ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲОМИИ СУЛҲУ СУБОТ

288

Ҳамасола дар кишвари озоду соҳибихтиёри мо 16- ноябр ҳамчун рӯзи Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати беандоза таҷлил мегардад. Маҳз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати созандаву бунёдкоронаи худ дар барқарорсозии сулҳу субот ва таъмини амнияти бехатарӣ дар кишвар мақоми басо бузургро соҳиб аст. Албатта хизматҳои таърихии ин абармарди сиёсати ҷаҳонӣ дар ин замина қобили таҳсин аст. Зеро мо шоҳид аз он ҳастем, ки 31 сол муқаддам дар кишвари мо бо сабаби гурӯҳои алоҳидаи мухолифин бисёр ба як вазъияти басо муташаниҷ рӯ ба рӯ гашт. Танҳо Эмомалӣ Раҳмон бо иродаву матонати ватандӯстонаи хеш тавонист кишваро аз чунин вазъият наҷот бахшад. Мусалам аст, ки дар таърихи давлатдории мо шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳам овардани сулҳу субот ва ягонагиву осоиштагӣ қобили таҳсин аст. Маҳз бо талошу заҳматҳои ин абармарди миллат дар фазои ҷангзадаи кишвари Тоҷикистон ваҳдату ягонагӣ барқарор гардид. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айёми басо мудҳиши даргириҳои ҷанги дохилӣ ва муваффақ шудан ба пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми ҷафодидаи тоҷик сарнавиштеро сохт, ки ҳама гуна даргириҳои мусалаҳона дар кишвар ба кулӣ поён ëфт.

Натиҷаи талошҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҳисси ватандустонаву хештаншиносӣ, давлатдориву давлатсозӣ тавонист кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари нотакрори сулҳофар муаррифӣ намояд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи сиёсии хеш моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд изҳор дошт, ки баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам. Воқеан ҳам Пешвои миллат бо иродаи тавонои худ тавонист дар як муддати кӯтоҳ кишваро аз оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ наҷот бахшида, сулҳу суботи комилро дар кишвар фароҳам оварад. Боиси зикри хос аст, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини фаъолияти хеш баҳри пойдории сулҳу субот дар кишвар иқдомҳои созандаро пеш гирад. Бо заҳматҳои барҷастаи ин абармарди олами сиёсат ҷанги шаҳрвандӣ қатъ ва сулҳу субот дар мамлакат барқарор шуда, тамоми гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан, ба ҷои доимии зисташон баргаштанд. Маҳз дар кишвар иттиҳоду якпорчагии мамлакат таъмин шуд ва хатари парокандашавии мамлакат барои доимӣ аз байн рафта, дар кишвар ислоҳоти сиёсӣ сурат гирифт, Конститутсияи мамлакат, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ қабул шуд, гуногунандешии сиёсӣ ба вуҷуд омад, ҳизбҳо ва ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ озодона фаолият менамоянд, арзишҳои демократӣ торафт густариш ёфта обрӯву нуфузи байналхалқии Тоҷикистон дар ҷаҳон муаррифӣ гардид. Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат устувор гашта, арзиши миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ ҷорӣ шуда, барои тамоми хулқу миллатҳои сокини Тоҷикистон фазои дӯстию бародарӣ ва зиндагии осоишта фароҳам оварда шуд. Маҳз аз ҳама ҳуҷҷати муҳим созишномаи оштии миллӣ ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бо нерӯҳои иттиҳоди мухолифин дар мақомоти давлатӣ ва ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт вусъат ёфт. Дар мамлакат амиқи иқтисодӣ суръат гирифт, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ вусъат ёфт, раванди ислоҳоти иқтисодӣ аз ҷониби созишномаҳои бонуфузи байналмилалии моявӣ эътироф шуда, барои ба мамлакат ворид шудани инвеститсияҳои хориҷӣ шароит муҳайё гардид;

ДОРУЗОДА Файзулло – муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ факултети биология