботи кишвар дар мадди аввал меистад.

Мавриди зикр аст, ки ғамхорию дастгирӣ нисбати соҳаи илму маориф ва аҳли зиё яке аз масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Бо мақсади беҳтар бахшидани сифати таълиму тарбия ва рушди илму кашфиёти олимону муҳаққиқони тоҷик дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин муддат дар манотиқи кишварамон ҳазорон биноҳои таълимӣ аз қабили боғчаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаиумумӣ ва миёнаи касбӣ, литсею гимназияҳо, мактабҳои Президентию байналмилалӣ, донишкадаву донишгоҳҳо сохтаву азнавсозӣ шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин баробар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки хонандагон пас аз хатми мактаб бевосита бо донишу маҳорати хеш имтиҳон супорида, донишҷӯ мегарданд. Ҳамчунин, хонандагони болаёқат тавассути Квотаҳои Президентӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҳамасола қонуну барнома ва нақшаву стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаю олии кишвар таҷдиди назар, таҳия ва қабул мегарданд, ки ҳамаи ин бо мақсади баланд бардоштани донишу ҳунари наврасону ҷавонони имрӯзу ояндаи миллат бахшида мешаванд.

Пешвои миллат ба неруи илмии ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, чунин иброз доштанд: «Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар соҳаҳои зикршуда илму маориф ва пешрафти илму техникаро аз масъалаҳои мубраму афзалиятноки сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоии давлат номиданд. Дар баробари паҳлуҳои муҳими илму маориф аз бунёди муассисаҳои олии кишвар ва афзоиши сафи донишҷӯён дар Паём чунин гуфта шуд: «Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст.

Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст». Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ғамхорӣ ва сиёсати маорифпарваронаи хеш баён доштанд, ки «бунёди миллат-аз маориф оғоз меёбад». Пас мо аҳли илму адабро зарур аст, ки ба бунёди миллати хеш ва мақому манзалати илми тоҷик фаъолияти назаррас дошта бошем.

Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор иншоотҳои таълимӣ дар кишварамон ба истифода дода шудаанд, ки баҳри беҳбудии ин соҳа заминаи мусоид фароҳам овардааст. Масъалаи мазкур бори дигар зери таваҷҷуҳи Президенти кишварамон қарор гирифта, ҳар сол даҳҳо муассисаҳои томактабии давлатию хусусӣ барои насли хурдсол ба истифода дода мешаванд. Тамоми ин бунёдкорӣ ва ташаббусҳои созанда дар ин соҳа баҳри баланд гардидани сифати таълиму тарбияи толибилмон ёрии бештар мерасонад. Фароҳам овардани шароити хуби замонавӣ дар муассисаҳои таълимии кишар ба ноилшавии омӯзгорону донишандӯзон ба илмҳои техникаву технология ва забономӯзӣ кумак мерасонад. Дар чанд соли гузашта донишмандону муҳаққиқон ва хонандагону донишҷӯёни кишвар дар семинару ҳамоишҳои илмӣ, озмуну конфренсияҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона дошта, обру ва нуфузи миллату давлатро боз ҳам баланд бардоштанд.

Албатта афзоиши аҳолии кишвари мо рӯз то рӯз ба назар мерасад ва теъдоди ҷавонон низ афзоиш ёфта, ҳар сол ҳазорон хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ба муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ ва олӣ дохил мешаванд. Ҳамин мавзуъ дар Паёми навбатӣ чунин баён ёфтааст: «Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.

Тибқи дурнамо, ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад».

Ҳамчунин, дар Паём таъкид гардид, ки ба масъалаҳои забономӯзӣ ва технологияи иттилоотии тамоми донишандӯзони муассисаҳои таълимии кишвар диққати ҷиддӣ дода шуда, сифати таълими фанҳои мазкур боло бурда шавад. Забондонӣ чун масъалаи асосии пешравии илму дониш ва касбу ҳунар барои ҳар фард боқӣ мемонад. Зеро новобаста аз шакли таҳсил ҳар фард бояд донандаи ду забони хориҷӣ бошад. Беҳуда нагуфтаанд: «Забондонӣ ҷаҳондонӣ аст». Аз ин рӯ, ин мушкилӣ азхудкунии забонҳои хориҷӣ то кунун на дар ҳама муассисаҳои таълимии кишвар ба таври пурра дасрас гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар давоми чанд соли охир доир ба тавсиа ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маорифи кишвар аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус дода шудааст. Аз ҷумла, «солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидааст. Таваҷҷуҳ ба илмҳои мазкур ин мувофиқ кардани дастовардҳои илмию техникии кишвар ба талаботи давру замони муосир мебошад. Аз ин рӯ, барои боз ҳам ҳавасмандгардонӣ ба илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» эълон гардида, Пешвои миллат дар Паёми гузаштаашон иброз доштанд: «Умедворам, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд» Дар солҳои қаблӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»– ро роҳандозӣ карданд, ки зимни амалӣ гардидани он истеъдоду донишҳои заминавии қишри ҷомеа муаррифӣ гардида, мардум ба китобу китобхонӣ бештар ҷалб шуданд.

Илму дониш гавҳари гаронарзиши инсон ба шумор рафта, рушду ташаккул ёфтани навгониҳои ҷомеаи инсониро фаро мегирад. Бузургони гузашта ба мақому манзалати илму дониш хеле баҳои баланд додаанд. Чунончи, Ҳаким Носири Хусрав гуфтааст:

Тан ба ҷон зиндаасту ҷон зинда ба илм,

Дониш андар кони ҷонат гавҳар аст.

Ҳамин тавр, аз нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки соҳаи илму маорифи кишвар масъалаи муҳиму афзалиятноки Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, мо аҳли илму маориф вазифадорем, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии наврасону ҷавонон дар самти саноату технология, иттилооту коммуникатсия, сиёсату иқтисодиёт ва фарҳангу тамаддуни миллӣ фаъолияти назаррас дошта бошем.

Тошзода С.Ҳ.- н.и.п., сармутахассиси шуъбаи магисратураи ДМТ

Ғаюбов Р.Б.-н.и.б., муаллими калони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М.