МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДАВЛАТИ ҚАТАР

512

Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари ташаббускор ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.

Таҳқиқу таҳлилҳои пайвастаи раванди робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ-тиҷоратии кишварҳои мухталифи ҷаҳон чун давлатҳои араб, аз ҷумла Давлати Қатар бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ шарт ва зарур буда, кафолати бартараф гардидани камбудиҳо мебошад ва он заминаи рушди меҳварии онро фароҳам меоварад.

Тоҷикистон соли 1994 бо давлати Қатар робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд, вале он баъди сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар инкишоф ёфт ва рушд кард. Дар ҷараёни ин сафар як қатор ҳуҷҷатҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг ва ғайра ба имзо расиданд. Моҳи августи соли 2007 боздиди расмии ҷавобии амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар ҷараёни он дар баробари дигар созишномаҳо муоҳада дар бораи сохтмони як масҷиди бузург дар шаҳри Душанбе бо ҷалби сармоягузории Қатар ба имзо расид. Мутобиқи моддаи 11-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёри байналмилалӣ муайян менамояд. Муқаррароти моддаи мазкур эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлатҳои дигар, тасдиқи саъю кӯшишҳои Тоҷикистонро дар амалисозии сиёсати хориҷии худ бар асоси принсипҳои баробарии соҳибистиқлолии давлатҳо дар назар дорад.

Ҳамчунин дар ба амал баровардани сиёсати хориҷии худ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дахолат кардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо, истифода бурдани қувва доир ба ҳалли масоили байналхалқӣ дар муносибатҳои берунаи хеш худдорӣ намуда, ҳамкориҳои байналхалқии худро дар асоси эътирофи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳо ва дар шаклҳои дутарафа ва бисёртарафа ба роҳ мемонад.

Давлати Қатар яке аз кишварҳои пуриқтидорест, ки бо иқтисодиёти худ дар ҷаҳон пас аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка (ИМА), Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия ва ғ. ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. Рушди бемайлони иқтисоди баланд дар ин кишвар роҳи онро ба бозори ҷаҳонӣ кушод, ки тақрибан бо тамоми ҷаҳон додугирифтҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дорад. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин кишвари қудратманд аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст.

Дар доираи кӯмакҳои расмӣ барои рушд, Давлати Қатар ҳамасола маблағҳои муайянеро барои Тоҷикистон ҷудо намуда, лоиҳаҳои алоҳидаро маблағгузорӣ менамояд. Яке аз лоиҳаҳое асосие, ки Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудааст, иборат аз бунёди масҷиди Қатар мебошад. Ба истифода додани ин иншооти бузург як санаи тарихиест баҳри халқи куҳанбунёди тоҷик.

Санаи 08.06.23 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр, Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сониро гарму самимӣ истиқбол гирифта Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин на танҳо як масҷид, балки пойгоҳи замонавии фарҳангу таърихи исломӣ буда, толорҳои он тавре бунёд шудаанд, ки дар онҳо чорабиниҳои мухталифи илмиву фарҳангӣ ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда мешаванд.

Бо фароҳам овардани фазои солими сармоягузорӣ барои сармояҳои мустақими хориҷӣ, таҳқиқотҳои бисёрталаби алоҳидаро метавон дар Давлати Қатар ва Тоҷикистон гузаронд ва талаботи Давлати Қатар ва имкониятҳои Тоҷикистонро дар назар гирифта, истеҳсоли маҳсулотеро чунон ба роҳ монд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он бартарияти нисбӣ ё бартарияти мутлақ дорад. Танҳо дар асоси натиҷаҳои чунин тадқиқотҳои амиқ метавон равобити иқтисодии Тоҷикистону Давлати Қатарро ба сатҳи баланд расонд ва ҳама имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода кард.

Декани факултети биология н.и.б. дотсент, Кароматуллои Қ.