ТАЪРИХИ КАФЕДРА
КАФЕДРАИ БОТАНИКА ҳамсоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (собиқ Университети давлатии Тоҷикистон) буда, аз соли 1948 арзи вуҷуд дорад. Ба кафедра солҳои гуногун олимони номдори ин соҳа О.И. Морозова (1948-1950), П.П. Чуваев (1950-1953), И.Г. Шалит (1954-1957), Ф.Г. Тверитнев (1957-1968), М.И. Исмоилов (1968-1993), В.А. Бобоҷонов (1994-2005), И. Қудратов (2005-2011), А. Ҳалимов (1993-1994, 2011-2015), Сатторов Р.Б. (2016-2022) ва Кароматулои Қ. (2022) сарварӣ намудаанд. Аз моҳи октябри соли 2022 то ҳол сарварии кафедраро н.и.б., дотсент Бобокалонов Ҷ.М. ба ӯҳда дорад.
Кафедра аз давраҳои аввали таъсисёбӣ бо марказҳои калонтарини илмӣ алоҚа пайдо карда, дар тадҚиҚи флора ва набототи Тоҷикистон, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи ботаника саҳмгузор аст.
Дар кафедра олимони варзида, ба монанди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, академик, П.Н. Овчинников, академикҳо Н.В. Смольский, Ю.С. Носиров, У.Х. Холдоров, узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.б., профессор, К.В. Станюкович, В.И.Запрягаева, М.И. Исмоилов дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи ботаника ва экологияи растаниҳо саҳми калон гузоштаанд. Дар ин самт ҳамчунин олимон А.Н. Николаев, Ю.К. Григорьев, Ф.Г. Тверитнев, А.Е. Агаханянс, Ф.Г. Бахтеев, Я.Д. Нагибин, М.Д. Ҷумаев, Н.П. Акульшина, П.П. Чуваев, О.П. Курочкина, О.Н. Елманова, И.Г. Чукавин, Г.Т. Сидеренко, У.К. Маматқулов, М. Назаров, А.Ҷӯраев, С.С. Саидов, М. Д. Дарвозиев, А.С. Давлатов, Л.Р. Батурина, М.К. Хоҷамова, Б. Бобораҷабов, Р.Х. Акрамова, Ш. Соҳибназаров, Н.М. Сафаров, М.Суннатов, Б. Исмоилов ва ғайра саҳми босазо гузоштаанд.
Дар солҳои аввали фаъолияти кафедра (1948-1954) устодони он дар баробари тадриси курсҳои умумӣ мансуб ба тахассуси ботаника, ҳамчунин таълими фанҳои физиология ва биохимияи рустаниҳо, микробиология, генетика, селексия, хокшиносӣ, рустанипарварӣ, ҳайвонотпарварӣ, асосҳои хокшиноси растанипарвари) ва ғайраро ба роҳ монда буданд.
Соли 1954 дар заминаи кафедраи ботаника, кафедраи физиологияи рустаниҳо таъсис ёфтааст. Баъдтар курси зироатпарварӣ ва рустанипарварӣ ба факултети иқтисодӣ ва фанни генетика ба кафедраи биохимия гузаронида шуд. Дар айни замон дар кафедра аз фанҳои анатомия ва морфологияи рустаниҳо, систематикаи рустаниҳои талломӣ ва баргу поядор (олӣ), экологияи рустаниҳо, геоботаника, ҷуғрофияи рустаниҳо, дарахтшиносӣ (дендрология), алгология (ё фикология), микология, биоморфология, флорогенетика, набототи Тоҷикистон ва Оссиёи Миёна, хокшинсӣ, асосҳои хоҷагии ҚишлоҚ ва дигар курсҳои тахассусӣ аз тарафи мутахассисони ин соҳаҳо, докторҳо ва номзадҳои илм таълим дода мешаванд.
