ОЛИМИ ШУҲРАТЁР

458

Бузургон фармудаанд, ки инсоният дар ҳама давру замон ниёз ба омӯхтану донистани муҳити атрофи худро дорад. Зеро бе надонистани табиат ва ҳаводису воқеаҳои он метавонад инсон ҳар лаҳза ба ноумедӣ ва шикастҳо рӯ ба рӯ шавад. Маҳз пайваста омӯхтану сабақ бардоштан аз рӯзгори гузаштагон инсонро ҳушдор медиҳад, ки аз нокомиҳо ниёгони худ огоҳ шаваду дастовардҳои эшонро боз ҳам равнақу ривоҷ бахшанд. Ин омил аст, ки рӯз то рӯз зиндагии инсонҳо рангу ҷилои тоза мегирад ва комёбиҳои тоза ба тоза насибашон мегардад.

Муҳимтар он аст, ки сарчашмаи ҳамаи ин хушбахтиҳо ва дастовардҳо мактаб ва устод аст. Зеро бе мактабу бе устод ҷомеаи инсонӣ шабеҳ ба торикистонест, ки дар он ҳамагуна хислати инсонӣ ва ахлоқи ҳамида ба чашм намехӯрад ва ҷаҳолату нодонӣ ва ҳуруфот ба авҷи аълои худ мерасад. Амир Хусрави Деҳлавиро дар ин хусус гуфторест:

Ҳар кӣ ба зиндони ҷаҳолат гум аст,

Ҳаст гадо гарчи зараш сад хум аст.

Ҳадаф аз овардани ин дебоча он аст, ки дар рӯзгори мо низ мардоне ҳастанд, ки ҳамеша кору пайкорашон шоистаи омӯзишу пайравист. Қаҳрамони ин нигоштаи устоди фозилу арҷманд доктори илмҳои биология, профессор, узви пайвастаи академияи мактабҳои олии байналмиллалӣ, профессори фахрии Донишгоҳи педагогии шаҳри Липетски Федератсияи Россия, мудири кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирзо Устоев мебошад. Эшон аз ҷумлаи он омӯзгороне мебошанд, ки дар пешаи худ камназир аст. Зеро бо заҳматҳои пайваставу дуди чароғ хӯрданҳо ва шабро ба рӯз табдил доданҳо ӯ тавонист, ки дар миёни аҳли илм ва маорифи кишвар ҷойгоҳи арзандаеро барои худ пайдо кунад.

Месазад иброз дорем, ки солиёни зиёдест, ки миёни омӯзгорон чӣ дар мактаби миёна ва чӣ олӣ андешаву, ақоид роҷеъ ба таълиму тарбия мухталиф ба назар мерасад. Гурӯҳе аз омӯзгорон дар мактаб таълимро дар зинаи аввал мегузоранд. Зумраи дигар бошад, баробар сурат гирифтани таълиму тарбияро судманд медонанд. Савумиҳо дар мактаб тарбияро ба таълим тарҷеҳ медиҳанд. Тарафдорони ин се усули кор дар мавқеи худ ҳақанд. Вале устод нуқтаи назари савумиҳоро судмантар ваба мақсад мувофиқтар медонад. Зеро ба қавли Абдураҳмони Ҷомӣ: Маориф гар чу мӯ борик бошад,

Чӣ ҳосил з-он, чу дил торик бошад.

Ва маҳз тарбияи дуруст ва пайваста талқин кардани ахлоқи ҳамида аз инсони хокӣ фалаксайру осмонфарҳанг хоҳад сохт. Ин аст, ки устод Мирзо Устоевро ҳамеша ва дар ҳама ҳолату вазъият коромӯз дарёфтем, на корафзо. Ӯ ҳамеша ба ҳама омӯзгорон шафиқу меҳрубон ва мададгору мушкилкушо аст. Устод шахсияти худогоҳу хештаншинос ва олитарин сифати ҳар як инсон хусусан, омӯзгорон, худшинохтан будан аст. Шахсе, ки ба худ расидааст, худро дарёфтааст, бешак дар ду олам рӯсурху азиз хоҳад буд:

Хештандонӣ сарафрозӣ бувад,

Аз худогоҳон Худо розӣ бувад.

