ТАВАҶҶУҲ БА КОРКАРДИ ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШ

811

Ассосгузори сулҳу Вахдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба рӯзи “Дониш” санаи 1-уми сентябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино, таъминот ва истеҳсоли дору ва молҳои тиббиии ватаниро яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи тандурустӣ ҳисобида, қайд намуданд, ки то солҳои наздик 90 фоизи маводи фарматсевтӣ аз хориҷи кишвар ворид мегардид. Бо ин мақсад 28-уми октябри соли 2020 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» қабул карда шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз захираҳои фаровони гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо ёдовар гардида қайд намуданд, ки “Сарвати бузургро табиат ба мо додааст ва мо вазифадорем, ки аз он оқилона ва самаранок истифода барем”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати гуногунии олами наботот хело ғанӣ ва гуногунранг мебошад. Табиати зебову гуногунранг ва аз ҷиҳати сарватҳои табиӣ, хусусан олами набототи бойи Тоҷикистон диққати бисёри сайёҳону тадқиқотчиёни дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.

Дар Тоҷикистон зиндагии 75%-и аҳолиаш аз истифодаи растаниҳои нафъовар вобастагӣ дорад. Растаниҳои нафъоварро аз қадимулайём инсон ҳамчун растаниҳои шифоӣ, ғизоӣ, равғандиҳанда парвариш намуда то ҳол истифода мебаранд. Меваи буттаву дарахтони худруй дар гузашта ғизои асосии мардум ба ҳисоб мерафт. Ҳар сол аз таъсири омили антропогенӣ ва истифодаи нодуруст, дар табиат намудҳои растаниҳои нафъовар ҳолаташон муташанниҷ гардида истодааст. Аз ин рӯ, чӣ қадаре захираҳои табииро сарфакорона аз рӯи нақшаю пешниҳодҳои асосноки илмӣ истифода намоем, ҳамон қадар захираҳои табиатро нигоҳ медорем.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, аз 350 ҳазор намуд растаниҳои олӣ 12 ҳазор намуди онҳо доругӣ мебошанд. Дар дунё беш аз 100 ҳазор навъ дору (даво) мавҷуд буда, зиёда аз 30 ҳазор навъи он аз растанӣ тайёр мешавад.

Дар Тоҷикистон бошад, зиёда аз 4 500 намуди растаниҳои гулдор мавҷуданд. Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои илмӣ, аз ин миқдор 2 700 намуди растаниҳо ба сифати растаниҳои нафъовар (хӯрокворӣ, равғандиҳанда, рангдиҳанда, асаловар ва шифобахш) истифода бурда мешаванд.

Дар Тоҷикистон 1 500 намуд растаниҳои шифобахш мавҷуданд ва онҳо аз замонҳои қадим аз тарафи аҳолӣ истифода бурда мешаванд. Истифодаи бенизом ба он оварда расонидааст, ки миқдор ва захираи баъзе намудҳои растаниҳои шифобахш дар табиат камшумор гаштааст. Аз ин хотир, ҳифз ва истифодаи оқилонаи олами набототи рангин, аз ҷумла растаниҳои шифобахш яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва мубрамтарин маҳсуб меёбад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатӣ “Оид ба парвариш, ҷамъоварӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ” қабул гардида буд.

Бояд қайд намуд, ки қисме аз гиёҳҳои шифобахш худрӯй буда, ба парвариш камтар эҳтиёҷ доранд, ба монанди чойкаҳак, пудинаи кӯҳӣ, кокути, ҳазориспанд, амонқара, чоқула, рошак ва ғайраҳо. Қисми дигаре аз онҳо, ба монанди зелол, ҳулул, пиёзи анзур, ангат, ширинбия, камол, зира ва ғайраҳо ба парвариш эҳтиёҷ доранд. Аз ҳамин лиҳоз, Барномаи мазкур парвариши он намудҳоеро пешбинӣ менамояд, ки ба онҳо талабот зиёд буда, дар соҳаи тандурустӣ ва хӯрокворӣ васеъ истифода бурда мешаванд ва захираҳои онҳоро бо роҳи парвариш нигоҳ доштан мумкин аст. Гиёҳҳои шифобахш, аз қабили камол, чукрӣ, зелол, татум, ангат, хуч ва ғайра бисёрсола ва хӯрданибоб буда, талу теппаҳои кӯҳистони ҷумҳуриро аз эрозия нигоҳ медоранд.

