Кафедраи экология

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ

Кафедраи умумидонишгоҳии экология (ҳозира кафедраи экология) дар асоси қарорҳои пленумҳои КМ ҲҚИШ, Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ, Кумитаи давлатии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ, Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва қарори Шӯрои олимони Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо ташаббусҳои устодон Давлатов А.С., Дарвозиев М.Д. ва дастгирии собиқ Ректори ДДМТ Сафаров Ҳ.М. аз 25–уми октябри соли 1989 таъсис ёфтааст, ки аъзоёни он номзадҳои илми биология Давлатов А.С., Саидов М.Қ., Дарвозиев М.Д., Ҳурматов Х., Дадабоев Х., Хоҷамова М. ва корманди техникӣ Эргашева Г.Н. (ҳоло доктори илми биология, профессор) ташкил медоданд. Дар таърихи кафедра аввалин мудири кафедра дотсент Дарвозиев М.Д. солҳои 1989-2007 ёдрас мегардад. Солҳои 2007-2008 Авѓонова Х.Х. ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра интихоб гардид. Баъдан роҳбарии кафедра ба зимма дотсент Саидов М.Қ. солҳои 2009-2014 вогузор гардид. Баъди анҷоми муҳлати таъиншуда барои устод Саидов М.Қ. масъулияти вазифаи мудири кафедра ба зиммаи дотсенти кафедра Забиров Р.Ѓ. солҳои 2014-2015 гузошта шуд. Давоми солҳои 2015-2021  Азимов М.Л.  вазифаи мудири кафедраро ба зимма дошт. Аз моҳи феврали соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраро дотсент Бобокалонов Ҷ.М. ба ӯҳда дошт ва аз моҳи апрели соли 2023 вазифаи мудири кафедраро н.и.б., дотсент Бутаев М.Қ. ба уҳда дорад.

Вазифаи асосии кафедра ба омӯзиши қонунҳои табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои он, муносибати байниҳамдигарии ҷузъҳои зинда бо ҳамдигар ва муҳити зист, ҳамчунин мавқеи Homo sapiens дар биосфера равона шудааст.

Соли 1996 кафедраи умумидонишгоҳии экологияро ба кафедраи экология табдил дода, ба сохтори факултети номбурда дохил карданд. Дар давоми солҳои сипаришуда олимони зиёди ин соҳа ба монанди: А.С. Давлатов, А. Эргашев, М.Д. Дарвозиев, Х. Ҳурматов, Х. Дадабоев, М. Хоҷамова, М.Қ. Саидов, П. Зайдов дар инкишофи он ҳиссагузоранд. Дар баробари устодони кафедра меҳнати олимони шинохтаи тоҷик – Қ.А. Алиев, Ҳ. Ҳисориев, З.К. Кобулиев, С.Ю. Юнусов, Б.О. Ҳомидов, Б. Мирзоев, Н. Сафаров, А. Ашуров хеле назаррас аст. Баъзе дарсҳои озмоишгоҳӣ ва амалии донишҷӯёни кафедра дар заминаи озмоишгоҳҳои Агентии марказии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмоишгоҳҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмоишгоҳҳои Пажӯҳишгоҳии масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва ѓайра гузаронида мешаванд.

Дар кафедра нахустин китобҳои дарсӣ аз фанни экология ба забони давлатӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ «Асосҳои экология ва ҳифзи табиат» – Ҳ. Сафаров, М. Дарвозиев, А. Давлатов, М. Саидов, Х. Ҳурматов, 1997; «Ҳифзи табиат» – А. Давлатов, М. Дарвозиев, 1997; «Асосҳои экология» – А. Давлатов, 2005; Луѓати экологӣ – М. Саидов, 2001; «Экологияи популятсионӣ» – А. Давлатов, 2010; «Географияи биологӣ» – А. Давлатов, 2012; «Экология барои синфи 9-ум» – А. Давлатов, М. Саидов, М. Дарвозиев, М. Сафаров, 2013; «Морфологияи растаниҳо» – А. Давлатов, Р. Сатторов, 2013; «Асосҳои экология» (нашри дуюм) – А. Давлатов, 2014; «Летняя учебно-полевая практика по ботанике». Методическая указания (для студентов 1-го курса биологического факультета. А. Давлатов, Г. Наҷмидиновна, 2014. «Экология асоси истифодаи оқилонаи сарватҳои табиат» – А. Давлатов, 2015; «Экология барои факултетҳои ѓайрибиологии донишгоҳҳо» – А. Давлатов, М. Саидов, К. Исоев, Ҳ. Содиқов, 2018; «Роҳнамо аз фанни экология барои омӯзгорони мактабҳои миёна» – А. Давлатов, М. Саидов, 2018; «Экология барои синфи 9-ум» – А. Давлатов, М. Саидов, М. Дарвозиев, 2018; «Экология барои факултетҳои иқтисодии мактабҳои олӣ» – Давлатов А., Муҳиддинов Б., 2020; «Пайдоиши биосфера ва нигоҳдории он» А. Давлатов, 2022; «Экологияи кишоварзӣ» И.М., Саидов Г. Раҳмихудоев, 2017;  Монографияҳои илмӣ «Флора и растительность заповедника «Тигровая балка»». А. Давлатов, 2020; «Атласи растаниҳои шифобахши Тоҷикистон» Ҷ.1. 2021; Клеточная селекция на устойчивость к стрессу Х.Х. Авѓонова, 2023 ба табъ расида буд.

