Кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М.

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ ОДАМ ВА ҲАЙВОНОТ

Кафедраи мазкур соли 1948 дар баробари таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Дар баробари қабул намудани донишҷӯёни курсҳои I-ум ва II-юм кафедра фаъолияташро аз соли 1949-ум сар кард, ки устоди аввалини кафедра ассистент Тетюев Виталий Никанорович буд. Кафедра фаъолияти пурраи худро аз соли 1950 сар кардааст, ки барои хондани лексия аз Донишкадаи тиббӣ профессорон Монастырский А.И., Самсонидзе Г.Н. ва дотсент Шаров И.И. даъват шуда буданд. Вақте, ки кафедра фаъолияти пурраи  худро сар кард, аз соли 1954 то 1958 роњбарии онро дотсент Бубнов В.Д. ба ӯҳда дошт. Дар ин давра дар кафедра ҳамагӣ 5-воҳиди корӣ мавҷуд буд, ки аз ин 3-воҳидро устодон ва 2-воҳидро кормандон ташкил мекарданд.

Рушду нумӯи асосии худро кафедра бо роҳбарии олими намоён дотсент Шукуров А.Ш. сар кард. Дар ин давра кафедра бо бисёр мувафаққиятҳои беназир ноил гаштааст. Ин пеш аз ҳама ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, таъмин намудани кафедра бо асбобҳо ва ашёҳои лаборатории муосир равона карда буд. Бо роҳбарии дотсент Шукуров А.Ш. алоқаи илмии кафедра бо марказҳои илмии шаҳрҳои Москва ва Ленинград мустаҳкам ва пурзур гардид. Хусусан олимони донишгоҳи Ленинград мудири кафедраи физиологияи фаъолияти олии асаб профессор Э.Ш. Айрапетянс ва мудири кафедраи эмбриология, профессор Токин Б.П. ва дигарон барои қабул ба аспирантураи  донишгоҳи Ленинград (Ғафуров Б.Ғ., Сафаров Ҳ.М., Бурҳонов Ҷ.Б., Нуритдинов Э. ва диг.) шароит муҳайё намуданд. Ба Шукуров А.Ш. имконият доданд, ки дар шаҳри Душанбе Шӯрои диссертатсионӣ барои дифоъи рисолаҳои номзадии илмҳои биология таъсис диҳад. Шароит фароҳам овард, ки ассистентон Рузиев Т.Р., (1966), Ғафуров Б.Ғ., (1967), Тетюев В.Н. (1969) рисолаҳои номзадиашонро дифоъ намоянд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ (иқтидори) илмӣ-педагогии кадрии кафедра хеле боло рафт. Дар ҳамин давра бо саъю кӯшишҳои зиёди дотсент Шукуров А.Ш., ассистентон Сафаров Ҳ.М., (1972), Нуритдинов Э.Н. (1974), Ғуломова Ш.Х., (1974), Бурҳонов Ҷ.Б. (1975) рисолаҳои номзадиашонро дар шаҳрҳои Ленинград, Тошкент, Душанбе дифоъ намуданд.    

Аллакай дар кафедра 7-нафар устодон дорои унвони илмӣ буданд. Мавзӯи илмӣ «Омӯзиши таъсири омилҳои экологии иқлими гарм дар кори системаи асаб ва узвҳои ҳозима» фаъолияти кафедраро боз ҳам мустаҳкам ва васеъ намуд. Ин имконият дод, ки аз шаҳрҳои Санкт-Петербург, Москва ва инчунин аз дигар шаҳрҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин академикҳоро ба монанди Карамян А.И., Наточин Ю.В., Батуев А.С., профессорон Г.А.Куликов, Т.Н.Соллертинская, И.Г.Карманова, М.Г.Белехова, М.Н.Грузова ва дигарон ба донишҷӯён лексияњои пурмазмуни худро оиди комёбиҳои нав дар соҳаи илмҳои биология аз фанҳои умумӣ, фанҳои тахассусӣ, физиология, гистология, эмбриология лексия мехонданд.

Роҳбарии кафедраро аз солҳои 1975 то 1985 дотсент Ғафуров Б.Ғ. ба ӯҳда дошт. Дар ин давра корҳои илмии кафедра дар самти «Олами ҳайвонот, коркарди масоил ба таври ратсионалӣ истифода бурдани олами зинда» ва масоили «Мутобиқшавӣ ва номутобиқшавии организми одам ва ҳайвонот ба муҳити гуногуни зист. Хусусиятҳои нигоҳдории гомеостаз» боз ҳам ривоҷу равнақ дода шуд. Яъне фикру ақидаи собиқ роҳбари кафедра дотсент А.Ш.Шукуровро ба инобат гирифта дар кафедра ҷо ба ҷо гузории асбобҳои электронӣ бо мақсади боз ҳам васеътару амиқтар омӯхтани ҳолати функсионалии майнаи сари ҳайвонот пурра ба роҳ монда шуд. Дар давраи мудирии дотсент Ғафуров Б.Ғ. корҳои илмии худро дар мавзӯи «Ба таври муқоисавӣ омӯхтани функсияи физиологии фаъолияти олии асаби хазандагон» дотсенти кафедра Сафаров Ҳ.М. ҷамъбаст намуда дар ш. Ленинград соли 1983 рисолаи докториро дифоъ намуд.

Аз соли 1985 то соли 1987 дар муддати на он қадар тӯлонӣ кафедраро дотсентон Нуритдинов Э.Н. ва Бурҳонов Ҷ.Б. роҳбарӣ карданд.

Аз соли 1987 то соли 1991 кафедраро дотсент Рузиев Т.Р. (баъдан доктор, профессор) роҳбарӣ кардааст.

Дар давраи роҳбарии Рузиев Т.Р.  ду аспиранти кафедра Устоев М.Б. соли 1987 ва Дустов С.Б. соли 1988 дар ш. Ленинград ва ш. Москва тадқиқотҳои илмии худро ҷамъбаст намуда, рисолаҳои номзадии худро дар мавзӯъҳои «Нақши мағзи кӯҳан дар фаъолияти мағзи нави хазандагон ва ширхӯрон», «Нақши таламус ва гипоталамус дар фаъолияти рефлектории ҳашаротхӯрон» дифоъ намуданд. Дар ин давра алоқаи илмии донишҷӯён бо роҳбарии доктори илмҳои биология, профессор Сафаров Ҳ.М. бо институтҳои тадқиқотии илмӣ ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград мустаҳкам шуда, 30 донишҷӯёни кафедра таҷрибаомӯзии истеҳсолии худро гузаронида, рисолаҳои дипломӣ дифоъ намуданд. Барои боз ҳам ривоҷу равнақ додани илми физиологияи тоҷик ба Ҳ.М. Сафаров муяссар гашт, ки дар соҳаи тадқиқи физиологияи экологӣ раванди нави тадқиқотҳо зарурият пайдо кард ва бо кӯшиши зиёди ин олими нексиришт дар назди кафедра соли 1989 гурӯҳи илмии «Физиологияи экологӣ» таъсис дода шуд, ки то ҳол арзи вуҷуд дорад ва таҳқиқотҳои илмиро дар соҳаи физиологияи экологӣ идома медиҳанд. Аз натиҷаи корҳои ин гурӯҳи илмӣ 3 рисолаи номзадӣ ва 20 рисолаи дипломӣ дифоъ карда шуданд.

