ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ САОДАТУ ҲАМБАСТАГӢ

494

Истиқлолият ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу ранҷи бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост.

Эмомалӣ Раҳмон

Сабақи ибратомӯзӣ се даҳсолаи давлатдориву давлатсозии навинамон бо таваҷҷуҳ ба марҳилаҳои мураккаби замони муосир собит намуд, ки истиқлолу озодӣ ва саодату ҳамбастагӣ дар ҳама давру замон метавонад дилхоҳ миллату давлатро боз ҳам ба рӯзгори амну осоиш ва рушду устувори пуриқтидор барад. Дар ин марҳилаи босаодат, миллати тоҷик таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва амалисозии ташаббусҳои наку вусъати тоза гирифта, ин раванд ба шукуфоии кишвари азизамон заминаҳои устувору ояндаи дурахшон бахшид. Вобаста ба ҳолати мавҷуда , дар низоми давлатсозии миллиамон як нукта боиси таъкиди махсус аст, ки рушди миёнаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуда, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт. Табиист, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат бахши маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки миллӣ пазируфта шуда, ҳамасола аз ҷониби Пешвои муаззами миллат тадбирҳои муҳиму зарурӣ ва иқдомҳои навину судовар амалӣ карда мешаванд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риозӣ дар соҳаи илму маориф” ва ҳамасола баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чоп ва ҳадяи, шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” инчунин, эълони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» аз силсилаи иқдомҳои хирадмандонаи дигаре мебошад, ки ин тадбир метавонад баҳри боз ҳам маърифатноктар гардонидани аҳолӣ нақши муассиру мондагор гузорад. Илова бар ин, ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум танҳо дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода дода шуда, баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни умумимилии 31- солагии соҳибистиқлолии кишвар ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни хоҷагии халқ низ дар назар аст. Албатта рушду инкишоф ва тариққиёти суръатноки созандагиҳои бардавом, мо устодону олимон ва дар маҷмуъ аҳли маорифчиёнро дар ин фазои амну суботи сартосарии Ватан водор ба он месозад, ки дар иҷрои рисолати хеш доимо масъулиятшинос бошему баҳри тарбияи насли навраси маърифатноку худшинос пайваста талошу заҳматҳои ҳамешагӣ намоем.

Каримзода Акобир Изатулло,доктори илмҳои биология, профессор