Кафедра бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим бори аввал ҳамаи барномаҳои таълимии кафедраро иборат аз 27 фанни таълимӣ дар шакли китоб аз чоп бароварда буд. (Барномаҳои таълимии фанҳои ихтисоси экология. Душанбе, 2010). Барои гурӯҳҳои низоми таҳсилоти кредитӣ бошад, силлабусҳо ва саволномаҳои тестӣ омода намуда, рӯйи чоп овардаанд, ки ҳанӯз ҳам мавриди истифода қарор доранд. (Маҷмӯи саволҳои тестӣ аз фанни экология. Душанбе, 2010; Экология (дастури таълимӣ барои донишҷӯёни факултетҳои гуманитарии мактабҳои олӣ). Душанбе, 2010).

Дар назди кафедра ҷамъияти илмии донишҷӯён таҳти роҳбарии н.и.к., муаллими калони кафедра Саидов И.М., ки дар иҷро ва натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ фаъолият мекунад. Самти дигари фаъолияти кафедра ин тайёр намудани мутахассисони баландихтисос тавассути таҳсил дар шуъбаи аспирантура ва докторантура (доктор PhD-ӣ) мебошад.

Дар кафедра соли ҷорӣ маҳфили илмӣ бо номи «Набзи табиат» таҳти роҳбарии дотсенти кафедра Саидов М.Қ. ва «Экологони ҷавон» таҳти роҳбарии и.в. дотсент Азимов М.Л. амал менамояд, ки ин маҳфилҳо дар солҳои фаъолияти хеш миззи мудаввар, мулоқот, вохӯриҳо ва семинарҳои илмӣ ташкил менамоянд. Дар Воситаҳои Ахбори Омма устодони кафедра пайваста иштироки фаъол дошта, дар баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолии кишвар саҳми сазовор доранд.

Самти илмӣ – тадқиқотӣ: кафедраи экология корҳои илмӣ-таҳқиқотиро соли 2021 дар мавзӯи:«Гуногунии биологӣ, вазъи экологӣ ва таъсири омилҳои экологӣ ба экосистемаҳои Резервати биосферии «Ромит»» – ро оѓоз бахшид. Мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии кафедра аз панҷ фасл иборат буда, роҳбари илмии мавзуъ дотсент Саидов М.Қ. интихоб гардида буд.

ҲАЙАТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ

Мудири кафедра н.и.б., дотсент Бутаев М.Қ
Тел.: 938-01-00-30
E-mail.: butaev-dmt@mail.ru
ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ,
к. Н. Қарабоев, х.29, ҳуҷ. 11

