МАОРИФ – МАСЪАЛАИ КАЛИДИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

359

«Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Паёми имсола дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш ҳидоят менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба тамоми соҳаҳо диққати махсус зоҳир намуда, фаъолияти соҳаҳои мухталиф аз ҷумла маорифро бо мисолҳои дақиқу мушаххас шарҳ дод. Пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи соҳаи маориф, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.

Чунон ки баръало мушоҳида мешавад, Пешвои миллат ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ диққати махсус дода, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат дастгирӣ менамоянд. Маҳз натиҷаи ин дастгирию ғамхориҳои Президенти мамлакат ба соҳаи маориф ва тандурустӣ буд, ки имрӯзҳо сатҳи саводнокӣ миёни аҳолии калонсол рушд карда, дарозумрӣ боло рафт.

Аз нуктаҳои Паёми Роҳбари давлат бармеояд, ки дар соли равон низ соҳаи илму маориф ва тарбияи насли ҷавон дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олӣ қайд намуданд, ки: «Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.

Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад.

Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.

Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст.

Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст. Зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад».

Соҳаи маориф зербинои асосии пешрафти ояндаи давлату миллат буда, дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимиву илмӣ ва тарбиявию ҷамъиятӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот барои омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи рақобати бозори меҳнат таъсири бевосита мегузорад.

Пешрафти ояндаи давлат аз кӯшишу ғайрати омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи дурусти насли наврас, дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобастагии беандоза дорад. Ҳар чӣ қадар мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд ва зиндагии иҷтимоии беҳтар дошта бошад, ҳамон андоза дар таълиму тарбияи насли наврас хизмати содиқона анҷом медиҳад.

Ҳавасмандкунии онҳо ба фаъолияти босифати кори онҳо вобаста буда, он ба болоравии сифати таълим муосидат менамояд.

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш таклиф намуданд, ки аз моҳи июли соли 2024 дар ҳаҷми 40% музди меҳнати омӯзгорон баланд бардошта шавад. Умед аст, ки чунин иқдому дастгирӣ ба беҳтар гардидани фаъолияти омӯзгорон ва сатҳу сифати таълиму тарбия таъсир хоҳад расонд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олӣ ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ ба вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дастуру супоришҳо доданд. Инчунин, ба Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, вазифадор карданд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Лозим ба ёдоварист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба вазорату идораҳои дахлдор дар самти маориф оид ба роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисос, таҳияи татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат», «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, амалисозии лоиҳаи муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Бе кадрҳои баландихтисос ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳ рушди минбаъдаи давлат ва боз ҳам боло бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номумкин аст. Бинобар ин Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш ба масъалаи таълиму тарбия, забондониву донистани технологияи муосир таъкидҳои махсус намуданд.

Воқеан, саҳми омӯзгорон дар рушди соҳаи маориф бисёр назаррас буда, хизмати содиқонаву пурмасъулияти онҳо дар тарбияи кадрҳои ояндасози миллат, пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар умум ба рушди устувори кишвар ва боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.

Кароматуллои Қурбоналӣ н.и.б. дотсент, декани факултети биологияи ДМТ