Кафедраи физиологияи растаниҳо

Омӯзиши масъалаҳои физиологияи растаниҳо дар Тоҷикистон ҳамчун илм аз соли 1951 шуруъ мешавад. Нахустин муасисаҳои илмие, ки дар самти физиологияи растаниҳо фаъолият мекарданд, инҳо шуъбаи физиологияи растании Институти ботаникаи АИ ҶТ (соли 1951) ва кафедраи физиологияи растаниҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳозира Донишгоҳии миллии Тоҷикистон  (соли 1954) мебошанд.

Кафедра физиологияи растаниҳо соли 1954 таъсис ёфта, аввалин мудири он номзади илмҳои биология, дотсент Порфири Порфириевич Чуваев (солҳои 1954-1955) буд. Минбаъд роҳбарии кафедраро дар давраҳои гуногуни фаъолият намудани он – номзадҳои илмҳои биология, дотсентон: Каминская М.А. (солҳои 1955-1962), Шеглова В.Ф. (солҳои 1962-1975), Ниматҷонова К.Н. (солҳои 1975-1986), Бобоҷонова С.А. (солҳои 1986-1992), Бобоҷонова М.А. (1992-2009) Сайфудинов А.Ќ. (солҳои 2009-2018),  Ќиёмзода  З.С.  (аз январи соли 2019 то сентябри 2020) ва аз моҳи сентбри соли 2020 ин ҷониб  н.и.б.,  Холова Ш.С. роҳбарии кафедраро ба  уҳда дорад.

Кафедра аз давараи таъсисёбии худ бисёр олимонро дар соҳаи илми биология ва физиология растаниҳо ба камол расонидааст.

          Ҳанӯз аз давраи аввали таъсисёбии кафедра дар ташаккулёбӣ ва муайян намудани самти фаъолияти илмӣ-таҳќиќотии он олимони барҷастаи собиќ умумииттифоќ, аз ќабили Николай Владимирович Тимофеев-Рисовский, А.А. Ничипорович, Адолф Трофимович Мокроно-сов, Алла Карловна Романова, Валин Ильич Кефели ва бисёр дигарон саҳми намоён гузоштаанд.

          Соли 1988 дар назди кафедра Лабораторияи илмӣ-таҳќиќотии «Ферментология» таъсис дода шудааст, ки роҳбарии онро низ М.А. Бобоҷонова ба ӯҳда доштанд.

          Ба фаъолият даровардани чунин лабораторияи илмӣ-таҳќиќотӣ дар назди кафедра, минбаъд яке аз самтҳои илмӣ-таҳќиќотии онро  омӯзиши хусусиятҳои сохти функсионалии ферментҳои ибтидоии фотосинтез дар шаклҳои аз ҷиҳати ҳосилнокӣ тафовутдоштаи  растаниҳо ишѓол менамояд. Дар асоси натиҷаҳои илмии ба даст овардашуда дар кафедра тассавуротҳои навин доир ба ферментҳои ибтидои фотосинтез баён карда шудааст.

          Натиҷаҳо аз рӯи ҳосил намудани маҷмӯаҳои мултиферментӣ аз ҷониби ферментҳо ва муайян намудани тестҳо барои интихоб кардани растаниҳо пешкаши илм гардонида шудаанд. Аз рӯи мавзӯи илмии ин самти таҳќиќотӣ аз ҷониби устодон ва кормандони кафедра беш аз 250 номгӯи асарҳои илмӣ дар нашрияҳои байналхалќӣ, собиќ нашрияҳои умумиттифоќӣ, дар нашрияҳои ҷумҳуриявию умумидонишгоҳӣ ба табъ расонида шудаанд.

