МАСЪАЛАҲОИ ОМӮЗИШ ВА ҲИФЗИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

358

Санаи 12.10.2023 бо дастгирии Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи кафедраи зоологияи факултети биологияи ДМТ, конференсияи ҷумҳуриявии илмиву амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои омӯзиш ва ҳифзи олами ҳайвонот» бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)” ва «75 солагии таъсисёбии кафедраи зоологияи ДМТ» баргузор гардид.

Дар кори конференсия олимону муҳакқиқон аз Кумитаи ҳифзи муњити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, омўгорон аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии Данѓара иштирок намуданд.

Дар рафти конференсия масъалаҳои муҳими илми зоология баррасӣ ва муҳокима гардиданд. Қайд карда шуд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ сиёсати дурандешона ва мақсаднок амалӣ менамояд.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи мавзеъҳои обию –ботлоқӣ» «Дар бораи ҳифзи намудҳои ҳайвоноти ваҳшии кӯчанда» ба имзо расидаанд. Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2015, № 112 ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Миллали Мутаҳид «Дар бораи савдои байналмилалиии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта» (СITES) ҳамроҳ гаштааст. Ҳамзамон таҳияи нашри сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст.

Сипас, дар бахши пленарӣ тибқи барномаи конференсия оид ба фаунаи зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ, таърихи кафедраи зоология дар зарфи 75 сол ва дастовардҳои он, нақши Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифз ва нигаҳдории гуногунии биологӣ ва паҳнкунандаҳои бемориҳои трансмисиввӣ дар Тоҷикистон маърузаҳо шунида шуд.

Дар идомаи конференсия иштирокчиёнӣ конференсия оид ба дурнамои таҳқиқотҳои зоологӣ дар Тоҷикистон, ҳолати кунунии фаунаи минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, таснифоти муосири ҳайвонот, ҳифз ва нигаҳдории намудҳои нодир ва дар ҳадди нестшавӣ қарордоштаи Тоҷикистон, нақши ҳайвонот дар табиат ва ҳаёти инсон суханронӣ намуда, фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Дар муҳокимаи маърузаҳои конференсия профессорон Ташпулатов М.М., Сатторов Р.Б., дотсентон Исозода К.С., Шоев М.Ҷ. фаъолона иштирок намуда иброз доштанд, ки мавзуҳои интихобшуда актуалӣ буда, маълумотҳои нави илмиро дар бар гирифтаанд, ки барои пешрафти илми зоология ва раванди таълими ин фан муҳим мебошанд.

Дар охири ҷамъомад, декани факултет, дотсент Кароматуллои Қурбоналӣ мубоҳисаҳои дар кори конференсия баамаломадаро ҷамъбаст намуда, ба ҳозирин барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуд.