Конститутсия ҳуҷҷати ҳуқуқи мебошад, ки асосҳои сохтори давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян намуда, ҳамзамон дар ҳуҷҷати сиёсӣ мебошадба, ки муносибатҳои сиёсиро дар ҷамъият танзим менамояд. Конститутсия ҳуҷҷати таърихӣ буда,новобаста аз търиху давлат асраи чандин дар шакл ва мазмуни ирўзаи худ зиёда аз ду аср амал мекунад. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои умумии ҳуқуқро мустаҳакам намуда, дар таърихи башарият маҳз конститутсияҳо сарчашмаи дигаргуниҳои сиёсӣ-ҳуқуқи рушди ҷамъият гаштааст.
Пайдоиш ва инкишофи Конститутсияи Тоҷикистон бошад ба барпоёбӣ ва ташаккули давлати миллии тоҷикон алоқаманд буда, панҷ марҳиларо аз сар гузаронидааст. Давлати миллии тоҷикон мувофиқи қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ аз 27-уми октябри соли 1924 дар ҳайати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Ӯзбекистон рӯи кор омад.
Марҳилаи якум: Баъди ташкилшавии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалисии Тоҷикистон масъалаи тайёр кардани Конститутсия ба миён омад. Анҷумани Шурои Тоҷикистон баробари ташкили КИМ-и Тоҷикистон ба ў супориш дод то, ки Анҷумани оянда Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистонро тайёр намояд. Анҷумани дуюми ҶМШС Тоҷикистон 28-апрели соли 1929 Конститутсияи аввалини ҷумҳуриро қабул кард, ки он мувофиқи Конститутсияи ИҶШС соли 1924 ва Конститутсияи ҶШС Ӯзбекистон соли 1927 тайёр карда шуда буд.
Марҳилаи дуюм: Вале дере нагузашта аз тарафи Анҷумани сеюми шуроҳо зарурият оид ба ташкил намудани Ҷумҳури Иттифоқи Тоҷикистон ба миён омад ва ба санадҳои Анҷумани фавқулодаи шуроҳои Тоҷикистон 16-уми октябри соли 1929 қарор дар бораи ташкил ёфтани ҶИТ қабул карда шуд. Аз ҷумҳурии мухтор ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи дурахшон мебошад. Баъди ташкилёбии ҶИТ масъалаи аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим даровардани вазъи конститутсионии он пеш омад. Дар қарори Анҷумани сеюми шуроҳои Тоҷикистон дар бораи ташкилёбии ҶИТ ба КИМ супориш дода шуд, ки Конститутсияи ҶИТ-ро тартиб дода, барои қабул пешниҳод намоянд. Анҷумани 4-уми шуроҳои Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳодгардидаро муҳокима карда, онро тарафдорӣ намуданд ва он бо қарори худ 25-уми феврали соли 1931 Конститутсияи аввалини ҶИТ-ро қабул кард. Конститутсияи соли 1931-и Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон давраи гузариш аз капитализм ба сотсиализмро ифода намуд. Аз ин рў, дар мавриди ғалабаи сотсиализм дар Тоҷикистон зарурияти тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсия ба миён омад.
Марҳилаи сеюм: Дар натиҷаи зарурати ба миён омадаи ИҶШС Конститутсияи нав қабул кард. Дар замимаи Конститутсияи ИҶШС аз соли 1936 дар Анҷумани 6-уми фавқулодаи Шуроҳо 1-уми марти соли 1937 Конститутсияи ҶШСТ қабул гардид, ки он моҳиятан ба Конститутсияи иттифоқӣ монанд буд ва дар он давраи ғалабаи пурраи сотсиализм ифода ёфт. Конститутсия 41 сол амал кард, ки дар ин муҳлат ба он тағйиру иловаҳои зиёд ворид карда шуд. Дар ин давра дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандон ба вуҷуд омаданд.
Аз ин рў, масъалаи қабули конститутсияи нав бамиён омад. Марҳилаи чорум: Санаи 15-уми июли соли 1977 иҷлосияи 7-уми ғайринавбатии Шурои Олии ҶШСТ комиссия оид ба тайёр намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Тоҷикистонро омода намуд. Лоиҳаи Конститутсия 19-ҳуми марти соли 1978 барои муҳокима нашр ва пешниҳд гардид, аз 14-уми апрели соли 1978 аз тарфи иҷлосияи 8-уми ғайринавбатии Шурои Олии ҶШСТ даъвати 9-ум Конститутсияи 4-уми ҶШСТ-ро қабул намуд, ки он аз 10 фасл 19 боб 174 модда иборат буд.
Марҳилаи панҷум: Аммо пас аз гузаштани 12-соли қабули Конститутсияи соли 1978-и ҶШСТ дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ИҶШС баҳсу муноқишаҳо нисбати бекор кардани мавқеъи Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ бавуҷуд омад, ки дар ҳамон давраҳо вазъи сиёсӣ ва идоракунии давлат бо суръат тағйир меёфт, ки ҳатто баъзе аз шахсони мансабдори аъзо бехабар мемонданд. Баъд аз дигар гун гаштани вазъи сиёсӣ дар ИҶШС ва меъёрҳои Конститутсияи он ба тақдири Конститутсияи ҶШСТ ва ҳаёти сиёсии он бетаъсир намонд ва дар натиҷа зарурати омода намудани лоиҳаи Конститутсияи нав ба миён омад.
Қадами аввал барои амали гардонидани мақсадҳои дар боло зикргардида, қабули Эъломияи истиқлолияти ҶШСТ аз 24-уми августи соли 1990 гардид. Аммо идомаи кори тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон бинобар барҳам хурдани ИҶШС мавқуф гузошта шуд.
Чи хеле, ки ба ҳамаи мо маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидааст. Конститутсияе, ки 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид, дар ҳақиқат бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофати он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушод ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд. Дар асоси меъёрҳои Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Аз ин сабаб, тақвият бахшидан ба таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг яке аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат ба шумор меравад. Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Бо бовари метавон гуфт, ки 29 солагии рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерўи тоза мебахшад.
Азимов М.Л. дотсенти кафедраи экологияи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.