          Таҳти сарварии бевоситаи М.А. Бобоҷонова рисолаҳои номзадию доктории Наталя Павловна Бакаева, рисолаҳои номзадии Акобир Кари-мович Мирзораҳимов, Маҳмадтоир Саидович Нарзуллоев ва Хосият Тоҷибоева дифоъ карда шудаанд. Бобоҷонова М.А. асосгузори аввалин ва ягона мактаби энзимологҳо дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки он имрӯзҳо шӯҳрати умумиҷаҳониро касб карда, ва худи ӯ бошад узви вобастаи АУ Ную-Йорк интихоб гардидааст.

          Устодони кафедра дар конгресҳо, съездҳо, конференсияҳо ва симпозиумҳои байналхалќӣ ва ҷумҳуриявии физиологҳо, биохимикҳо ва генетикҳо бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудаанд.

          Дар байни дастпарварони кафедра олимони машҳури ҷумҳурӣ ва устодони забардасти донишгоҳро ба монанди академики АИ ҶТ, профессор Пӯлод Ҷӯраевич Усмонов, узви вобастаи АИ ҶТ, профессорон: Ќ.А. Алиев ва М.М. Ёќубова, докторҳои илми биология, профессорон К.Н. Ниматҷонова, С.Н. Маҳмадбеков, Раҳмихудоев Г., шодравон дотсентони кафедра А.Р. Эгамбердиев, Д.Т. Толибеков ва чанде дигаронро ном бурдан мумкин аст, ки дар бунёди илми биологияи тоҷик ва тайёр намудани садҳо мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда доранд.

          Имрӯзҳо дар байни устодони кафедра ва факулта дастпарварони зерини онро ба монанди д.и.б профессорон: Бобоҷонова М.А.,  Эргашев А., д.и.б., Мирзораҳимов А.К., номзадҳои илми биология, дотсентон: Нарзуллоев М.С., Сайфудинов А.Ќ., Сайдализода С.Ф.,  муаллими калон: Ниматова Н. ва ассисентон: Усмонова Н.С., Саломиён К.М. ва  Шехвалиев Р.,  ки фаъолияти илмӣ-омӯзгории хешро зоҳир намуда  истодаанд, метавон бо ифтихормандӣ ном бурд.

ҲАЙАТИ КАФЕДРА

Мудири кафедра
xolova-1978@mail.ru
+992550-05-54-88
ш. Душанбе, н.Сино, кӯчаи Навбҳор 1/2  ҳуҷ. 19                     
                    

Холова Шарифамо Сайдаҳтамовна 24 августи соли 1978 дар шаҳри Кулоб ба дунё омадааст.  Баъди хатми мактаби миёна соли 1995 ба  Донишгоҳи давлатии   Кӯлоб ба номи А.Рӯдакиро дохилшуда онро  соли 2001 хатм кардаас.  Аз сол  2008 то соли 2010 ба ҳайси муалллимаи мактаби миёнаи раќами №2 ш.Кӯлоб кор ва фаъолият намудааст.  Соли  2010  дар вазифаи ассистенти кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДМТ кор ва фаъолият намудааст.  Солҳои  2016-2019 ҳамчун раиси Шӯрои занон ва духтарони факултетро ба уҳда дошт. Соли 2019 рисолаи номзадии худро дар мавзуи  «Биологические особенности некоторых представителей семейства Cucurbitaceae Juss. и их интродукция в Центральном Таджикистане»  ҳимоя намудааст. Аз моҳи сентябри  соли 2020 мудири кафедраи физиологияи растаниҳоро ба уҳда дорад.   Дар тули фаъолияти илмиаш  муаллифи зиёда аз 100 маќолаҳои илмӣ ва 1 монаграфия мебошад.

