ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

669

Санаи 09.06.2021 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид.

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва дар амал татбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе миёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ, қоллеҷҳо, инчунин, миёни муҳаққиқони риштаҳои гуногуни илм (устодону кормандон ва аспирантону докторантон) озмуни ноҳиявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар озмун довталабон аз рӯйи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физикаю астраномия, химия, биология (ботаника, анатомия), технологияҳои иттилоотӣ, география ва ихтироъкорӣ иштирок намуданд.

Зимни баргузории озмуни мазкур аз ҷониби сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ довталабони зиёд иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дастаи Донишгоҳи миллӣ аз рӯйи наминатсияҳои номбаршуда иштирок намуда, бо гирифтани 25 ҷойи ифтихорӣ (7 ҷойи аввал, 11 ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи аввал гардид.

 Масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҷараёни супоридани диплом ва мукофотпулиҳо таъкид доштанд, ки ғолибон ба даври шаҳрӣ роҳхат мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукот роҳбарони иштирокчиён бо «Сипоснома» ва пукофотпулӣ, инчунин, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ бо «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ шуданд.

Рўйхати ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурўғи маърифат»