ҲАМКОРӢ ВА ЧОПИ МАҚОЛАҲОИ СКОПУС АЗ ҶОНИБИ УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТИ БИОЛОГИЯ ВА ФИЗИКАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БО МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ ВА ДОНИШГОҲҲОИ ХОРИҶӢ АЗ ҶУМЛА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

257

Гироиш ба маънавиёт, рағбат ба таҳсили илм, кушиши соҳиб гардидан ба касбу ҳунар ва пешаи арзандае, ки инсониятро ба суи шоҳроҳи саодати азали роҳнамун месозад, дар замири ҳар фарди соҳибақлу солимфикри ҷомеаи мутамаддин дар ҳамаи давру замонҳо новобаста ба вазъи сиёсию ичтимоии ҷомеаи инсони вуҷуд дошта, омили асосии таҳрику рушди бани башар гардидааст.

Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки инсон давра ба давра равзанаҳои нав ба нави донишро пешоруи худ боз намояд ва андухтаҳои хешро аз саҳифаҳои рузгор барои хушбахтии наслҳои оянда дар авроқи китобҳо абади сабт созад. Аз ин ҷост, ки мақому манзалати таърихии мактабу маориф дар рушду такомули тамаддуну фарҳанг боло рафта, олимону донишмандон ва фарҳехтагони илму фарҳанг чун барандагон ва афрузандагони машъали илму дониш барои бахту саодати инсони хидматҳои шоиста анҷом додаанд.

Соҳиб гардидан ба Истиқлолият ва беш аз пеш то кунун рушду таҳким ёфтани соҳаҳои илм ва мактабу маориф дар кишвари маҳбубамон неруи бузурги маърифатпарварӣ, созандагӣ, ободкори ва сиришти азаливу таърихии миллати шарафманди тоҷик ва мардуми Тоҷикистонро собит намуд.

Тоҷикистони азиз дар зарфи 32 соли истиқлолият дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои мутараққии олам касб намудааст. Лозим ба тазаккур аст, ки ҳамаи пешравию муваффақиятҳои назаррас маҳз бо ибтикор ва пеш аз ҳама тавассути заҳмату талошҳои зиёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд ва ба вуқуъ пайвастанд. Таҳти сарварии хирадмандонаи ин абармарди бузург кишвари соҳибистиқлоли моро дар арсаи олам ба хубӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳони ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшад. Ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмуъ рушди устувор саҳми арзанда гузоштаанд.

Сар карда аз соли 2000 то инҷониб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Асамблеяи генералии СММ 7 қарордод вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд.

Имрузҳо факултети биология ва физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои хориҷӣ аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкориҳои хело хубро бароҳ монда зери муалифии I. Sh. Normatov, V. V. Goncharuk, Karomatulloi Kurbonali, ва R. Andersonc мақолаи навбатӣ бо забони англисӣ зери номи «Influence of Natural Water Hydrochemistry in the Vakhsh River Basin on the Water—Salt Regime of the Irrigated Agricultural Land» дар маҷалаи Скопус аз чоп баромад.