ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

387

Дар факултети биология дар доираи нақша-чорабиниҳои Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Садорати факултети биология дарси кушоди тарбиявӣ доир гардид, ки дар он муовини декан оид ба тарбияи факултети биология Доруев Ф.Я. дар мавзуи ​ “НАҚШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН” баромад намуд.

Дар дарси кушод донишҷӯёни курсҳои 2-уми ихтисоси биология факултети биология ширкат намуданд.

Устод дар баромадашон доир ба ​ аҳамияти Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат ​муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, доир ба стратегия ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалиятҳо, дастуру супоришҳо, муроҷиату миннатдориҳо, эълони “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, таҳлилу ояндабинҳо, ҳушдордиҳӣ аз авзои ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар нуктаҳои онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.