Устод Мирзо Устоев 1-уми июли соли 1954 дар деҳаи Махшевади ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби 8-сола дар омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд таҳсил карда, онро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, барои адои хидмати меҳан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ даъват шуд. Дар давоми хизмати Эшон хонданро аз худ дур накарда идомаи таҳсилро дар мактаби рақами 105-уми ш. Москва давом, дода номаи камолат мегирад. Баъди адои хизмати меҳан соли 1975 ба факултети биологияи ДМТ дохил шуда, онро бомуваффақият хатм кард. Баъдан баҳайси коромӯз аз курси 3-юм таҷрибаомӯзии истеҳсолии худро дар ш.Санкт-Петербург (Ленинград) то курси 5-уми идома дода, рисолаи дипломии худро дар «Озмоишгоҳи физиологияи системаи марказии асаб Институти физиология ва биохимияи эволютсионии ба номи И.М.Сеченов», иҷро намуда бо баҳои «аъло» дифоъ намуд. Минбаъд соли 1983 ба аспирантураи мақсадноки назди институти физиология ва биохимияи эволютсионии ба номи И.М. Сеченови АИ СССР, дар шаҳри Санкт–Петербург дохил шуд. Соли 1987 дар Шӯрои диссертасионии институти номбурда рисолаи номзадиро дар мавзӯи: «Омӯзиши нақши майнаи куҳан дар фаъолиятӣ майнаи нави хазандагон ва ширхӯрон» дифоъ намуд. Сипас ҳаёти хешро ба омӯзгорӣ бахшида, пайваста пажӯҳишро идома дода, соли 2000 рисолаи докториро дар мавзӯи: «Ба таври қиёси омӯзиши нақши гиппокамп дар фаъолияти интегративи майнаи муҳрадорон», бомуваффақият дифо кард. Аз соли 2001 профессор ва аз соли 2006 мудири кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти ДМТ ба ӯҳда дорад. Дар дунё олимони машҳурро асосан, аз рӯйи ду сифат мешиносанд: ихтирои мондагору чашмгир ё мактаби илмӣ. Ихтироъ ҳар олимро машҳур мегардонад.

Агар чунин олимон мактаби илмӣ надошта бошанд, номашон дар олами илм он қадар равшан боқӣ намемонад ва эшонро танҳо барои ин ё он кашфе мешиносанд. Аз охири солҳои навадум Мирзо Устоев тадқиқотҳои худро дар самтҳои гуногуни физиологияи одам ва ҳайвонот, ба монандӣ: физиологияи эволютсионӣ, системаи марказӣ ва олии асаб, физиологияи мутобиқшавӣ ба шароитҳои иқлими гарм, ба назариявии эволютсияи маркази асаб, фаъолияти олии асаб дар намояндаҳои гуногуни ҳайвонот дар ҷорӣ намудани он дар илми тиб, корҳои илмӣ-тадқиқотиро пеш мебарад ва бо мақолаҳои илмиаш дар марказҳои илмии бонуфузи дунё ва бо баромадҳояш дар конгресс ва конфересияҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Екатеринбург-2004,. Сочӣ -2005, 2014, Санкт-Петербург-2005, 2006, 2008. Москва-2008, 2009. Кишинёв 2008, Ялта – 2011, Волгоград – 2013, эътибори ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

Профессор М. Устоев дар баробари ин барои баланд бардоштани сифати таълим аз фани биология ба устодону шогирдони донишгоҳҳои шаҳри Кулоб, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ба номи С.Раҳимов саҳмгузор мебошад. Инчунин муалифии стандарти давлатӣ оид ба фанҳои биология, анатомия, физиология ва гигиена, муаллифи 6 монография, китобҳои дарсӣ барои синфҳои 9 – уми таҳсилотӣ умумӣ, 15 китоби дарсӣ барои донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ буда, 30 дастури таълимӣ- методӣ ва зиёда аз 400 мақолаи илмӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Таҳти роҳбарии ӯ 12-нафар рисолаи номзадӣ ва 1-нафар рисолаи доктории худро дифоъ намуданд.

Борҳо аз натиҷаи таҷрибаҳои пешқадами худ дар донишкадаҳои бозомӯзии кормандони маорифи таҳсилоти умумӣ дарс гуфтааст. Устоев М. роҳбарии илмию методии кафедраро ба ӯҳда дорад. Зери роҳбарии ӯ самтҳои гуногуни соҳаҳои илми физиология одам ва ҳайвонот омӯхта мешавад. Аз ҷумла, физиологияи эволютсионӣ, физиологияи экологӣ ба таври қиёси омӯзиши функсияи майнаи сари ҳайвонот натиҷаи пажӯҳишҳои ӯ мебошанд. Солҳои 2009-2012 профессор Устоев М. роҳбарии Шӯрои илмии дисертатсиониро дар соҳаи физиологияи одам ва ҳайвонот дар назди ДМТ ба ӯҳда дошт, ки дар давоми ин солҳо дар ин шӯро 8 – нафар рисолаи номзадӣ, 4 нафар рисолаи докториро ҳимоя намуданд.

Дар фарҷом бояд иброз дошт, ки устоди хайрхоҳу некниҳод, хушзавқу боистеъдод, профессор Мирзо Устоевро, ки дар риштаи илмҳои биологию физиологӣ то ин дам хидмати мондагоре кардаву ҳиммати бузурге барои тарбия ва омода намудани мутахассиони соҳибкасб нишон додаву дар ин ҷода саҳми боризе гузоштааст, бо синни камолоти умри пурсамар муборакбод мегӯем:

Эй баландахтар, Худоят умри ҷовидон диҳад,

Он чи пирӯзию беҳрӯзӣ дар он аст, он диҳад.

 Колективи устодон ва кормандони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М.