Дар давоми солҳои гуногун барои таълими фанҳои мухталифи кафедра аз марказҳои илмии ботаникии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ олимони барҷаста, ба монанди академик А.Л. Тахтаджян, профессорон, Л.Е. Родин, Ю. Акрамов, Т. Васильченко, Н.Ал. Федоров, Р.В. Камелин, И.Х. Байтулин, А.А. Коннов, М.М. Пахомов, Г.Т. Сидоренко, З. Қурбонбеков, М.И. Исмоилов, А.А. Ашуров, Н.М.Назаров даъват шудаанд.
Фаъолиятҳои илмӣ
Самтҳои асосии корҳои илмӣ:
Фаъолияти илмии кафедраи ботаника солҳои аввал таҳти роҳбарии бевоситаи Ф.Г. Тверитнев дар риштаи генетика ва селексияи (дурагакунӣ) растаниҳои мевадиҳанда оғоз гардидааст. Навъҳои гуногуни себ (Тоҷикистон, Розмарин, Блефери пешпазак, Норинҷӣ) (40-8), Зардолуи мӯъҷиза (48-7), Сороҷон (48-26) ва ғ. ба даст оварда шуданд.
Устодони кафедра дар солҳои 1965 то 1984 таҳти роҳбари профессор М.И. Исмоилов ба омӯхтани ҳаматарафаи арчазорони СССР Қадамҳои Қатъӣ гузошта, ба дастовардҳои нодир ноил гаштанд. Бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи ӯ омӯзиши флора ва набототи ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон, ки ба проблемаи асосҳои биологии истифодаи оҚилона ва ҳифзи олами растаниҳо тааллуҚ дошт, ба роҳ монда шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби устодони кафедра солҳои 1970-1987 М.Д. Дарвозиев, А.Ҷ. Ҷӯраев, С.С. Саидов, О.Н. Елманова, А.С. Давлатов, Е.Н. Смолская омӯзиши «Флора ва набототи ҳавзаи рӯди Искандар»-ро мавриди тадҚиқоти ҳамаҷониба Қарор доданд.
Инчунин солҳои 1988 – 1990 аз ҷониби устодону кормандони кафедра «Флора ва набототи мамнӯъгоҳи «Ромит» низ мавриди пажӯҳиш Қарор дада шудааст.
Дар кафедра солҳои гуногун (1960-1990) корҳои илмию тадҚиҚотӣ дар мавзӯъҳои «Флора ва набототи резишгоҳи рӯди Язғулом», «Растаниҳои Қаторкӯҳҳои Дарвоз, Набототи мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», «Флораи Дашти Ҷум», «Флора ва набототи шаху сангрезаҳои Қаторкӯҳи Ҳисор», «Хусусиятҳои экологию биологии фитосенозҳои эфемерӣ ва эфимероидии нишебиҳои ҷанубии Қаторкӯҳҳои Ҳисор», «Латтахорҳои Ҳисору Дарвоз», «Растаниҳои эндемикии таркиби флораи Ҳисору Дарвоз» гузаронида шудаанд.
Дар давоми солҳои 1992-2016 аз ҷониби устодони кафедра (Қудратов И., Раҳимов С., Эргашева Г.Н., Р.Б. Сатторов, Ҷ.М. Бобокалонов, Қодирова И., Аминов Ҷ., Раҳмонов Х., Холова Ш.С., Бобоев Ҷ., Сайдалиев Н.Х.) омӯзиши растаниҳои эндемӣ ва нодири Тоҷикистон Қарор гирифта буд.
Дар асоси натиҷаҳои бадастоварда устодону кормандони кафедра зиёда аз 1300 маҚолаҳои илмию методӣ ва «Муайянкунанда растаниҳои дараи Варзоб»-ро (дар се қисм), дастурҳои методии «Анатомияи растаниҳо», «Морфологияи растаниҳо», «Систематикаи растаниҳои баргу поядор» ҳам ба забони русӣ ва тоҷики ба чоп расониданд. Дар давраи истиҚлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 5 соли охир дар кафедра 2 нафар устодон рисолаи доктор ива 5 нафар асситентон рисолаҳои номзадии худро дифо намуданд.
