Навру́з муборак!

515

Наврўз қадимтарин ва зеботарин ҷашни ориёиҳо мебошад. Наврўзро, баҳорро ҳамчун ба зиндагии пас аз марг шабоҳат медиҳанд. Наврўз дар фарҳанги мо тоҷикон рўзи нав, рўзи зиндагии нав, рўзи шодӣ, рўзи адлу эътидол, рўзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рўзи оштӣ аст. Табиат, таърих ва инсон дар ин рўз ҷони тоза меёбанд. Чуноне Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:

Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд, Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.

Ин навшавӣ ҷузъи фарҳанги қадимаи мост, ки имрўз ҷаҳонро ба беҳтар зистан даъват мекунад, дилҳо, андешаҳо ва дастҳо метавонанд аз ин рўз ва дар ин рўз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некўиро пеша кунанд.

Источник: https://allinweb.ru/digar-mavzuho-tj/1040/ Внимание! Права на публикацию материалов сайта находятся под охраной © allinweb.ru/