Конвенсия “Дар бораи гуногунии биологӣ”, ки дар Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд дар Бразилия (Созмони Милали Муттаҳид, 1992) ва Эъломия “Оид ба ҳуқуқи халқҳои бумӣ” моҳи сентябри соли 2007 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабулшуда, нисбати ҳукуматҳои давлатҳои аъзо оид ба эҳтиром кардани ҳуқуқҳои мардуми бумӣ ва гузаронидани машваратҳо бо онҳо ва ҳамкории босамар дар ҳама ҷанбаҳои истифодаи захираҳои ба заминҳо ва ҳудудҳои онҳо дахлдошта дорои талаботи аниқ мебошанд. Дар муқаддима ба Конвенсия дар бораи гуногунии биологӣ алоқаи зичӣ байни мардуми маҳаллӣ ва заминҳои онҳо ва аҳамияти муҳимми донишҳои экологии онҳо ба таври возеҳ дарҷ карда шудааст. Дар Конвенсияи мазкур аксар вақт нодида гирифтани нақши муҳими занон, ҳамчун нигаҳбонони донишҳои экологии анъанавӣ махсусан таъкид шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ санадҳои муҳими байналмилалиро, ки иҷроиши онҳо ба манфиатҳои мардуми Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, ба тавсиб расонидааст. Яке аз чунин санадҳо маҷмӯи санадҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва нигохдории гуногунии биологӣ мебошанд. Аз ҷумла, Конвенсия “Оид ба ҳифзи мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ ва табиӣ (с.1992), Конвенсияи “Оид ба гуногунии биологӣ” (с. 1997), Протоколи Картахенӣ “Оид ба бехатарии биологӣ ва Конвенсияи гуногунии биологӣ” (с.2004), Протоколи Нагоя “Оид ба танзими дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ ва истифодаи муштараки одилонаю баробар аз фоидаи дар асоси онҳо гирифташуда ва Конвенсияи гуногунии биологӣ” (с.2013) ва ғайра.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июли соли 1997 ба Созишномаи Созмони Милали Муттаҳид “Дар бораи гуногунии биологӣ” ҳамроҳ шуд ва он аз 27 январи соли 1998 эътибор пайдо кард.

Дар моддаи 1-уми Конвенсия “Оид ба гуногунии биологӣ” мақсадҳои асосии таҳия ва қабули он муаррифӣ гардидаанд:

1. нигоҳдории гуногунии биологӣ;

2. истифодаи устувори ҷузъҳои он;

3. гирифтани фоидаи муштарак аз захираҳои генетикӣ дар асоси адолат ва баробарӣ.

Аз ҷумла, дар моддаи 8-уми он омадааст: “Мутобиқи қонунгузории миллӣ эҳтиром, нигоҳдорӣ ва дастгирии дониш, навоварӣ ва таҷрибаи ҷамоати бумӣ ва маҳаллӣ, ки ифодагари тарзи зисти анъанавӣ буда, барои нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ аҳамият доранд, таъмин карда мешавад, ҳамчунин истифодаи муштараки фоидаҳо, ки аз корбурди чунин дониш, навоварӣ ва таҷриба ба даст меоянд, аз рӯйи адолатнокӣ ҳавасманд гардонида мешавад”.

Пас аз қабули Эъломияи СММ “Дар бораи ҳуқуқҳои ҷомеаҳои таҳҷоӣ ва бумӣ” (сентябри соли 2007) Протоколи Нагоя аввалин шартномаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки барои ҷомеаҳои таҳҷоӣ ва маҳаллӣ аҳамияти хосса дорад. Дар Протоколи мазкур масъалаҳои муҳим дар робита ба гирифтани фоидаи муштарак аз захираҳои генетикӣ дар асоси адолат ва баробарӣ, истифодаи донишҳои анъанавии ҷомеаҳои таҳҷоӣ ва маҳаллӣ вобаста ба захираҳои генетикӣ дарҷ гардидаанд.

Тоҷикистон соли 2013 ба Протоколи Нагоя “Оид ба танзими дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ ва истифодаи муштараки одилонаю баробар аз фоидаи дар асоси онҳо гирифташуда ва Конвенсияи гуногунии биологӣ” ҳамроҳ шудааст. Протоколи Нагоя ҳуқуқҳои ҷомеаҳои бумиро дар асоси истифодаи муштарак ва одилонаю баробари захираҳои генетикӣ муҳофизат мекунад.

Мудири кафедраи ботаника Кароматуллои Қ.

Профессори кафедраи ботаника Сатторов Р.Б.