Фаъолиятҳои таълимӣ:
Баъд аз хатми кафедра, аз рӯи ихтисоси «Биология» ва «Бунёди боғу гулгаштҳо» мутахассис тайёр мекунад. Аз рӯи тахассуси бакалавр – биолог, бакалавр бунёди боғу гулгаштҳо ва магистр – биолог хатм мекунанд.
Омӯхтани фанни ботаника дониши донишҷӯёнро оид ба гуногунии олами наботот мукаммал ва пурра менамояд, ба ҳар як ҳодисаю тағироте ,ки дар олами наботот рух медиҳад, баҳододанро мукаммал менамояд.
Барои мустаҳкам намудани дониши назариявии донишҷӯён аз фанни ботаника дар кафедра мунтазам дарсҳои лабораторию машғулиятҳои амалӣ гузаронида мешавад Дар дарсҳо донишҷӯён бо тарзу усулҳои ҳозиразамон омӯхтани Қисмҳои ҷудогонаи ботаника: анатомия, морфология, систематика шинос мешаванд ва соҳиби дониши мукаммал мегарданд. Дар баробарои гузароидани дарсҳои лабораторӣ аз ботаника ташкил намудани таҷрибаи таълимии саҳроӣ барои пурра аз худ намудани мавзӯъҳои гуногуни морфология ва систематика аҳамияти бузурги илмӣ, таълимӣ ва амалӣ дорад ва ҷаҳонбинии толибилмро васеъ мекунад. Таҷрибаҳои амали саҳроӣ мувофиқи барнома ҳамасола дар пойгоҳи таҷрибавии ДМТ,ки дар дараи Такоби ноҳияи Варзоб воҚеъ аст гузаронида мешавад.
Бакалавр (шуъбаи рӯзона ва шакли таҳсили фосилавӣ)
Фанҳои умуми касбӣ
- Ботаника бо асосҳои дедрология
- Анатомияи растаниҳо
- Морфологияи растаниҳо
- Систематикаи растаниҳо
- Биологияи умумӣ
- Биотехнология
- Зоология ва энтомология
- Биохимия
- Физиологияи растаниҳо
- Физиологияи одам
Фанҳои тахассусӣ
- Экологияи растаниҳо
- Растаниҳои ороишӣ
- Синфи растаниҳои якпалагӣ ва дупалагӣ
- Набототи Точикистон
- Ҷангалшиносӣ
- Ҳифзи олами растаниҳо
- Ороиши манзара
- Геодезия ва хокшиноси
- Манзарашиносӣ
- Растаниҳои. ороишӣ
- Фитопотология
- Бобҳо аз систематикаи растаниҳо
- Архитектураи .манзаравӣ
- Геоботаника
- Фитосенология
- Растаниҳои шифоҳи
- Хокшиноси.бо асосҳои растанипарвари
- Дарахту бутаҳои ороишӣ
- Ҳифзи гулгашту хиёбонҳо
- Гулпарварӣ
- Гуногунии биологӣ
- Геграфияи олами наботот
- Картаграфияи наботот
Магистратура дар самти биология, соҳаи ботаника
Фанҳои умуми касбӣ
- Фалсафа ва методологияи илм
- Педагогика ва психологияи мактаби олӣ
- Информатика (аз рӯи самтҳо)
- Забони лотинӣ
- Дастовардҳои биохимияи муосир
- Механизмҳои танзими морфогенез
- Асосҳои биотехнологияи парвариши ҳуҷайра ва вирусология
- Фаъолияти олии асаб бо асосҳои нейробиология
- Растаниҳои доруворӣ
- Набототи Осиёи Миёна
- Таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ
- Таҷрибаомӯзии илмӣ таҳҚиҚотӣ
- Корҳои илмӣ-таҳҚиҚотӣ
- Таҳияи рисолаи магистрӣ
- Аттестатсияи хатм
Синфхона ва лабороторияҳо
Дар кафедра як синфхона бо тамоми таҷҳизотҳои иноватсинӣ барои дарсҳо назариявӣ ва гербария барои гузаронидани дарсҳои амалӣ, мавҷуд мебошад, ки барои баланд бардоштани сифати таълим истифода мегардад. Инчунин хонаи омӯзгорон ва лаборантон бо тамоми шароити муосир барои омӯзгорон ва донишҷӯён муҳайё мебошад.
