Гуногунии биологӣ (гуногунии биологӣ) гуногунии тамоми мавҷудоти тамоми рӯи замин - аз ген то экосистема мебошад. Он ба гуногунии намудҳо асос ёфтааст. Ба он миллионҳо намудҳои ҳайвонот, наботот, микроорганизмҳо, ки дар сайёраамон зиндагӣ мекунанд, дохил мешаванд. Аммо, гуногунии биологӣ инчунин маҷмӯи экосистемаҳои табииро, ки ин намудҳоро ташкил медиҳанд, фаро мегирад. Ҳамин тариқ, гуногунии биологӣ бояд ҳамчун...
Имрӯз (11.05.2022) ҷиҳати
амалишавии ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва
риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва 70 - солагии дотсенти
кафедраи экология н.и.б., дотсент Содиқов Ҳусейн, дар пояи факултети биологияи
донишгоҳ конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия мудири кафедраи экология Ҷ.Бобокалонов дар робита ба муҳимияти нишасти мазкур суханронӣ намуда, афзуд,...
Имрӯз (04.05.2022) ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва 85 - солагии академики АИКТ, арбоби илм ва техникаи ҶТ, д.и.б., профессор Сафаров Ҳабиб Муродович дар пояи факултети биологияи донишгоҳ дар мавзӯи «Мушкилоти мутобиқшавии организми одам ва ҳайвонот ба таъсири омилҳои гуногуни экологӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию...
Кароматуллои Қурбоналӣ, и.в. мудири кафедраи ботаника, н.и.б.
Донишҳои суннатӣ доир ба гуногунии биологӣ мероси фарҳангии ҳар як миллат мебошад. Ҳар як халқ дорои фарҳанги нотакрори рӯзгордорӣ ва хештаншиносӣ буда, дар тӯли садсолаҳо донишҳои суннатиро доир ба гуногунии биологӣ меомӯхт, истифода мебурд ва инкишоф медод. Оид ба растаниҳои ғизоӣ,...
Имрӯз дар кафедраи зоология дарси кушоди мудири кафедраи зоология дотсент Мирзоев Нуриддин Маҳмадович дар мавзӯи: «Тавсифи умумии синфи парандагон» баргузор гардид, ки дар рафти дарси кушод профессор декани факултет Каримзода А.И., ин чунин устодону кормандон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Наврўз қадимтарин ва зеботарин ҷашни ориёиҳо мебошад. Наврўзро, баҳорро ҳамчун ба зиндагии пас аз марг шабоҳат медиҳанд. Наврўз дар фарҳанги мо тоҷикон рўзи нав, рўзи зиндагии нав, рўзи шодӣ, рўзи адлу эътидол, рўзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рўзи оштӣ аст. Табиат, таърих ва инсон дар ин рўз ҷони тоза меёбанд. Чуноне Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:
Имрӯз (09.03.2022) дар кафедраи зоология ҷаласаи ҶИД гузаронида шуд, ки дар он устодону донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд. Саравал мудири кафедраи зоология Мирзоев Н. ҷаласаро оғоз намуда ҳозиринро бо рузномаи ҷаласа шинос намуд. Сипас донишҷӯи курси 4-ум Юсупов Ю. дар мавзӯи “Хусусиятҳои биологии куброи осиёи миёнагӣ” баромад намуда қайд намуд, ки куброи осиёимиёнагӣ ва ҳам...
Модарону бонувон ва духтарони азиз!
Дар оғози фасли баҳори нозанин ва шукуфоии табиат, ҷашнгирии 8 - март “РӮЗИ МОДАР”рамзӣ буда, он ба мардуми башар аз баҳорандомию назокати занону модарони арҷманд муҷдаи гуворо мерасонад. Дар ин рўзҳои фараҳманду нишотбахши фасли баҳор, ки замини биҳиштдомони Тоҷикистони азиз...
Имрӯ (05.03.2022) дар доираи нақша чорабиниҳои садорати факултети биология бахшида ба ҷашни “8-МАРТ РӮЗИ МОДАР” чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд, ки дар он сармутахассиси шуъбаи занони донишгоҳ Оломиова Дилором, декани факултет профессор Каримзода А.И. мудири кафедраи ботаника Кароматуллои Қ., раиси Шӯрои занон ва бонувони факултет Содиқзода М., устодону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд. ...
Мувофиқи нақшачорабиниҳои Раёсати Донишгоҳ ва факултет санаи 03.03.2022 донишҷӯёни факултети биологияи ДМТ аз Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 27.07.2011, № 1094 таъсис ёфтааст. Масоҳати умумии осорхона зиёда аз 24 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Намоиши осори таърихӣ дар 22...














