Дар партави Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва иҷрои дастури раёсати ДМТ оид ба мустаҳкам намудани равобити волидон бо донишгоҳ дар факултети биология маҷлиси падару модарон баргузор гардид. Дар маҷлис намояндагони факултет оид ба қоидаву оинномаҳои донишгоҳӣ, сари вақт ҳозир шудан ба дарс ва дигар мавзуъҳои алоқаманд ба тарбия суҳбат намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои беҳтар гардидани интизом ва фаъолияти донишҷӯёни курси якум дар факултети судманд арзёбӣ намуданд. Дар рафти ҷаласа вобаста ба масъалаҳои таълиму тарбия саволу ҷавоб сурат гирифт.