КОНФЕРЕНСИЯИ ЭКОЛОГӢ

445

Имрӯз (11.05.2022) ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва 70 – солагии дотсенти кафедраи экология н.и.б., дотсент Содиқов Ҳусейн, дар пояи факултети биологияи донишгоҳ конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия мудири кафедраи экология Ҷ.Бобокалонов дар робита ба муҳимияти нишасти мазкур суханронӣ намуда, афзуд, ки: Ҳусейн Содиқов ҳамчун олими шинохта барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи экология ва пешбурди илми биология нақши арзанда дорад.

Сипас устодони факултет Саидов М.К., Устоев М. Б., ва Давлатов А.С. доир ба фаъолияти илмӣ-эҷодии Ҳусейн Содиқов суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки Ҳусейн Содиқов ҳамчун омӯзгори мактаби олӣ ва педагоги соҳибтаҷриба ба масъалаҳои таълими методӣ, машғулиятҳои семинарӣ, дастурамалҳо барои донишҷӯёни факултети биология ҳиссаи сазовори худро гузоштааст.