Бутаев Маҳмадшариф Қодирович(25.10.1971) дар деҳаи Бобосафолӣ ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети Боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур (1997). Ҳамзамон хатмкардаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ соли 2005 (ҳозира Донишгоҳи молия ва иқтисод). Солҳои 2011-2014 ассистенти кафедраи «Ҳимояи наботот» – и ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур. Бутаев М.Ќ. фаъолияти хешро баъди хатми ДАТ ба номи Ш. Шоњтемур аз хољагии давлатии «Гулистон»-и ноҳияи Шурообод (ҳозира ноҳияи Ш. Шоҳин) ба ҳайси агроном-энтомолог ва агроном боғпарвар (1997-2001), сарагрономи Ассотсиатсияи х/д (фермерӣ)-и ноҳияи Шурообод (2001-2004), ёрдамчии агроном дар «Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кўҳистон» дар ноҳияи Шуробод (2004-2006), корманди қарзӣ ва хазинадор дар филиали ҶСП «Аввалин Бонки молиявии хурд» дар шаҳри Кўлоб (2006-2011). Аз соли 2014 ассистенти кафедраи экологияи ДМТ. Соли 2022 рисолаи номзадии худро дар мавзўи “Особенности микроклонального размножения граната (PunicagrаnatumL.) и инжира (FicuscaricaL.) в культуре invitro “аз рўи ихтисоси 03.01.05-физиология ва биохимияи растаниҳо ШД 6D КОА – 038 ҳимоя намудааст. Номзади илмҳои биологӣ. Дар давоми фаъолияти корҳои илмӣ-омӯзгориаш Бутаев М.Қ., зиёда аз 10 – мақолаи илмӣ, 20 – фишурдаҳои илмӣ ва 4 – дастури таълимӣ-методӣ ба табъ расонидааст.

Дотсенти кафедра
Тел.: 918-48-69-00
E-mail.: davlatov-abdullo20@mail.ru
ш. Душанбе кўчаи Ҷ. Расулов 67,
бинои 3, х-12

Давлатов Абдулло (19.08.1935) зодаи деҳаи Тиёни ноҳияи Ховалинг, собиқ вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Давлатов А. соли 1955 омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро хатм намуда, солҳои 1955-1956 ҳамчун директори мактаби миёнаи нопурраи ба номи Суворови н. Ховалинг фаъолият кардааст. Солҳои 1956-1959 дар Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат намудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 1964) ва аспирантура дар назди кафедраи ботаникаи факултети биологияи Донишгоҳ (соли 1967). Ихтисос биолог-ботаник.

Давлатов Абдулло аз соли 1967 то соли 1989 дар вазифаи омӯзгор, омӯзгори калон (аз соли 1970), дотсенти кафедраи ботаникаи факултети биологияи Донишгоҳ (аз соли 1983) фаъолият намудааст. Соли 1979 рисолаи номзадиро дар мавзӯъи «Растительный покров заповедника «Тигровая балка» аз рӯи ихтисоси 03.00.05 – Геоботаник дифоъ намудааст. Аз соли 1989 то ба имрӯз дар вазифаи дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии экология адои вазифа карда истодааст. Корҳои муҳими илмию методии аз ҷониби ӯ ба нашр расида, беш аз 100 – номгӯи мақолаҳо, монография ва дастурҳои таълимию методӣ, китобҳои дарсӣ баробар буда, ба омӯзиши флора ва набототи мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», вазъи имрӯза, истифодаи оқилона ва ҳифзи сарватҳои биологӣ, таҳқиқи муҳити табиӣ бахшида шудаанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ: Муаллифи 11-китоби дарсӣ, 2-монографияи илмӣ, 8-маводҳои таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 80-мақолаҳои илмӣ.

Мукофоту ҷоизаҳо: Ифтихорномаи Шӯрои Олии Республикаи Тоҷикистон, 1985; Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2012; Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2017; Сипосномаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2021.


Дотсенти кафедра
Тел.: 918-14-88-14
E-mail.: sadikov.1952@mail.ru
ш. Душанбе кучаи Ак. Раҷабовҳо 4/10

Содиқов Ҳусейн Хидиралиевич 11.05.1952, зодаи ноҳияи Хуросон деҳаи Даҳанакиик. Аз хонадони хизматчӣ. Солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи №15. қ. XVIII партъсиезд-и пос. Уялӣ собиқ ноҳияи Куйбышев (ҳозира Хуросон). Хатмкунандаи факултети биологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (1975), Мактаби олии бехатарии шаҳри Москва (1978), Донишгоҳи молиявию иқтисодии Тоҷикистон (1999), факултети Ҳуқуқшиносии ДМТ (2010). Вазорати Бехатари Давлатӣ (1977-2000), Сардори раёсати бехатарӣ ва Мушовири калони бехатарии БМТ (2000-2006), Сардори шӯъбаи амният ва бехатарӣ, муаллими калони кафедраи эклогияи факултети биологияи ДМТ (аз 2008). Аз соли 2012 то ҳол дотсенти кафедраи экологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Муаллифи 5 – маводҳои таълимӣ-методӣ, 1 – монография ва зиёда аз 25 – мақолаҳои илмӣ ва инчунин сармуҳаррири китобҳои илмии Аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.б., профессор Исмоилов М.И. Экологияи оммафаҳм. Душанбе: «Дониш», 2013. – 201с. ва “Муайянкунандаҳои растаниҳои ҳавзаи дарёи Варзоб”. Душанбе, 2014. – 450с. мебошад.

