ВОХӮРИ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАКУЛТЕТ

394

Ассотсиатсияи волидайн ва садорати факултети биология тибқи нақша-чорабинӣ дар санаи 03. 04. 2021 бо иштироки волидайни курси якуми ихтисосҳои биология, биотехнология, экология ва дендрология садорати факултет бо волидайнро баргузор кард. Дар ҷаласа декани факултети Каримзода А.И., мудирони кафедраҳои тахассусӣ Ахмедов Д.М., Иброгимова С., Холова Ш., Азимов М., Мирзоев Н., Сатторов Р.Б., муовинони декан Бобокалонов Ҷ., Кароматуллои Қ. раиси сарпарастон Ғаюбов Р.Б., раиси олимон ва муҳақиқони ҷавон Устоев Б.Р. раиси ассотсиатсияи волидайн Давлатов О, инчунин сарпарастони гурӯҳҳои мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғоз декани факултет муҳтарам Каримзода А.И. қадами волидайнро ба донишгоҳ ва факултет шодбош гуфта доир ба масоили тарбия дар роҳи ватандустиву меҳанпарастӣ, тарбияи дурусти насли наврас суханронӣ намуданд. Корманди бахши тарбияи ДМТ қудуми волидайнро аз номи раёсати донишгоҳ хайрамақдам намуда чунин иброз намуд, ки яке аз самтҳои асосии корҳои идеологӣ ва тарбиявӣ дар донишгоҳ ба донишҷӯён тавзеҳ намудан ва фаҳмонидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба хотири беҳтар шудани дониши ҳуқуқӣ ва фарҳанги сиёсии донишҷӯён мунтазам вохӯриҳои донишҷӯён бо намояндагони вазорату идораҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони сиёсиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд. Ташаккули шахсияти мутахассисони оянда тавассути ташкили тадбирҳои дорои хусусияти ватандӯстӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, зебоидӯстӣ ва маърифатнокӣ роҳандозӣ ва таъмин гардонида мешавад.

Мудирони кафедраҳои тахассуси низ вобаста ба рафтору одоби донишҷуён фикру ақидаҳои худро пешниҳод намуданд. Сипас сарпарастони гуруҳҳои академи доир ба хислат, рафтор иштирок дар дарсҳо ҳамчунин аз худ намудани дарсҳои шогирдони худ ба волидайни онҳо ҳисобот пешниҳод намуданд.