НАҚШИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО» ДАР БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДИИ ШАҲРВАНДОН

392

То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.

Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таъриху маданият ва фарҳанги қадимаи бою ғанӣ дорад, ба монанди осорҳои хаттию илмӣ, санъат, меъморӣ, шаҳрсозӣ, анъанаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар тўли ҳазорсолаҳо аҷдодони бохираду дурандеши мо урфу одати миллии худро нигоҳ дошта, ҳифз намуданд, ки он бо ҳазорон монеаҳо дучор гардида, ҳам дар шакли хаттӣ ва ҳам дар шакли шифоҳӣ ба мо ба мерос мондааст. Ин арзишҳои миллии мо ба шумор мераванд.

Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд.

Мардуми мо, мутаассифона, ҳанӯз аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо бехабар буда, аксарияти онҳо ҳангоми иҷрои расму оинҳои диниву миллӣ, масалан, маросимҳои марбут ба эҳтироми арвоҳи гузаштагон, хатнасур, ҷашни хонадоршавӣ ва монанди инҳо ба сарфи маблағҳои ҳангуфт роҳ медиҳанд.

Барои дарк кардани нақши бузурги иҷтимоиву иқтисодии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», қабл аз ҳама мо бояд вазъи татбиқёбии анъана ва ҷашну маросимҳои сершумори милливу динии тоҷикон дар солҳои охирини замони шӯравӣ ва давраи то қабул шудани ин қонун дар замони истиқлолиятро ба хотир оварем. Масалан, чӣ тавре ки дар хотир дорем, дар он даврони сипаришуда анъана ва ҷашну маросимҳои милливу динӣ ба ҳадде зиёд буданд, ки мардум намедонист кадоме аз онҳоро иҷро кунад.

Илова бар ин, баъзе анаъна ва ҷашну маросимҳо бо унсурҳои зиёди хурофотӣ ва бо дину фарҳанги миллии тоҷикон бегона то ҳадде олуда шуда буданд, ки аз ҳам ҷудо кардани унсурҳои худӣ ва бегона, зарурӣ ва нолозим дар таркиби онҳо хеле мушкил буд.

Инчунин, аксарияти кулли анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо бетартибона татбиқ мешуданд. Ҳатто, бархе аз онҳо, масалан, ҷашни хонадоршавӣ, барои бархе аз мардуми доро ба як маъракаи худнамоӣ табдил ёфта буданд. Масалан, дар ҷашнҳои арӯсӣ истифодаи теъдоди зиёди мошинҳо, бо маблағи калон даъват намудани сарояндаҳои номдор, харҷи зиёди анвои нӯшокиву хӯрок, пулчаспониҳо ба ҳукми анъана даромада буданд, ки аслан ба ғайр аз намоишкорӣ ва исрофкории бемаънӣ маъно ва моҳияти дигаре надоштанд.

То қабули қонун маросимҳои мотаму азодорӣ низ тадриҷан моҳияти аслии худро гум карда, дар бисёр маврид хароҷоти онҳо аз хароҷоти ҷашни хонадоршавӣ камтар не, балки зиёдтар буд. Зери ин намоишкориҳо бошад, миёни хамзадаи соҳиби маърака ва қарзҳои гирифтаи ӯ ноаён мемонд. Танҳо пас аз гузаштани маърака камбағалию тангдастӣ якҷо бо дигар мушкилиҳои рӯзгор бо соҳибхона даст ба гиребон мегардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба оқибатҳои бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳувият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҳушдор додааст. Чунки фарҳанг ифодагари руҳи миллӣ, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар ҳалқу миллат аст, дар навбати худ муҳофизаткунандаи муҳит низ мебошад.

Зарурати дигари қабули қонун ин зиёдгардии маросимҳои барои фарҳанги мо бегона ба ҳисоб меравад. Чунки анъанаву маросимҳо ҷузъи фарҳанги ҳар як умумияти этникӣ ба ҳисоб рафта, миллатҳоро аз ҳам фарқ мекунонад. Ҳар як миллатро тавассути унсурҳои фарҳанги миллии худ мешиносанд. Қонун номгӯйи маросимҳои хусусияти миллӣ ва динидоштаро нигоҳ дошта, аз маросимҳои характери хурофотидошта ва барои фарҳанги мо бегона даст кашид.

Ҳамзамон ёдовар шудан бамаврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавон нақши мусбат гузошта истодааст.

Ҳангоми қабули қонун шахсони ваколатдор ва мутасаддӣ кӯшиш намуданд, ки анъана ва ҷашну маросимҳои характери миллӣ доштаро аз маросимҳои аз фарҳанги миллатҳои ғайр ба мо ворид гашта ҷудо намоянд. Масъалаи асосие, ки ин ҷо қайд кардан лозим аст, ин аст, ки бо назардошти он ки зиёда аз 96 фисади аҳолиро мусалмонон ташкил медиҳанд ва аз ин лиҳоз ҳангоми қабули қонун баъзе падидаҳои хурофотие, ки аз дини ислом ва махсусан пайравони мазҳаби ҳанафия бегона буданд, ба назар гирифта шудаааст. Яъне қонун дар асоси талаботи мусалмонони кишвар таҳия ва қабул гардида, бо таълимоти мазҳаби ҳанафия ягон ихтилоф надорад. Баръакс анъанаву маросимҳое, ки хусусияти хурофотӣ доштанд аз байн бурда шуда, баргузории баъзеи онҳо комилан манъ гардид.

Аз ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки қонуни мазкур як зумра ҷашну маросим ва анъанаҳои бемаъниро, ки аслан барои фарҳанги милливу динии мо бегона буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гаштаанд, аз байн бурд ва маросимҳои соф миллиро дар худ нигоҳ дошт.

Нуров Умедҷон Ҷалоловичн.и.б., дотсенти кафедраибиохимияи факултети биологияи ДМТАсоев Сайёд Эмомалиевич,Ассистенти кафедраи биохимияифакултети биологияи ДМТ