Мавзӯи пешниҳодшуда: «Арчовники бассейна реки Искандер (Таджикистан)» аз рӯйи ихтисоси 03.00.05 – Систематика, Шӯрои диссертатсионии ДКН №169827, Серия РАН №725/нк-26, 12.11.2012, Центральный Сибирский ботанический сад Федератсияи Россия.

Мукофоту ҷоизаҳо. Ифтихорномаи ДМТ, 2018-2002; Ифтихорномаи фахрии Совети олии ИҶШС, 1985; Медали аълочии сарҳадбонони ИҶШС, 1983, Ифтихорномаи фахрии КДАМ ҶТ, 1990; Ҳамчун иштирокчии ҷанги Афѓонистон ва Воин-интернатсионалист, 1979-1981. Бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, 1986 ва зиёда аз 25 – ордену медалҳо сарфароз гардидааст.


Дотсенти кафедра
Тел.: 93-793-86-66
E-mail.:
ш. Душанбе, кўчаи Чортут – 91

Саидов Мурод Қурбонович(10.08.1958) дар ноҳияи Айнӣ, деҳаи Каздон таваллуд шудааст. Номзади илми биология (1988), дотсент (2003). Хатмкардаи ДДТ (1982) ва аспиратураи АИ ҶТ (1987). Солҳои 1982–1989 дар шӯъбаи захираҳои наботот ва экологияи Пажӯҳишгоҳи набототшиносии АИ ҶТ ба ҳайси аспирант, ходими хурд ва ходими калони илмӣ фаъолият кардааст. Аз моҳи сентябри соли 1989 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: 1989 – 1990 ассистент, 1990 – 1993 муаллими калон, аз соли 1993 – 2009 дотсент, аз соли 2009 то соли 2014 мудири кафедраи экологияи факултети биологияи ДМТ ва аз моҳи феврали соли 2014 дотсенти кафедраи экология. Муаллифи 1 – асари илмӣ, 6 – дастурҳои таълимӣ, 20 – мақолаҳои илмӣ, методӣ, фишурдаҳо ва оммавӣ мебошад. Муҳаррири 4 – асари илмӣ ва 3 – китоби таълимӣ мебошад. Бо нишонаи сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2006), «Аълочии ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018) мукофотонида шуда, аз соли 2012 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.


И.в., дотсенти кафедра
Тел.: 919-04-92-73
E-mail.: murodazimov.74@mail.ru
ш. Ваҳдат дењаи Заргар

Азимов МуродалӣЛақайевич(18.07.1974) дар шаҳри Ваҳдати деҳаи Заргар таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1996). Аз соли 1996 -1997 муҳаққиқи кафедраи биохимия. Аз соли 1998 то 2004 ассистенти кафедраи биохимия. Аз соли 2005 муаллими калони кафедраи экология. Соли 2016 иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи экология. Аз соли 2015 то соли 2016 муовини декан оид ба таълим. Аз соли 2016 то соли 2022 мудири кафедраи экология. Соли 2013 ҳамчун коромӯз рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Некоторые биохимические особенности устойчивых к NaCl растений картофеля in vitro и in vivo», 2012 дифоъ намудааст. Дар давоми фаъолияти илмӣ – омӯзгориаш Азимов М.Л. зиёда аз –50 мақолаҳои илмӣ, фишурда, 1-китоби дарсӣ ва 4 -дастурҳои таълимӣ ба табъ расонидааст.


И.в., дотсенти кафедра
Тел.: 918-38-86-18
E-mail.: avgonova74_01@mail.ru
ш. Душанбе кўчаи Лучоб – 55

АвғоноваХолисаХокироевна (13. 01. 1974) дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2000). Соли 2003 аспирантураи АИ ҶТ хатм намудааст. Соли 2006 рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи «Изучение физиолого-биохимических механизмов устойчивости растений картофеля к высокой температуре с использованием клеточной технологии» аз рӯи ихтисоси 03.00.12 – физиологияи растаниҳо ҳимоя намудааст. Солҳои 1993-2000 лаборанти калон, солҳои 2000 – 2003 аспиранти кафедраи экология, солҳои 2003-2006 ассистент, аз соли 2006-2013 муаллими калон ва аз соли 2016 то ин ҷониб дар вазифаи дотсенти кафедраи экология фаъолият менамояд. Муаллифи зиёда аз 30 – мақолаҳои илмӣ, фишурдаҳо ва корҳои методӣ мебошад.