           


тел: 2217432
шаҳри Душанбе, н. И.Сомонӣ  кӯчаи Бухоро 22 ҳуҷраи  4
д.и.б., профессор

Бобоҷонова Муҳаббат Абдураҳмоновна  27 июни соли 1939 дар шаҳри Хуҷанди Вилояти Суѓд ба дунё омадааст.  Соли  1956  ба факултети биология ва хокшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳозира Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург) дохилшуда  онро  соли 1961 хатм намудааст.  Солҳои  1961-1964  аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои  1964-1972 ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи физиология ва биофизикаи растаниҳои АИ ҶШС Тоҷикистон (ҳозира Пажӯҳишгоҳи физиологияи растаниҳо ва генетикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон) кору фаъолият намудааст.  Солҳои  1972-1974 муаллимаи калони кафедраи физиологияи растаниҳои ДДТ ба номи В.И.Ленин (ҳозира ДМТ) фаъолият дорад.  Солҳои   1974-1988 дотсенти кафедраи биохимия ва роҳбари гурӯҳи илмии «Ферментология» кафедраи биохимияро ба уҳда дошт.     Соли 1988 ба ҳайси дотсенти  кафедраи физиологияи растаниҳо коро оѓоз намуда  зери  роҳбари  ӯ лабораторияи илми-тадкикотии «Ферментологияи» дар назди кафедраи физиологияи растаниҳо таъсис дода шуд.  Бобоҷонова М.А.  аз соли 1992 то соли 2009  дар вазифаи мудири кафедра кор ва фаъолият  намудааст. Муаллифи зиёда аз 300 маќолаҳои илмӣ, 3 -дастури таълимӣ, роҳбари 4-рисолаи номзади ва 3-рисолаи доктори мебошад. Аз соли 1962 то ҳол роҳбари корҳои илми кафедра дар мавзуъи «Механизмҳои физиологи ва биохимияви фаъолноки ферментҳои фотосинтез вобаста бо ҳосилнокии растаниҳо»  мебошад.


тел: 988311408
ergashev1942@mail.ru
ш. Душанбе,  кучаи  Асадулло Ѓуломов,  х/18а, хуҷ. 19
доктори илмҳои биология, профессор.

Эргашев Абдуллоҷон

          2. 06. 1942  дар шаҳри Конибодоми  Вилояти Суѓд ба дунё омадааст. Солҳои 1948 -1964 донишҷӯи шӯъбаи рузонаи Донишкадаи  педагогии ба номи С.М  Кирови  Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд)- ро хатм кардааст.  Солҳои 1964-1969           лаборанти калони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадќиќотии зироаткории Вазорати кишоварзии ҶТ мебошад. Аз соли 1975 то 1982 ходими калони илмӣ ва мудири лабораторияи тадќиќотҳои агрономии ҳамин пажуҳишгоҳ кор ва фаъолият кардааст.  Солҳои 1982-1991 ҷонишини сарраёсати илмҳои хоҷагии ќишлоќ ва ташвиќоти Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи давлатии агросаноатии ҶТ. Дар тули фаъолияти корияш дар дар вазифаҳои  гуногун  кор кардааст: солҳои  1991-1993 дар вазифаи ҷонишини директории генералии Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии «Зироаткор»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор кардааст.  Солҳои 1993-1995 Сардори шӯъбаи тарраќиёти минтаќавии Вазорати иќтисод ва робитаҳои байналхалќии ҶТ, солҳои  1995-2000     сардори раёсати ташкилӣ ва координатсияи  Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, солҳои 2000-2003 корманди Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби ҶТ кору фаъолият намудааст.  Солҳои 2003-2005 профессори кафедраи экологияи ДМТ.  Солҳои  2005-2007 бошад  ҳамчун профессори кафедраи физиологияи растаниҳои кишоварзии Донишгоҳи аграрии Файсалободи Ҷумҳурии исломии Покистон кору фаъолият намуда ба донишҷӯён аз фанҳои тахасусӣ дарс мегуфт.   Аз соли 2007 то ҳол ба ҳайси профессори кафедраи физиологияи растаниҳои ДМТ кору фаъолият дорад. Бояд ќайд кард, ки дар тули фаъолияти илмию омузгориаш муаллифи зиёда аз 250 асару маќолаҳои илмӣ, методӣ ва 8 дастури таълимӣ ва роҳбари 8- рисолаи номзадиро ба уҳда дошт.

