БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ САРПАРАСТОН

380

Санаи 11.11.2023 дар факултет бо иштироки декани факултет, дотсент Кароматуллои Қ., раиси шурои сарпарастони донишгоҳ Ашуров И., муовини декан оид ба тарбия Доруев Ф.Я., раиси шурои кураторони факултет Ғаюбов Р.Б. ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ ҷаласа баргузор гардида дар он масъалаҳои мубрам барасӣ карда шуд.

Қайд гардид, ки шурои сарпарастони факултет фаъолияти худро дар самти тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, шарҳу тафсири нутқу маърӯзаҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳои ректори донишгоҳ, гузаронидани соатҳои тарбиявӣ анҷом дода истодаанд. Фаъолияти кураторони гурӯҳҳои академӣ яке аз самтҳои асосии таълиму тарбия буда, дуруст ба роҳ мондани он омили асосии тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии сарпарастони гурӯҳҳои академӣ аз он иборат аст, ки дар вуҷуди ҷавонон ва шогирдон ҳисси миллӣ, ташакукули инсони комил, соҳиби Ватан, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқи фарҳангиро бедор созанд.

Сипас аз ҷониби декани факултет, дотсент Кароматуллои Қ., ва раиси шурои кураторони донишгоҳ Ашуров И. оид ба иҷрои Кодекси одоб, Низомномаи комиссияи одоб, Стратегияи рушди тарбия-2, Стратегияи хизмат ба ҷомеа-2, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дода шуд.