Модарону бонувон ва духтарони азиз!
Дар оғози фасли баҳори нозанин ва шукуфоии табиат, ҷашнгирии 8 – март “РӮЗИ МОДАР”рамзӣ буда, он ба мардуми башар аз баҳорандомию назокати занону модарони арҷманд муҷдаи гуворо мерасонад. Дар ин рўзҳои фараҳманду нишотбахши фасли баҳор, ки замини биҳиштдомони Тоҷикистони азиз пероҳани сабз ба бар карда, мардуми фархундатолеъи он зеботарин ҷашн – Рўзи байналмилалии занон, ки дар кишварамон ҳамчун Рўзи модарон ном гирифтааст бо тантана ҷашн мегиранд.
Модар шабоҳати баҳорро дорад ва чун баҳор дар зиндагии мо зебогӣ меофарад, месабзонад, парвариш мекунад ва ба камол мерасонад. Ҳама бузургонро модар ба дунё овардаву фарзандони некаш ба мисли Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Сино, ва ҳазорони дигар ситоишҳо андар васфаш намудаву маротибҳо эҳтиромашро таъкид намудаанд.
Бо назардошти боло бурдани мавқеи зан, бунёди ҷомеаи солим, пойдории оилаҳои ҷавон ва тарбияи фарзандони боақлу соҳибмаърифат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармони махсус “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба тасвиб расид, ин иқдом ҷиҳати саҳми занон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат заминаи боэътимод ба шумор меравад.
Мавриди қайд аст, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ соли 2018 “Соли рушди сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида, занону бонувони кишвар, ки бо ҳунару истеъдоди волояшон таҷассумгари арзишҳои миллӣ ва фарҳангу тамаддуни пурғановати ниёгонамон мебошанд, имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар ҳунару эъҷози нотакрори худро ба мардуми кишвар муаррифӣ менамоянд.
Эҳтироми зан, шинохту қадр ва манзалати модар қарз ва рисолати ҳар фарди худогоҳ буда, мо дар сурате онро адо карда метавонем, ки ба қадри заҳмату ранҷ, шири ҷонбахши модар, меҳру самимият ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони боиффату ҳаётофари худ арҷи шоиста гузошта тавонем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми зан-модар фармудаанд: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан – модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво мебошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.» Дар Паёми навбатии Сарвари давлат аз 26 декабри соли 2019 нисбат ба зан- модар омадааст, ки «… мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ўро қадр намоем».
Модарам эй модарам, эй модарам,
Модари дар зиндагӣ бахтоварам.
Меҳри покатро ба дил мепарварам,
Чун ту ҳасти такягоҳу ёварам.
Идатон муборак модарону хоҳарони азиз!