тел: +992985-05-41-55
ш. Душанбе, кучаи 50-солагии Тоҷикистон х/19 ҳуҷ. 34
муаллими калони кафедра.

Ниматова Норбибӣ 29.06.1947 дар ноҳияи Ашти Вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 1969 ба Донигоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира ДМТ) дохилшуда онро соли 1975 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Фаъолияти кориашро аз соли 1974 ба ҳайси лаборанти кафедра оѓоз намуда ва соли 1979 то соли 1983 ҳамчун мудири лабороторияи таълимии кафедра кору фаъолият кардааст. Аз соли 1999 то соли 2014 Раиси Шӯрои занон ва духтарони факултет кор кардааст. Солҳои 2010-2015 ҳамчун муовини декан оид ба тарбия кору фаъолият намудааст. Ҳоло баҳайси муаллими калони кафедра фаъолият дорад. Муаллифи зиёда аз 30 маќолаю фишурда, ва 2 ихтироот мебошад.

Номзади илмҳои биология, муалими калон.
Тел: +992907-98-94-95
saidvali-1989@mail.ru
Шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Симиганҷ, деҳаи Тангаи.

Сайдализода Саидвали Файзалӣ 10.11.1989 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Солҳои 2007-2012 донишҷӯи шӯъбаи рузонаи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2012 то соли 2013 ҳамчун лабаранти кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнология кору фаъолият намудааст. Фаъолияти омӯзгориашро соли 2013 ба ҳайси ассистенти кафедра оѓоз намуд. Соли 2020 рисолаи номзадиаашро дар мавзуи «Фаъолнокии ферментҳои фотосинтетики вобаста ба устувории намак ба генотипҳои картошка дар шароити in vitro и in vivo» бо мувафаќият ҳимоя намудааст. Тули фаъолияти кориаш дар вазифаҳои гуногун дар факултет коркардааст. Солҳои 2017-2018 муовини декан оид ба тарбия, аз моҳи сентябри соли 2018 то соли 2019 ба ҳайси муовини декан оид ба таълим дар факултети биология ва аз соли 2020 мушовири академии факултети тиббии ДМТ кору фаъолият карда истодааст. Муаллифи 1 монаграфия, 1 ихтироот, 3 дастури таълимӣ ва зиёда аз 50 фишурдаву маќолаҳои илмӣ мебошад.

Ассистенти кафедра
Тел: +992937-80-07-14
nigina.usmonova.80@mail.ru
шаҳри Душанбе н. И. Сомони Варзоб ГЭС-и боло.

Усмонова Нигина Солеҳовна 14.07.1980 дар ноҳияи Панҷ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро соли 1997 ба факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорид ва онро соли 2001 хатм намудааст. Соли 2002 ҳуҷҷатҳояшро бошад магистратураи факултети биологияи ДМТ ба ихтисоси физиологияи растанӣ супорида онро соли 2004 хатм намудааст. Аз соли 2005 ба ҳайси лаборанти кафедра кору фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2008 ба ҳайси ассисенти кафедра фаъолияти омӯзгориаашро оѓоз кардааст. Муалифи зиёда аз 10 маќолаҳои илмӣ ва фишурдаҳо мебошад.

Ассистенти кафедра
Тел: 501-24-68-68; 987-41-68-68.
salomiyonk@mail.ru
шаҳри Душанбе н. Фирдавсӣ куч. Борбад 98 ҳуҷ. 73.

Саломиён Комрон Муҳаммаддовуд 29 декабри соли 1995 дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Соли 2014 литсейи равияи табию-риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 2014 донишҷӯи шӯъбаи рӯзонаи факултети биологияи ДМТ буда онро соли 2019 хатм намудааст. Фаъолияти кориаашро аз соли 2018 ба ҳайси лаборанти кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биология оѓоз намудааст. Аз моҳи сентябри 2020 ҳамчун ассистенти кафедра фаъолият дорад. Муаллифи зиёда 8 маќолаҳои илмӣ ва фишурда мебошад.