ОСОРХОНАИ ЗООЛОГИИ ФАКУЛТЕТИ БИОЛОГИЯИ ДМТ

509

Осорхонаи зоологии факултети биология соли 1971 бо мақсади ташвиқу тарѓиби донишҳои зоологӣ, баланд бардоштани ҳиссӣ табиатдўстии донишҷўён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таъсис ёфтааст. Дар осорхона хуса ва намунаҳои гуногуни ҳайвоноти бесутунмуҳра ва сутунмуҳрадори ҷумҳурӣ аз қабили ҳашарот, нармтанҳо, моҳиҳо, обхокиҳо, ҳазандагон, парандагон ва ширхўрон ҷамъоварӣ гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки бодастгирии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва садорати факултети биология осорхона соли 2013 дар бинои нави таълимии факултети биология воқеъ дар «Шаҳраки донишҷуён» таъсис ёфта, ба номи яке аз олимони соҳаи биология, устоди кафедраи зоология Исоқов Саттор Исоқович гузошта шудааст.

Айни замон дар осорхона хуса ва намунаи 3 намуди моҳиҳо (белбинии калони амударёӣ, белбинии сирдарёӣ, ширмоҳӣ), 5 намуди хазандагон (гюрза осиёимиёнагӣ, куброи осиёимиёнагӣ, картакалосҳо), 32 намуди парандагон (бургут, уқоб, зоѓобӣ, зоѓи сиёҳ, мурѓобии сарсурхак, мурѓи ҳумо, мурѓобии пеганка),  23 намуди ширхўрон (гург, гусфанди куҳии бухороӣ, хирс, бабри барфӣ, хук), зиёда аз 100 намуди ҳашарот нигоҳ дошта мешавад. Аз ин миқдор 25 намуди парандагону ширхўрон ҳайвоноти нодир ва камшумор буда, ба нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд.  

Ҷиҳати ҳифз ва нигаҳдории олами ҳайвоноти Тоҷикистон, устодони кафедра ҳангоми тадриси дарсҳои амалӣ ва таҷрибавӣ аз фанҳои зоология, энтомология, муҳофизати олами ҳайвонот аз намунаҳои осорхона истифода бурда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Ҳамчунин аз рўзи бунёдшавии осорхонаи мазкур меҳмонони дохил ва хориҷи кишвар, ки ба Донишгоҳ ташриф менамоянд, аз осорхона дидан намуда, дар ёддоштҳои худ ба осорхона ва фонди захиравии он баҳои баланд додаанд.