Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои муҳими таъсиррасон дар ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо дар шакли меъёри муайяни қоидаи рафтор зоҳир мегарданд. Анъана ва расму оинҳои милливу динии мо аз ниёгонамон тавассути аз насл ба насл додани донишҳо, меъёрҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ то ба имрӯз омада расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо онҳо бояд мутобиқи талаби замон инкишоф ёбанд. Тавре шоҳидем, тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо ва амалӣ гаштани расму оинҳо барои аксарияти мардуми мо, ки дар ҳоли тангдастию камбағалӣ қарор доштанд, мушкилоти зиёди моливу пулиро ба миён оварда буд.Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар аҳамияти махсус зоҳир намуда, аз ҳамагон хоҳиш намуданд, ки то баргузории машварати умумиҷумҳуриявӣ (24-уми майи соли 2007) тамоми хоҳишу дархост ва оид ба чӣ гуна гузаронидани урфу одатҳои миллӣ фикру андешаҳои худро ирсол намоянд. Аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат беш аз 6 ҳазор таклифу пешниҳодоти муфид ирсол гардид ва аксарияти аҳолӣ иқдоми танзими анъанаҳои мардумӣ ва миллиро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони шаҳру ноҳияҳои кишвар 24-уми майи соли 2007 оид ба масъалаи танзими расму оин ва анъанаву маросимҳои миллӣ сухан ронда, гуфта буданд: «Қисме аз мардуми мо, ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва пойбанди таассубу хурофот будани худ, дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад».Қабули қонуни мазкур, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд, барои ба танзим овардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст. Татбиқ ва риояи талаботи қонун дар маҳалҳо ба ҳар яки мо вобаста мебошад. Дар моддаи 1-уми қонуни номбурда омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст». Ниҳоят дар таърихи 8-уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба тасвиб расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.Инак, чандин сол аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дорад. Он дар қонунгузории кишвар таҷрибаи нав буда, дар доираи манфиатҳои мардум таҳия ва қабул гардидааст. Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули назорати риояи қонуни мазкурро ба ӯҳда дорад.Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» моҳияти динӣ надорад, балки дар асоси талаботи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба тасвиб расида, мақсад аз он ба танзим даровардани расму оинҳо ва пешгирии исрофкорӣ ва харҷи беҳуда дар онҳо буд, то иқтисоди хонаводагӣ осебпазир ва хароб нагардад.Чӣ тавре ки маълум аст, фарҳангу тамаддуни ҳар миллат ва халқият дар раванди таърихии ташаккул ва такомули худ хоҳу нохоҳ бо фарҳанги дигар халқу миллатҳо дар ҳолати «додугирифт» ва ё «мубодила» қарор дошта, бо онҳо омезиш меёбад. Омезиши фарҳангҳо бошад, хоҳу нохоҳ дар урфу одат, анъана ва маросимҳои мардумӣ инъикоси худро меёбанд. Маҳз бо ҳамин далел тӯли садсолаҳои таърих ҷашну маросимҳои диниву миллии мо низ ба чунин омезишҳо гирифтор шуда, дар баробари баъзе унсурҳои мусбат, инчунин унсурҳои зиёди хурофотиро ба худ қабул намуда буд, ки онҳо сарбориҳои зиёдро ба сари мардуми оддӣ бор кардаанд. Чунин раванд то солҳои наздик, аниқтараш то қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо идома дошт ва яке аз пайомадҳои номатлуби ин раванд баргузории маърака ва маросимҳои зиёд ва серхарҷ ба шумор мерафт.Тибқи анъанаҳои милливу динии мардуми тоҷик риояи расму оинҳои динӣ барои ҳар фард мисли иҷрои муқаррароти қонунҳо ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад. Омили дигаре ки инсонро барои риоя намудани расму оинҳои милливу динӣ водор мекунад, таъсири сахти афкори иҷтимоӣ, муҳокима ва гуфтугӯи атрофиён мебошад. Таҳти таъсири ин омил ҳар шахс кӯшиш мекунад, ки шарафи худро дар назари дигарон аз даст надиҳад, аз қатори умум набарояд, мисли ҳама рафтор кунад, тартиботи муқаррариро, ки ба мерос мондаанд, ба ҷо орад. Зеро онҳое, ки ин қонуну меъёрҳоро риоя намекунанд, мавриди тамасхури одамони атроф қарор мегиранд, ҳамчун «зоғи ало» ё худбин машҳур мегарданд. Аз нигоҳи илми ҷомеашиносӣ низ шахсоне, ки меъёри муқаррарии иҷтимоиро риоя наменамоянд, каҷрафтор (девиант) ҳисобида мешаванд. Аз ин лиҳоз, шахс ҳар вақт вориди муносибатҳои ҷамъиятӣ мегардад, новобаста аз хоҳиши худ меъёрҳои иҷтимоиро риоя намуда, мувофиқи он рафторашро содир менамояд. Аз ин нуқтаи назар расму оин ва маросимҳои динию миллӣ низ қоидаҳои рафтори таърихан тащаккулёфта ба ҳисоб мераванд. Бинобар ҳамин, як қисми мардум, ҳатто пас аз қабул шудани конуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо низ кӯшиш мекунанд, ки меъёрҳои то қабули қонуни мазкур ҷойдошта доир ба иҷрои расму оинро риоя намоянд.Ҳамзамон ёдовар шудан бамаврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавон нақши мусбат гузошта истодааст. Як меъёри ниҳоят муҳими Қонун ба таври ихтиёрӣ баргузор намудани маърака мебошад. Акнун ҳар як фарди ҷомеаи имрӯзаи мо имкон пайдо намуд, ки ба муқаррароти Қонун такя намуда, маъракаашро бо хоҳиши худ бе истиҳола ва хиҷолатмандӣ гузаронад. Ҳадафи Қонуни мазкур низ ҳаминро тақозо дорад, яъне ҳар як меъёри он дар баробари ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон нигаронида шудааст.Қонуни мазкур як зумра ҷашну маросим ва анъанаҳои бемаъниро, ки аслан барои фарҳанги милливу динии мо бегона буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гаштаанд, аз байн бурд ва маросимҳои соф миллиро дар худ нигоҳ дошт. Дар маҷмӯъ аҳамияти ин қонун хеле бештар аст, аз он ки гуфта шуд. Он на танҳо боиси беҳтар шудани рӯзгори мардум, балки рушди ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии мардуми ҷумҳурӣ гардидааст ва дар ниҳояти кор, ба он нигаронда шудааст, ки симои шахси боимону тақводор, шаҳрванди ватандӯсту худогоҳро дар асоси суннатҳои миллии мардуми Тоҷикистон муайян мекунад.Таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ ва натиҷаву пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодии татбиқи қонуни танзим нишон медиҳад, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат ба нафъи мардум хизмат намуда, зимнан барои таъмини амнияти озуқавории ҷомеа, ки яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, низ нақши хеле муҳимро иҷро мекунад.