И.в., дотсенти кафедра
Тел.: 93-800-68-77
E-mail.: parvin-mad@mail.ru
ш. Душанбе, ноњияи Сино, к Ҳ. Шерозї, х. 8

Қурбонова Парвина Абдураҳмоновна (1.09.1975) дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ таваллуд шудааст. Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғро соли 1999 тамом кардааст. Ихтисосаш биолог, номзади илмҳои биология. Рисолаи номзадии худро соли 2012 – ум дар шаҳри Новосибирск дар мавзўи «Альгофлора водоемов бассейна р. Гунт (Памир)» аз рўи ихтисоси 03.02.01 – Ботаник дифоъ намудааст. Аз соли 1999 то 2014 аспирант, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ, мудири шуъбаи гербарияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи АИ ҶТ кор ва фаъолият намудааст. Аз сентябри соли 2014 то 2019 ба ҳайси муаллимаи калон ва аз соли 2019 то ба имрўз дотсенти кафедраи экология ба фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва тарбияи љавонон машғул аст. Муаллифи 1-монография, 2-китоб ва 3-дастури методӣ –таълимӣ буда, зиёда аз 60 мақола ва фишурдаҳои илмӣ дорад, ки 11- тои онҳо дар хориҷи кишвар (Олмон, Чин, Россия) аз чоп баромадаанд. Дар конфронсҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар иштирок карда, баромадҳои илмӣ кардааст.

Дорандаи якчанд сертификати байналмилалӣ аз ҷумла:

1. German Institute of Genetics and Culture of Medicinal plants;

2. National Institute of Micro, Small and Medium Enterprises (ni-msme) in Hyderabad, India. International Executive Development Programmer on “Planning and Promotion of Agro and Food Enterprises;

3. IABG, “Botanical Garden Development and Management” Training Course September 4th to September 29th, 2017, Chanzhan Botanical Garden, Shanghai (China).

«Аълочии маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2020).

Муаллими калон
Тел.: 988-86-56-88
E-mail.: islomiddin.saidov1983@mail.ru
Ноњияи Файзобод, дењаи Кабкрез

Саидов Исломиддин Маҳмудович 26.04.1983дар ноҳияи Файзободи деҳаи Кабкрез таваллуд шудааст. Соли 2000 мактаби миёнаи №5 ноҳияи Файзободро хатм намудааст. Соли 2000 ба сафи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, донишгоҳи мазкурро соли 2005 хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ соли 2006 бо пешниҳоди раиси КАХ-и имтиҳони давлатӣ ба шуъбаи аспирантураи донишгоҳ дохил шуда, онро соли 2008 хатм намудааст. Саидов И.М. фаъолияти кориашро аз Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон оѓоз намудааст. Аз соли 2009 то соли 2021 ассистент, аз соли 2021 то имрӯз ба ҳайси муаллими калон дар кафедраи экологияи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти илмию педагогӣ дорад. Саидов И.М. дорои 1 – китоби дарсӣ, 2 – дастури таълимию методӣ ва зиёда аз 40 – мақолаи илмӣ мебошад.

Мавзӯи илмӣ – таҳқиқотӣ: соли 2020 дар мавзӯи «Технологияи парвариши марҷумак (Fagopyrum esculentum M.) дар шароити минтақаи наздикӯҳии Тоҷикистони Марказӣ» номзади илмҳои кишоварзӣ аз рӯйи ихтисоси 06.01.01 – зироаткории умумӣ, растанипарварӣ, Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-015 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ҳимоя кардааст.

Ассистент
Тел.: 880-800-242
E-mail.: gurdofarid.1987@mail.ru
ш. Душанбе, к. Булвар Маяковский, 10, хонаи 43

Сабурова Гурдофарид Наќибовна (01.04.1987) дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2009). Аз соли 2009 то 2012 муаллими мактаби миёнаи № 34 ноҳияи Айнӣ, аз соли 2012 то инҷониб ассистенти кафедраи экологияи факултети биологияи ДМТ. Муаллифи зиёда аз 2 – мақолаҳои илмӣ, методӣ, фишурдаҳо ва 1 – дастури таълимӣ- методӣ мебошад.