ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР СОҲАИ ОБ

419

…Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз пешниҳоду ташаббусҳои Тоҷикистони азизи моро доир ба Ҳалли мушкилоту масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад. Мо бояд аз ин ватани озод ва аз ин давлати соҳибихтиёр шукрона кунем ва неъмати бузурги соҳибватану соҳибдавлатро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем…”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистони азиз дар зарфи 32 соли истиқлолият дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои мутараққии олам касб намудааст. Лозим ба тазаккур аст, ки ҳамаи пешравию муваффақиятҳои назаррас маҳз бо ибтикор ва пеш аз ҳама тавассути заҳмату талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд ва ба вуқуъ пайвастанд. Таҳти сарварии хирадмандонаи ин абармарди бузург кишвари соҳибистиқлоли моро дар арсаи олам ба хубӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори ғояҳои башардӯстона ва ҳамгироёнаи масоили обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист эътироф гардидаанд ва маҳз дар заминаи ташаббусу пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид нуҳ қатънома қабул кардааст. Аз ин рӯ, андешаҳои Пешвои муаззами миллат оид ба мушкилоти об, иқлим, экология, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист, ки дар асоси арзишҳои муосиру дақиқи илмӣ баён ва пешниҳод гардидаанд, заминаи хубе барои омӯзишу пажӯҳиши оянда мебошанд.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрўву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳони ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшад. Ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмуъ рушди устувор саҳми арзанда гузоштаанд.

Сар карда аз соли 2000 то инҷониб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Асамблеяи генералии СММ 7 қарордод вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд.Маҳз аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст.

Бояд қайд кард, ки дар мамлакатамон 947 дарёе, ки аз 10 км дарозӣ доранд, 1449 кӯлҳои хурду калони табиӣ, ки масоҳати онҳо ба 705 км (0,5 фоизи қаламрави кишвар) мерасад. Ҳаҷми ҳамаи оби кӯлҳо 46,3 км мебошанд. Аз ин 19,3 км-и он оби нӯшокӣ мебошад, захираи умумии обҳои зеризаминӣ бошад, 18,7 км-ро ташкил медиҳад, масоҳати умуми пиряхҳо тақрибан 8,5 ҳаз. км буда, қариб 6 фоизи сарзамини ҷумҳуриро ташкил медиҳанд ва инчунин 200 чашмаҳои хурду калони табииву шифобахш мавҷуд мебошад.

Ҳар яки мо бояд ба қадри ин гуна неъматҳое, дар кишвари мо ҳаст, бирасем ва дар тозагии ҳифзи муҳити зист ва поку тоза нигоҳ доштани обҳои шифобахши Ватан саҳмгузор бошем ва ҳамеша сарҷамъу иттифоқ бошем.

Бузургони олам ҳамеша дар пайи беҳбудию ташаббусанд ва мекӯшанд то як фазои сабзу мунаввари зисту зиндагиро ба наслҳои ояндаашон ба мерос гузоранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи чунин шахсиятҳоест, ки ободии сайёра, фазои накҳатбор, чаман ва бунёди дунёи саршор аз меҳру садоқат шиораш аст. Ҳамин аст, ки бо чунин пешдастиҳои глобалӣ ва ғамхориҳои бағоят бузург дар самти об панҷ, ташаббуси ҷахониашон дар минбари бонуфузи СММ мавриди амал қарор гирифта, аз тарафи СММ пазируфта шуд.

Соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза (Эъломияи ҷаласаи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид аз 20.12.2000 таҳти №55/196) санаи 1-уми октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ҷомеаро барои андешидани тадбирҳои мушаххас дар ҳалли масоили об даъват намуд. Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сентябри соли 2000 Маҷмаи Умумии СММ дар Иҷлосияи 55-ум соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза эълон кард.

