Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меоварад.”
Эмомалӣ Раҳмон
Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол сипарӣ мешавад. Ин санади ҳуқуқии сарнавиштсоз дар муайян намудани сиёсати ҳуқуқӣ ва асосҳоисохтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти давлатӣ, ба танзим даровардани фазои ҳуқуқии кишвар ва аз ҳама муҳим, нигоҳдошти якпорчагии давлатамон нақши хело бузург дорад. Маҳз дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон мустаҳкам гардидаанд. Тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма мегиранд ва ба он бояд мувофиқ бошанд.Бо соҳибихтиёр гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад ва дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ барои таҳияи лоиҳаи он бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи махсус таъсис дода шуд. Комиссия таҷрибаи ҳуқуқии даврони шуравӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии байналхалқиро омӯхта, бо назардошти иродаи мардум, талаботи нави ҷомеа, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Маҳз қабули саривақтии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари аз байн рафтани кишвар ва миллати моро пешгирӣ намуд, асосҳои сохтори давлатӣ муайян гардиданд ва барои танзими паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ санадҳои меърӣ-ҳуқуқии зарурӣ қабул шуданд. Бо шарофати ин санади тақдирсоз пояҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон мустаҳкам гардиданд ва барои расидан ба Ваҳдати миллӣ замина гузошта шуд.
Ҷомеа пайваста дар ҳолати тағйироту рушд аст, давра ба давра талабот ва муносибатҳоинави иҷтимоӣ ба миён меоянд. Зарурати қонеъ гардонидани талаботҳо ва муносибатҳои нав ба Конститусия ворид намудани тағйироту иловаҳоро талаб менамояд. Бо ин мақсад, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тағйироту иловаҳо ворид гардида, сифати ҳуқуқии он боз ҳам беҳтар гардид.
Дар Конститутсия муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоӣ инъикос ёфтаанд, ки сиёсати иҷтимоии давлатро муайян мекунанд. Аз ин сабаб, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва шуғлмандии аҳолӣ аз соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Мувофиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Ҳуқуқ ба ташкили оила (моддаи 33), ҳуқуқ ба меҳнат (моддаи 35), ҳуқуқ ба манзил (моддаи 36), ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ (моддаи 38), ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (моддаи 39), ҳуқуқ ба таҳсил (моддаи 41) ва ғайраҳо ба шаҳрвандон сатҳи зиндагии арзанда ва дастрас намудани арзишҳои моддию маънавии ҷомеаро таъмин менамоянд.
Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир дарки моҳияти Конститутсия, сатҳи шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Мувофиқи таҳқиқотҳои сотсиологӣ сатҳи шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон дар маҷмуъ қаноатмандкунанда нестанд. Аксарияти аҳолӣ дар сатҳи кофӣ мазмуни Конститутсияро дарк намекунанд ва бо ин сабаб, дар ҳолатҳои зарурӣ аз муқаррароти он истифода бурда наметавонанд. Як сабаби каҷрафторӣ ва гаравиши баъзе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ маҳз паст будани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва надонистани мазмуну моҳияти Конститутсия мебошад.
Тадқиқотҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки баъзе аз шаҳрвандон бо сабаби паст будани сатҳи шуур ва маданияти ҳуқуқӣ барои расидан ба мақсадҳои хеш мубориза бурда наметавонанд, мухтору масъулиятшинос нестанд, худро оҷизу нотавон эҳсос менамоянд ва аз ин ҳолати онҳо гурӯҳҳои манфиатдор моҳирона истифода мебаранд. Аз ин рӯ, тарбияи ҳуқуқии шахс, баланд бардоштани сатҳимаърифат, шуур ва маданияти њуќуќии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳими омӯзгорон, аҳли зиё ва мақомоти масъули давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Баланд бардоштани сатҳи шуур ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон барои эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамоянд. Конститутсия муқаддасоти миллӣ буда, ҳар яки мо бояд онро донем, эҳтиром намоем ва бо роҳнамоии он зиндагӣ кунем.
Ёров Ҳамшод, донишҷӯи курси 3 юми факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон