Конференсия

663

Рўзи 23.04.2020 дар кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти факултети биология конференсияи  ҷумҳуриявии  илмию  назариявии  ҳайати устодону  кормандон  ва  донишҷўёни  ДМТ  бахшида  ба ҷашнҳои  «5500-солагии  Саразми  бостонӣ», «700-солагии шоири  барҷастаи  тоҷик  Камоли Хуҷандӣ»  ва  «Бистсолаи омўзиш  ва  рушди  фанҳои  табиатшиносӣ,  дақиқ  ва  риёзӣ дар  соҳаи  илму  маориф  (солҳои 2020-2040)» баргузор гардид. Дар рафти баргузории конференсия  устодон ва донишҷўёни кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот оид ба масъалаҳои бемориҳои фарбеҳи, камхуни маърўзаҳо пешниҳод намуданд. Бо иқдоми мудири кафедра н.и.б., муалими калон Мусоева Парвина иштирокчиёни  фаъол ва маърўзаҳои беҳтарин  бо Ифтихорномаи садорати факултети биология сарфароз гардонида  шуданд.