Докторантура ва аспирантура
Дар кафедра корҳои илмӣ таҳҚиҚоти дар самтҳои ботаника – 030201,(биоморфология, анатомия, систематика, дедрология, геобатаника) экология-030208, растанипарварӣ-060101 мутахассис тайёр карда мешавад.
Корҳои анҷомдодаи кафедра оид ба тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ:
- Сатторов Р.Б. санаи 14.10.2017 рисолаи доктории худро дар ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемудар дар мавзӯи “Асосҳои илмии баланд бардоштани ҳосилнокии растаниҳои хӯрока дар минтаҚаҳои куҳии Тоҷикистон аз ихтисоси 06.01.01-растанипарвари ҳимоя кардааст.
- Евдакимова Галина Нажмитдиновна санаи 18-апрели 2013 рисолаи доктории худро дар назди факултети биологияи Донишгоҳи давлатии БошҚирдистон, ш. Уфа, куч. Заки Валиди 32, дар мавзӯи “Чӯбростҳои дарахтмонанд дар шароити хушки субтропикии Тоҷикистон: интродуксия, биология, экология ва тарзи истифодаи он”, ихтисоси 03.02.01-ботаника ҳимоя кардааст.
- Давлатзода С.Х. санаи 4.06.2013. рисолаи доктории худро дар назди боғи ботаникии маракзии Новосибирк, СО РАН, куч. Золотодолинская, 101 дар мавзӯъи Намуду авлоди BERBERIS L. дар Тоҷикистон (хусусиятҳои экологӣ-биологӣ оҚилона истифодабарии он), ихтисоси 03.02.01-ботаника, 03.02.08-экология рисола доктории худро ҳимоя кардааст.
- Раҳимов С. санаи 2-октябри 2007 рисолаи доктории худро дар назди боғи ботаникии маракзии Новосибирк, СО РАН, куч. Золотодолинская, 101 дар мавзӯъи “Аломатҳои онтогензи баъзе намояндагони флораи нимсаваннаи Помиру-Олой”, ихтисоси 03.00.05-ботаника ҳимоя кардааст.
- Қудратов И. соли 2004 рисолаи доктории худро дар шаҳри Киев, академияи миллии илмии Украина, институти ботаника ба номи Н.Г. Холодно дар мавзӯи Таҳлили лихенофлораи Тоҷикистон, ихтисоси 03.00.21-микология ҳимоя кардааст.
- Бобокалонов Ҷ.М. санаи 02 июни 2018 рисолаи номзадии худро дар ш.Душанбе, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзӯи Сохти морфологӣ ва устувории инкишофи барги Platanus orientalis L. Дар шароити ифлосии техногении водии Ҳисор (Тоҷикистон), ихтисоси 03.02.01-ботаника ҳимоя кардааст.
- Сайдалиев Н.Ҳ. санаи 14 апрели 2018 рисолаи номзадии худро дар ш.Душанбе, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, дар мавзӯи Ҳосилнокии тапинамбур вобаста бо роҳҳои парвариши он дар шароити водиҳои Ҳисор ва Рашти Тоҷикистон, ихтисоси 06.01.01-растанипарвари ҳимоя кардааст.
- Кароматуллои Қ. санаи 15 апрели 2021 рисолаи номзадии худро дар ш.Душанбе, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. дар мавзӯи Набототи ҳавзаи дарёи Ширкент (Тоҷикистони марказӣ), ихтисоси 03.02.01-ботаника ҳимоя кардааст.
- Раҳмонов Х.С. санаи 21 сентябри 2017 рисолаи номзадии худро дар ш.Воронежи федератсия Руссия, Донишгоҳи давлатии аграрии Воронеж ба номи император Петри-1, дар мавзӯи Биология ва захираҳои Ferula tadshikorum. Pimen, ихтисоси 03.02.14-захираҳои биологӣ ҳимоя кардааст.
- Рисолаи номзадии Бобоев Ҷ.М. дар мавзӯи Гулсангҳои Қисми ҷанубии Қаторкӯҳи Ҳисорпурра омода гардида аз рӯи ихтисоси 03.02.01-ботаника дар арафаи ҳимоя мебошад.
- Маҳрум, собиҚ мудири кафедра Ф.Г. Тверитнев солҳои (1957-1968). Фаъолияти илмии бевоситаи Ф.Г. Тверитнев дар риштаи генетика ва селексияи (дурагакунӣ) растаниҳои мевадиҳанда оғоз гардида, то солҳои 80 –уми асри ХХ идома меёбад. Дар ин давра бо сарварии ӯ навъҳои гуногуни себ (Тоҷикистон, Розмарин, Блефери Бешпазак, Норинҷӣ), Зардолуи мӯъҷиза (48-7), Сороҷон (48-26) ва ғ. ба даст оварда шудаанд. Комиссияи давлатӣ аз байни 10 навъи зардолу 8 навъро чун навъҳои сермаҳсул эътироф карда буд. Дар давраи мудирии дотсент Тверентиев Ф.Г. дар кафедра 4 нафар устодон фаъолият менамуданд: 1 нафар нафар номзадони илм ва 3-нафар асситентон.
- Исмоилов Маҳмуд Исмоилович. Маҳрум, собиҚ мудири кафедраи ботаника (1972-1990). Профессори кафедраи ботаника, доктори илми биологя (2008)., узви вобастаи АУҶТ аз соли 1991 ихтисосаш ботаник-систематик. 7 октябри соли 1929 дар ш. СамарҚанд таваллуд шудааст. Соли 1949 факултети георгафияи ДДУ ба номи Алишер Навоиро бо ихтисоси география хатм намудааст. Мавзӯи рисолаи докториаш: «Можжевельники СССР: ботанико-географическое и систематическое исследование рода Juniperis L. в связи с его происхождением и эволюцией: 03.00.05 дифо кардааст. Аз соли 1976 дотсент, профессор, (1980); мудири кафедраи ботаника ДМТ (1974-1990). Фаъолияти илмии Исмоилов М.И. ба флора, систематика, таксономия, география ва экологияи дарахту буттаҳо бахшида шудааст. Дастовардҳои илмии ӯ дар нашрияҳои Тоҷикистон, Русия, Олмон, Полша ба табъ расидаанд. Ӯ дар конференсияҳои байналхалrӣ (Олмон, Полша, Австрия, Руссия ) иштирок карда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст. Муаллифи 6 монография ва зиёда аз 350 маrолаю фишурдаи илмӣ мебошад.
- Бобоҷонов В. А. СобиҚ мудири кафедраи ботаника (1994-2005). Доктори илмҳои биологӣ (1991). 7 марти соли 1946 дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1967 факултети биологияи ДДТ ба номи В.И. Ленинро бо ихтисоси биолог хатм намудааст. Аз соли 1985 дотсент, профессор, (1994); мудири кафедраи ботаника ДМТ (1994-2005). Фаъолияти илмии Бобоҷонов В.А. ба генетика ва селексияи растаниҳо бахшида шудааст. Муаллифи 4- монография ва зиёда аз 280 маҚолаю фишурдаи илмӣ мебошад. Зери роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд.
- Ҳалимов Абдрасул. Маҳрум ва собиҚ мудири кафедраи ботаника (1993-1994, 2011-2015), номзади илмҳои биология (1986), дотсент. 15 декабри соли 1952 дар ноҳияи Шамсидини Ш. (Шӯробод) вилояти Хатлон тавваллуд ёфтааст ва соли 2016 вафот кардааст. Факултети биологияи ДДТ ба номи В.И.Ленинро соли 1976 хатм кардааст. Аз моҳи августи соли 2003 то моҳи майи 2016 дар кафедраи ботаникаи Донишгоҳи милли Тоҷикистон дар вазифаи дотсент кор мекард. Мавзӯи рисолаи номзадиаш: «Растительный покров центральной части хребта Хазратишох – Таджикистан». Дар соҳаи фитосенология, харитасозии наботот ва экология тадқиқотҳо гузаронидааст. Аз соли 2013 то 2016 ҷонишини декан оид ба шуъбаи ғоибонаро ба уҳда дошт. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2011) мебошад. Миқдори мақолаҳои илмӣ: зиёда аз 70, аз ин миҚдор 6 дастури методӣ як китобро дарбар мегирад.
Ҳамкориҳои кафедра:
Кафедра аз аввали таъсисёбӣ ҳамкории худро бо Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо ва дигар корхонаҳои марбута ба роҳ мондааст, Инчунин бо “Боғи парчами миллӣ”-и Маҷмааи давлатии “Қасри миллати”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати таҷрибаомӯзӣ шартномаи дуҷониба намудааст. Ҳамзамон кафедра хориҷа бо Руссия (Донишгоҳи давлатии милии Воронеж ба номи Петри-1), Бошқирдистон (Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон, Вазорати ҳифзи муҳити зист ва оҚилона истифодабарии сарватҳои табии БошҚирдистон, Мамнугоҳи Ҷумҳурии БошҚирдистон), Узбекистон (Донишгоҳи давлатии СамарҚанд ба номи Шароф Рашидов) ва ғайра ҳамкори дорад.
ҲАЙАТИ УСТОДОНИ КАФЕДРА
Бобокалонов Ҷ.М. санаи 26.12.1986. дар ноҳияи Шаҳринав ч.д. Истиҷлол деҳаи Селбур таваллуд шудааст. Соли 2005 МТМУ№1 ба номи Н.К.Крупскаяро хатм кардааст. Соли 2005 ба факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабул шудааст ва соли 2011 донишгоҳи мазкурро хатм намуда дар вазифаи ассистенти кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДМТ қабул шудааст. Солиҳои 2013-2016 аспирантураро дар назди кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДМТ хатм кардааст. Солҳои 2016-2022 дар вазифаи муовини декан оид ба таълими факултети биологияи (мушовири академии дараҷаи 1-ум) ДМТ фаъолият кардааст. Соли 2022 дар вазифаи дотсент, мудири кафедраи экологияи факултети биологияи ДМТ фаъолият карда, аз соли 2022 то ин ҷониб дар вазифаи мудири кафедраи ботаника фаъолият дорад.
Саттров Р.Б 08.01.1959 дар ноњияи Исфара, вилояти Суғд таваллуд шудааст. Биолог, хатмкардаи ДМТ (1984). Пас аз хатми Донишгоҳ солҳои 1984 -1987 МТМУ №34-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Қўрғонтеппа (ҳозира Хатлон) ба сифати муаллими биология ва химия кор кардааст. Аз соли 1987 то 2001 дар Иттиҳодияи илми истеҳсолии «Тоҷикаэрокосмогеодезия» аз ходими хурди илмӣ то ходими калони илмӣ ва аз соли 2002 то 2003 ба сифати котиби илмии Маркази илмии «Тоҷиккоинот» фаъолият кардааст. Аз соли 2003 то 2015 дотсенти кафедраи ботаникаи ДМТ. Ҳамзамон солҳои 2011 то 2014 ба сифати муовини декан оид ба илм фаъолият намудааст. Солҳои 2016-2022 ҳамчун мудири кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДМТ фаъолият кардааст. Аз соли 2022 ин ҷониб дар кафедраи ботаникаи ДМТ ба ҳайси профессори кафедра фаъолиятнамудаистодааст.
Қудратов И. 07.03.1946 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1969 факултети биологияи ДДТ ба номи В.И. Ленинро бо ихтисоси биолог хатм намудааст. Солҳои 2005-2011 ба ҳайси мудири кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДМТ фаъолият кардааст. Фаъолияти илмии Қудратов И. ба флора, систематика, таксономия, география ва экологияи гулсангҳо бахшида шудааст. Муаллифи як монография ва зиёда аз 100 мақолаю фишурдаи илмӣ мебошад. Ҳоло дар кафедра аз фанҳои «Ботаника», «М0икология», «Таърихи биология», «Систематикаи растаниҳои дараҷаи паст» ва курсҳои тахассусӣ «Лихенология ва микология» дарс медиҳад. Аз соли 2011 то ҳол ба ҳайси профессори кафедра фаъолият мекунад.
Евдакимова Г.Н. 30 .07.1967 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети биологияи ДМТ (1989). Пас аз хатми Донишгоҳ солҳои 1990 то 1993 ба ҳайси аспиранти Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳсил кардааст. Солњои 1994-2001 дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шуъбаи растаниҳои шифои фаъолияти кории худро идома додааст. Муаллифи 50 мақолаҳои илмӣ, монография ва дастурҳои талимӣ мебошад, ки ба масъалаҳои набототшиносӣ, физиологияи ва морфологияи растаниҳо бахшида шудаанд. Аз моҳи августи соли 2001 ин ҷониб дар кафедраи ботаникаи Донишгоҳи Милли Тоҷикистон кору фаъолият дорад.
Давлатзода Сайфиддин Хайриддин. 25-уми сентябри соли 1970 дар деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1988 дар идораи савдои шаҳри Норак ба ҳайси борбардор фаъолияти худро оғоз намудааст Солҳои 1988-1990 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Советӣ хизмат кардааст. Соли 1991 дар мактаби миёнаи рақами 51-и ноҳияи Данғара ба ҳайси сарпешоҳанг кор карда, соли 1991 ба факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ.Ш.Ҷӯраев (ҳозира ба номи С.Айнӣ) дохил шуда, соли 1996 факултети мазкурро хатм намудааст. Солҳои 1996-1998 ба ҳайси ассистенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 1998-2000 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти ботаникаи АИ ҶТ таҳсил кардааст. Солҳои 2000-2005 омӯзгори калони кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии ДАТ шуда кор кардааст. Рисолаи номзадӣ ва докториро солҳои 2005 ва 2013 дар шаҳри Новосибрскии Шуъбаи сибирии Академияи илмҳои Федератсияи Россия дифоъ намудааст. Солҳои 2006-2007 дотсенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон шуда фаъолият кардааст. Солҳои 2007-2009 ба ҳайси мудири кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2009-2010 мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф шуда кор кардааст. Солҳои 2010-2014 сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм буд. Солҳои 2014-2015 сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм шуда кор кардааст. Солҳои 2015-2018 дар вазифаи сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то моҳи январи соли 2020 дар вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №45 аз 24 январи соли 2020 ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъин шудааст. Аз соли 2014 то инҷониб дар вазифаи профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Раҳимов Сафарбек 4 марти соли 1947 дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1969 факултети биологияи ДДТ ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси биолог хатм намудааст. Солњои 1989-2000 дар кафедраи ботаника хоҷагии қишлоқи ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур фаъолияти кори кардааст. Солҳои 2000-2006 мудири боғи ботаникии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмњои Тоҷикистон кор ва фаъолият кардааст. Солҳои 2006-2007 докторанти боғи марказии ботаникии ш.Новосибирски СО-РАН фаъолият кардааст. Солҳои 2008-2009 муовини директор оид ба илм дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор карда, солҳои 2009-2013 ба ҳайси декани факултети биологияи ДОТ ба номи С.Айни фаъолият кардааст. Аз соли 2013 то инҷониб профессори кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДМТ мебошад.