Аз соли 1992 то соли 2006-ум кафедраро олими намоёни соҳаи физиология, академики АМИТ, арбоби илм ва техникаи ҶТ, доктори илмҳои биология, профессор Сафаров Ҳ.М. ба ӯҳда дошт. Дар ин давра Нуритдинов Э.Н. (1992), Рузиев Т.Р. (1993), рисолаҳои доктории худро дар мавзӯҳои: «Тадқиқи экологӣ ва физиологии механизми фаъолияти олии асаби мӯҳрадорон», «Барқароршавии функсияи гурдаҳо дар ҳайвонҳои гуногун» дар ш. Тошканд ва дотсент Ғафуров Б.Ғ. (1992) дар шаҳри Санкт-Петербург рисолаи докториро дар мавзӯи «Системаи гипоталамӣ – қишрии танзими рафтор ҳангоми ташнагӣ» дифоъ намуданд. Ҳамзамон дар давраи ректории Донишгоҳи давлатӣ, баъдан Донишгоҳи миллӣ (1995-2001), академик Ҳ.М. Сафаров  роҳбарии кафедраро низ ба ӯҳда доштанд. Дар ин давра тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмии ҷумҳурӣ рӯ ба тараққӣ ниҳод,  бо кӯшишҳои пай дар пайи Ҳ.М. Сафаров дар назди кафедра Шӯрои илмии диссертатсионии оид ба рисолаи номзадӣ аз физиологияи одам ва ҳайвонот таъсис ёфт. Дар Шӯрои таъсисёфта бо роҳбарии бевоситаи академик Сафаров Ҳ.М. хатмкардагони кафедра Шамсуддинов Ш.Н. (1997), Ахмедова Л.Г. (1998), Каримова Р.Ш. (1998), Комилзода (1998), Шукурова Д.А. (1999), Собиров А.М. (2000), Азимова Г. (2004), Ѓаниев Х. (2004) ва Левашов Р.А. рисолаҳои худро дифоъ намуданд. Бо ёриву кӯшишҳои зиёди ин олими бузург дотсент Устоев М.Б. – ҳоло профессори кафедра, соли 2000-ум рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Ба таври муқоисавӣ омӯзиши функсияи гиппокамп дар фаъолияти интегративии мӯҳрадорон» дифоъ намуд. Соли 2002-юм бошад докторанти кафедра Ниятбеков А.Н. низ рисолаи докториашро дар мавзӯи «Таъсири омилҳои ғизоӣ, гормоналӣ ва экологӣ дар барқароркунии функсияҳои ҳайвоноти калони шохдор» дифоъ намуд. Њамин тавр, дар давраи роҳбарии академик Сафаров Ҳ.М. зиёда аз 10 нафар хатмкардагони кафедра рисолаи номзадӣ ва 3-нафар рисолаи докториро дифоъ намуданд. Дар ин давра алоқаи илмии кафедра бо институтҳои илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Федератсияи Россия аз нав барқарор карда шуданд, ки ин барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи физиология ва морфология саҳмгузор шуд.

Доктори илмҳои биология, профессор Устоев М.Б. солҳои 2006-2016  мудири кафедра ва аз соли 2016 то 27.02.2020 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳда дошт. Бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ ва садорати факултет кафедра ба асбобҳои ҳозиразамон ба монанди электрокардиограф (ЭКГ), электроэнсефалограф (ЭЭГ), термостат, микроскопҳои рушноигӣ, микротом, дистиллятор, РН –метр, тарозуи барқӣ, биохимиявӣ, торсионӣ ва ғайра таъмин карда шуд. Дар соли 2010 дар назди кафедра Шӣрои диссертатсионӣ оиди дифоъи рисолаи номзадӣ ва докторӣ оид ба физиология ва зоология таъсис дода шуд, ки сарварии онро профессор Устоев М.Б. ба ӯҳда дошт. Дар давраи фаъолияти ин Шӯро 13-нафар рисолаи номзадӣ ва докториро дифоъ  намуданд, ки як нафарашон устоди кафедра Холбеков А.Ҷ. (2012) мебошад, ки айни замон вазифаи мудири кафедраи морфологияи факултети тиббии ДМТ-ро иҷро мекунад.  Устоди дигари кафедра Каримов А.И. (2010) дар Шӯрои диссертатсионии биохимия рисолаи номзадиашро бо мувафақият дифоъ кард. Солҳои 2015-2023 вазифаи декани факултети биологияро иҷро мекард. Дар айни замон дар ҳайси профессори кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М. фаъолият мекунад.

Баргузории конференсияҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ, умумииттифоќӣ ва байналмилалӣ доштаро бахшида ба 50-солагии Донишгоњи давлатии миллии Тоҷикистон, 60, 70, 75, 80-солагии физиологи варзидаи љумњурї академики АМИТ, арбоби илм ва техникаи ҶТ, д.и.б., профессор Сафаров Ҳабиб Муродович ва 90-солагии яке аз асосгузорони кафедра профессор Шукуров Адҳам Шукурович нуфузу эътибори онро боз ҳам баланд бардошт.

Хизматҳои академик Ҳ.М. Сафаровро ба назар гирифта ӯро аъзои президиуми ҷамъиятии физиологҳои умумииттифоќии ба номи И.П. Павлов интихоб намуданд.

Ҳамзамон бо пешниҳоди декани факултет, профессори кафедра Каримзода А.И. ҷиҳати пос доштани хотираи устод, раёсати донишгоҳ тибќи фармоиши № 381-09 аз 09.07.2009 барои донишљуёни факултети биология (стипендия) идрорпулии ба номи академик Сафаров Ҳабиб Муродовичро таъсис дод.

Дар кафедра ду маҳфили илмӣ фаъолият мекунанд: Маҳфили «Рефлекс»-ро профессор Устоев М.Б. ва маҳфили «Нерӯ»-ро профессор Каримзода А.И. роҳбари мекунанд. Ҷамъияти илмии донишҷӯён хуб ба роҳ монда шуда, то соли 2015 вазифаи раиси ҶИД-ро собиќ ассистент Саидова С.С., баъдан н.и.б., собиқ муаллими калони кафедра Холбеков А.Ҷ., сониян н.и.б., ассистент Алиева М.Т. ба ӯҳда доштанд.  Айни замон роҳбарии ҶИД-ро н.и.б., муал. калон Ѓаюбов Р.Б. ба ӯҳда дорад. Дар маҳфилҳои илмӣ ва ЉИД-и кафедра мавзӯъҳои муосир баррасӣ карда мешаванд.

 Мусозода Парвина Ҷурахон хатмкардаи кафедраи мазкур, н.и.б., дотсент аз 28.02.2020 то 05.03.2021 вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳда дошт. Аз моҳи марти 2021 бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифаи муовини раиси шаҳри Роғун таъин гардид. Фаъолияти илмиашро низ дар кафедра давом дода истодааст.  

Аз моҳи марти соли 2021 то ҳол, инчунин дастпарвари кафедра, н.и.б., дотсент Ахмедов Д.М. вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳда дорад.

Бо иқдоми навбатӣ роҳбарияти донишгоҳ, фаъолияти хуби илмию таълимии  физиологи варзидаи Ҷумҳурӣ академики АМИТ, арбоби илм ва техникаи ҶТ, д.и.б., профессор Ҳабиб Муродович Сафаровро ба инобат гирифта, бо пешнињоди Шӯрои олимони факултет ва иншироки беҳамтои мудири кафедра Ахмедов Д.М., инчунин бо дастгирии Шўрои олимони донишгоҳ аз 29-уми апрели соли 2022 тањти №10, кафедраи физиологияи одам ва њайвонот ба номи академик Сафаров Њабиб Муродович номгузорї карда шуд.

Айни замон дар кафедра 2 профессор, 3 дотсент, 2 н.и.б., муаллими калон, 1 н.и.б., ассистент, 1 ассистенти беунвон, 3 корманди техникї, 1 доктор PhD, 3 магистр фаъолият мекунанд.

н.и.б., дотсент, мудири кафедра
E-mail: shahzod2009@inbox.ru
Телефон: (+992) 93-140-66-99
ш. донишҷўён, кўчаи Буни Ҳисорак бинои №16, утоқи 312
Ахмедов Даврон Мирзоевич

         29-уми марти соли 1981 дар ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1998-2003 донишҷўи факултети биологияи  Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва якҷоя бо таҳсилот инчунин солҳои 2000-2002 препаратори кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти ДМТ. Солҳои 2002-2003 лаборанти калони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот. Аз соли 2003 ассистенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти ДМТ фаъолият мекард. Соли 2019 рисолаи номзадиро дифоъ намуда аз 2021 и.в. мудир ва аз феврали соли 2022 то ҳол тибқи фармон мудири кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М кору фаъолият дорад.


E-mail: ustoev 1954@mail.ru
Телефон: 981-01-31-71.
ш. донишљўён, кўчаи Буни Ҳисорак бинои №16, утоќи 313
Устоев Мирзо
д.и.б., профессор

1-уми июли соли 1954 дар дењаи Махшевади ноҳияи Айнии вилояти Суғд Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1961 ба мактаби рафта соли 1969 хатм кардааст. Соли 1969-1973 дар омўзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд таҳсил карда, онро хатм намудааст. Соли 1973 – 1975 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Артиши Иттиҳоди Шуравӣ хизмат кардааст. Ва дар давоми хизмат мактаби миёнаи № 105-уми ш. Москваро хатм кардааст. Соли 1975 ба факултети биологияи ДДТ (ДМТ) дохил шуда, онро соли 1980 бомуваффақият хатм кардааст. Аз соли 1980 – 1982 ба ҳайси коромўзи кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот фаъолият намудааст. Аз соли 1983 ба аспирантураи мақсадноки назди институти физиология ва биохимияи эволютсионии ба номи И.М.Сеченови АИ СССР, дар шаҳри Санкт–Петербург дохил шуд. Соли 1986 онро хатм кардааст. Соли 1987 рисолаи номзадиро дар мавзўи: «Омўзиши нақши майнаи куҳан дар фаъолияӣ майнаи нави хазандагон ва ширхўрон» дифо намуд. Соли 1988 ба ҳайси муаллими калон, аз соли 1990 дотсенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот кору фаъолият мекард. Дар соли 2000 рисолаи докториро дар мавзўи: «Ба таври қиёси омўзиши нақши гиппокамп дар фаъолияти интегративи майнаи муҳрадорон» дифо кард.

E-mail: Sobirov 1947@mail.ru
Телефон: 935-68-77-75.
ш. донишҷўён, кўчаи Буни Ҳисорак бинои №16, утоқи 313
Собиров Абдуҷалил Маҷидович
н.и.б., дотсент

Собиров Абдуҷалил 15-уми майи соли 1947 дар деҳаи Гумбулоқи ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Соли 1954 ба мактаби рафта соли 1964 хатм кардааст. Соли 1970 ба факултети биологияи ДДТ (ДМТ) дохил шуда, онро соли 1976 хатм кардааст. Аз соли 1970 – 1978 директори матбааи байни Донишгоҳои олӣ. Аз соли 1996 – 2000 Директории нашриёти Сино, ҳам замон директори боғи ботаникии Донишгоҳ ва мудири озмоишгоҳи илмӣ тадқиқотиро ба уҳда дошт. Соли 2000 рисолаи номзадиро дар мавзўъи «Омўзиши рафтори хазандагон дар ҳолатҳои гуногуни физиологӣ» дифо намудааст. Соли 2011 мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳи. Аз соли 2011 то ҳол дотсенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М. ДМТ фаъолият мекунад.


E-mail: karimov.akobir@inbox.ru
Телефон: (+992) 919-41-64-72
ш. донишҷўён, кўчаи Буни Ҳисорак бинои №16
Каримзода Акобир Изатулло
д.и.б., профессор

18-уми феврали соли 1967 дар ноҳияи Муъминободи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1974-1984 оғоз ва хатми мактаби миёна. Соли 1992 ба факултети биологияи ДМТ дохил шуда, онро соли 1997 бомуваффақият хатм намудааст. Солҳои 1984-1992 коргари совхози «Бустон»-и ноҳияи Муъминобод. Солҳои 1985-1987 хизмат дар сафи артиши Шуравӣ. Солҳои 1992-2002 перепаратор, лаборант, мудири озмоишгоҳ, асиссенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот, мудири анбор, сардори шўъбаи таъминоти донишгоҳ. Солҳои 2002 – 2008 сармутахассис, муовини сардори раёсати маорифи ш. Душанбе. Солҳои 2008-2009 мутахассиси пешбари шўъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи ВМҶТ. Солҳои 2009-2010 мутахассиси пешбар, сармутахассиси раёсати таҳсилоти то мактабӣ ва миёнаи умумии ВМҶТ. Солҳои 2010-2015 муовини декани факултети биология, дотсенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот. Солҳои 2015-2023 декани факултети биология. Аз моҳи майи соли 2023 инҷониб байси профессори кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот кор ва фаъолият дорад.

E-mail: gayubov82@ mail.ru
Телефон: (+992) 93-588-49-48
ш. донишљўён, кўчаи Буни Ҳисорак бинои №16, утоќи 313
Ғаюбов Раљжабали Бобишоевич
Н.и.б., муалл. калон

23-юми апрели 1982 дар ноњияи Файзободи Ҷумњурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1999-2005 донишҷўи факултети биологияи донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва баъд аз хатм соли 2005 лаборанти калони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот фаъолит намудааст. Аз соли 2007 то 2019 ассистенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот. Соли 2019 рисолаи номзадиро дифоъ намуда, то ҳол н.и.б., муаллими калони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ. М. фаъолият мекунад.





E-mail: mairam. al @mail.ru
Телефон: (+992) 918-87-77-96.
ш. донишљўён, кўчаи Буни Ҳисорак бинои №16, утоќи 313
Алиева Майрам Тохировна
к.б.н., ассистент
         17-уми августи соли 1983 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1990 ба мактаби миёнаи №82 дохил шуд. Соли 2000 мактаби миёнаи-экстернати №35-ро хатм намуда ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо номи Абуали ибни Сино факултети умумитиббӣ дохил шуд. Баъд аз хатми ДДТТ соли 2006 ба ҳайси ассистенти кафедраи физиологияи патологии ДДТТ қабул карда шуд. Соли 2014 ба ҳайси ассистенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти факултети биологияи ДМТ оро оғоз намуд . Соли 2021 рисолаи номзадиро дар мавзўи: «Омўзиши стресси эмотсионалӣ ва мутобиқшавии системаи марказї, фаъолияти олии асаб дар донишҷуйн вобаста аз шакли таҳсил» дифоъ намуд. Дар айни замон ҳамчун н.и.б., ассистенти кафедраи  физиологияи одам ва ҳайвонот бо номи академик Сафаров Ҳ.М. фаъолият мекунад.    

E-mail: stoev2016 @mail.ru

Телефон: (+992)  000-66-23-23

ш. донишљўён, кўчаи Буни њисорак бинои №16, утоќи 313

Устоев Бењзод Рањимљонович

н.и.б., муаллими калон

20-уми декабри соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1998 ба мактаби №28-и ба номи М. Норов рафта соли 2009 хатм кардааст. Соли 2009 ба ДМТ факултети биология дохил шуда, онро соли 2014 бомуваффақият хатм кардааст. Соли 2014 ба аспирантураи шўъбаи ғоибонаи ДМТ дохил шуда соли 2019 бо муваффақият хатм намауда, худи ҳамон сол рисолаи номзадиашро дифо намудааст. Аз соли 2014 то 2020 ба ҳайси ассисенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот фаъолият намудааст. Аз соли 2020 то ҳол муаллими калони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Ҳ.М. Сафарови ДМТ фаъолият мекунад.

Телефон: (+992) 935-68-77-75.
ш. донишљўён кўчаи Буни њисорак бинои №16, утоќи 313
Ѓозиева Пахтамо Љалиловна
ассистент
1-уми июни соли 1975 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1982 ба мактаби рафта соли 1992 хатм кардааст. Соли 1994 дар ДДТ (ДМТ) дохил шуда, онро соли 2000 бомуваффақият хатм кардааст. Аз соли 1994 ба ҳайси лаборанти калони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот фаъолият намудааст. Аз соли 2014 то ҳол ассистенти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М. ДМТ фаъолият мекунад.
Телефон: 919-04-63-75.
ш. донишҷўён кўчаи Буни ҳисорак бинои №16, утоқи 301
Сафарова Гулбаҳор Бобомуродовна
Лаборанти калон
9-уми апрели соли 1974 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.  Соли 1982 ба мактаби рафта соли 1992 хатм кардааст. Соли 1994 дар ДДТ (ДМТ) дохил шуда, онро соли 2000 бомуваффаќият хатм кардааст. Аз соли 1994 ба ҳайси лаборанти калони кафедраи зоология фаъолият намуд. Аз соли 2012 то ҳол лаборанти калони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М. ДМТ фаъолият мекунад.