ТАМОШОИ МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ ПРЕЗИДЕНТ

482

Санаи (30.10.2020) дар таърихи навини Тоҷикистон як рӯзи таърихӣ буд. Мардуми шарифи кишвар тариқи телевизион ва радио маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд. Ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар баробари дигар сохторҳои ҷумҳурӣ тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар пахши мустақими маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд.