Имрӯз нимаи дуюми рӯз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети биология мулоқот намуд. Вохӯрии мазкур дар доираи силсилавохӯриҳои хеш баҳри натиҷагирӣ аз вохӯриҳои қаблӣ сурат гирифт.
Дар оғоз ректори донишгоҳ самтҳои таълим, илм, тарбия ва робитаҳои байналмилалии факултетро мавриди таҳлил қарор дода, ба ҳайати факултет дар самти беҳтар гардонидани самтҳои мазкур тавсияҳои судманд доданд. Зимнан баҳри амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва дар заминаи он ташкили гурӯҳҳои академӣ таҳсилашон бо забони англисӣ тавсия дод. Зикр шуд, ки дар партави ин ташаббус омода намудани мутахассисони донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, таҳияи дастуру китобҳои таълимӣ, ҷалби олимони хориҷӣ ниҳоят зарур мебошад.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки дар заминаи факултети биология ташкили гулхона ва вивария талаботи замон буда, ҷиҳати дар амал ҷори намудани ин андеша дарёфти грандҳо муҳим мебошад. Дар ҷараёни суҳбат ҷиҳати боз ҳам хубтар фаъолият намудани сохторҳои таркибии факултет садорат дастурҳои мушаххас гирифт.