Метавон гуфт, ки бартараф накардани мушкилоти вобаста ба об омили асосии бархўрди қудратҳову тамаддунҳо шуда метавонад. Дар ин маврид як нукта мавриди зикри хос мебошад. Ин ҳам қобилияти дарки саривақтии ин мушкил ва пешниҳоди тадбирҳо ва талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Пешвои миллати тоҷикон ин мушкили глобалиро пештар ва бештар аз ҳама дарк кардаву ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид менамояд, ки «Ҳаҷми оби нушокӣ дар рӯи замин коҳиш меёбад, хатари пайдоиши «бӯҳронҳои обӣ» ба воқеият табдил меёбанд. Ҳама бояд фаҳманд, ки қимати об барои ояндаи устувор дар кишвар ва минтақа аз нафт, газ, ангиштсанг, дигар навъҳои сӯзишворӣ ва манбаҳои энергия камтар нест».

Шурўъ аз соли 2003, яъне замоне, ки аввалин маротиба Президенти Тоҷикистон дар мавриди эълони «Соли байналмилалии оби тоза» ташаббус нишон доданд, то ба имрўз ин мавзўъ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирӣ мешавад. Бояд эътироф намуд, ки ин иқдомоти Пешвои миллат боиси афзоиши нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ гардида, ўро ҳамчун як сиёсатмадори қавиирода, дурандеш ва инсондўст муаррифӣ намудааст.

Солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байнал-милалии амал «Об барои ҳаёт» (Эъломияи ҷаласаи 58-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид аз 23.12.2003 таҳти №58/217). Ин пешниҳод маротибаи нахуст дар Форуми сеюми ҷаҳонии об, ки рӯзҳои 16-23 марти соли 2003 дар шаҳри Киото (Ҷопон) баргузор шуд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид. Дар асоси Эъломияи Душанбе Маҷмаи умумии СММ 23 декабри соли 2003 Қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд.

Тоҷикистон аз рўи захираҳои об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Дар қаламрави кишвар тақрибан 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ќайд менамояд, ки «Яке аз проблемаҳое, ки имрӯз бисёр кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ мебошад. Хушбахтона, захираи об дар Тоҷикистони мо беохир аст ва мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем. Гузашта аз ин мо метавонем содироти оби зулоли худро ба кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монем ва аз ин даромади калон ба даст орем».

Бояд тазаккур дод, ки барои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» чанд ниҳоду механизмҳои муассир таъсис ёфтаанд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои байналмилалии марбут ба об нақши муҳим бозиданд. Яке аз механизмҳое, ки дар татбиқи даҳсолаи сипаришуда нақши калидӣ бозид, ин ниҳоди “СММ-Об” (ё ин ки “UN-Water”) мебошад, ки соли 2003 таъсис ёфтааст. Илова бар ин, соли 2009 дар Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон як ниҳоди хеле муассир ва муҳим бо номи Гурўҳи «Дўстони об» таъсис дода шудааст, ки айни ҳол зиёда аз 100 кишвари узви созмонро фаро мегирад. Ниҳоди мазкур дар муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба оби рўзномаи СММ нақши фаъол дорад.

Соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (Эъломияи ҷаласаи 65-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 20.12.2010 таҳти 65/154) дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об, ки 15-22 марти соли 2009 дар шаҳри Истанбул (Туркия) баргузор гардид, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20 декабри соли 2010 соли 2013-ро ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон намуд, ки аз ҷониби 190 кишвари олам дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфт.

Имрӯз зиёда аз 60%-и захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мавҷуд мебошанд. Аз ин хотир, ҷониби Тоҷикистон ҳамеша ба давлатҳои минтақа дар ин ҷода изҳори ҳамкорӣ менамояд. Пешвои миллат муҲтарам ЭмомалӢ РаҲмон зимни ирсоли Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат дар соли 2018 ќайд намуданд, ки «Сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи об, дар айни замон, ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ низ нигаронида шудааст. Мо омодаем, ки захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиати минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем. Такроран таъкид месозам, ки истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 миллиард метри мукаабро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ медиҳад».

Солҳои 2018-2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (Эъломияи ҷаласаи 71-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 25.12.2016 таҳти №A/C.2/71/L.12/Rev.1). Ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об, ки 12-17 апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгу-Кенгбук (Ҷумҳурии Корея) баргузор шуд, пешниҳод гардид. Дар баробар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарурати қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» диққат махсус дода, афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим ва инчунин, набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки обро аз омилҳое номиданд, ки ба норасоии об оварда мерасонанд.

Мақсади асосии эълон намудани даҳсола ин мусоидат ба талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои нави байналмилалии марбут ба об буд. Тибқи иттилои сарчашмаҳо, дар марҳилаи имрӯза қариб тамоми минтақаҳои дунё, ҳатто давлатҳои пешрафтаи Аврупо аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Мамлакати биҳиштосои мо дар баробари дорои пиряхҳои азим, кӯлҳои нодир ва обанборҳои зиёд буданаш макони дарёҳои зиёди обҳои мусаффо ва ошомиданӣ мебошад, ки ба гуфтаи мутахассисон, оби ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон аз рӯи тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ошомиданӣ эътироф гардидааст.Ёдовар бояд шуд, ки тибқи Қатъномаи СММ, ки моҳи июли соли 2010 қабул гардидааст, ҳар як инсон барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва маишии худ ҳуқуқ дорад дар як шабонарӯз аз 50 то 100 литр об дастрас намояд.

Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба об ва иқлим, ки 3 марти соли 2021 тариқи онлайн баргузор гардид, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд. Зеро Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки бинобар ифлосшавии атмосфера ва тағйирёбии иқлим аз солҳои шастуми асри гузашта ба суръати баланди обшавии пиряхҳо дар ҳудуди худ мувоҷеҳ аст.

Аз ҷумла, дар давоми якчанд даҳсолаи охири асри ХХ дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях, яъне тақрибан 30%-и пиряхҳо нобуд шудаанд. Масалан, танҳо пиряхи аз ҳама бузурги қитъавии Федченко дар ин муддат ба андозаи як километри мураббаъ хурд шуда, масоҳати он то 11 км2 кам гардид ва ҳаҷми яхи худро беш аз 2 км3 аз даст дод.

Илова бар ин, боиси хушнудӣ ва истиқболу сарфарозист, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд ва тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Яъне, қабули чунин қатънома шаҳодати идомаи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзӯи обу иқлим мебошад.

Мутаассифона, бо тағйирёбии иқлим ва аз меъёр зиёд гарм омадани солҳо дар ҷумҳурӣ обшавии босуръати пиряхҳо ба назар мерасид, ки ин омилҳо боиси нигаронии аҳли башар аст. Бояд зикр кард, ки манбаи асосии обҳои ҷумҳурии моро бевосита пиряхҳо ташкил медиҳанд. Бо обшавии бесобиқаи пиряхҳо ва инчунин камбориш омадани солҳои охир кам шудани сатҳи оби дарёҳои бузурги ҷумҳурӣ ба назар расид, ки ин боиси нигаронист.

Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ҳамагӣ 11% масоҳати Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, вале ҳудуди он 65% захираи оби ҳавзаи минтақа маскан гирифтааст. Ба ин пеш аз ҳама мавқеи географӣ, хусусиятҳои иқлимӣ, релеф, сатҳи ҷойгиршавӣ ва дигар омилҳои табиӣ сабаб гардидаанд. Аз 115,6 км оби ҳавзаи баҳри Арал қариб 90% – и он аз ҳудуди Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷорӣ мегардад. Саҳми Тоҷикистон дар ташаккулёбии гидрографияи Осиёи Марказӣ хело бузург аст. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки алайҳи ин таҳдидҳои бесобиқа нисбати табиат бетарафӣ зоҳир накарда, баръакс баҳри пешгирии ин омили хатарзои ҷомеа чораҳои мушаххасро рӯйи даст гиранд, то дар оянда ин омилҳо боиси харобии табиати мунаввари мо нагардад.

Декани факултети биология, дотсент Кароматуллои Қ.