Кароматуллои Қурбонали 01 марти соли 1993 дар дењаи Саричашмаи ноҳияи Шамсидини Шоҳин (Шурообод) тавваллуд шудааст. Соли 1999 ба МТМУ №24 –и ноҳияи мазкур то синфи 5-ум таҳсил кардааст. Соли 2004 таҳсилро дар интернети кудакони ятим ва бепарастори ноҳияи Саричашмаи ноҳияи Шамсидини Шоҳин (Шурообод) давом дода, синфи 11-ро хатм кардааст. Соли 2010-2015 факултети биологияи ДМТ-ро хатм кардааст. Солҳои 2014-2017 ба ҳайси лаборанти кафедраи ботаника фаъолият карда, солњои 2015-2019 дар аспирантураи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҳикистон таҳсил кардааст. Солҳои 2018-2022 муовини декан оид ба тарбия, соли 2022 мудири кафедраи ботаника ва охири соли 2022 ба ҳайси эдвайзери дараҷаи-1 дар шуъбаи рўзона таъин шудааст. Аз соли 2014 то инљониб дар кафедра фаъолияти илмӣ, омўзгорӣ дорад.
Сайдалиев Навруз Ҳабибуллоевич 20 марти соли 1985 дар љ.д. Лучоби деҳаи Косатароши ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Соли 2003 МТМУ деҳаи Косатароши н. Варзобро хатм карда худи ҳамон сол ба факултети биология ДМТ дохил шудааст. Соли 2008 донишгоҳро бо ихтисоси биолог-муаллим хатм намудааст. Солҳои 2009 – 2012 лаборанти калони кафедраи ботаникаи факултет фаъолият намуда, солҳои 2012-2016 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантура дар назди АИ ЉТ таҳсил кардааст. Соли 2019 дар вазифаи эдвайзери дараљаи-1 дар шакли таҳсили фосилавї ќабул гардид. Аз соли 2014 то инљониб дар кафедраи ботаникаи факултети биология фаъолият дорад.
Раҳмонов Хайриддин Сафарович 28 феврали соли 1968 дар нохияи Восеъ тавваллуд шудааст. Соли 2004 ба факултети биологияи ДДМТ дохил шуда, соли 2009 донишгоҳро хатм намудааст. СолҲои 2010-2014 дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тољикистон кафедраи ботаникаи таҳсил кардааст. Аз фанҳои «Анатомия ва морфологияи растаниҳо», «Систематикаи растаниҳо» ва «Растаниҳои шифобахш» дарс мегузарад. Аз соли 2011 то инљониб дар кафедра фаъолият дорад.
Қодирова Изатмо Абдусаломовна 19 январи соли 1967 дар шаҳри Ваҳдат (ноҳияи Орджоникидзеобод) деҳаи Купрукбоши таваллуд шудааст. Соли 1974 ба МТМУ №12 шаҳри Ваҳдат (ноҳияи Орджоникидзеобод) деҳаи Купрукбоши рафта соли 1984 хатм кардааст. Соли 1984 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда соли 1989 хатм кардааст. Солҳои 1989-1992 ба ҳайси ходими хурди илмї дар боғи ботаникии дар назди ДДТ ба номи В.И. Ленин буда фаъолият кардааст. Солҳои 1992-1997 дар вазифаи лаборанти калони кафедраи ботаникаи факултети биология кор карда, аз соли 1998 то ин љониб дар кафедраи ботаникаи ДМТ фаъолият дорад.
Бобоев Ҷўрабой Абдусаломович 26 январи соли 1985 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1991 ба МТМУ № 13 –и ноҳияи мазкур рафта онро соли 2002 хатм карда худи ҳамон сол ба факултети биологияи ДМТ дохил шудааст. Соли 2007 донишгоҳро хатм намуда, солҳои 2007-2008 ба ҳайси коромўз муҳаќќиќ фаъолият кардааст. Солҳои 2009-2012 дар шуъбаи аспирантура дар назди кафедраи ботаникаи факултети биология, ДМТ таҳсил кардааст. Аз соли 2011 то ин ҷониб дар кафедра фаъолият дорад.
Абдуғафури Сафар 06 апрели соли 1993 дар деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминобод тавваллуд шудааст. Солҳои 2000-2010 дар МТМУ № 14 –и ноҳияи мазкур таҳсил карда, соли 2011 ба литсейи ДМТ хатм кардааст. Солҳои 2011-2016 дар факултети биологияи ДМТ таҳсил кардааст. Соли 2016 -2017 ба ҳайси омўзгор дар МТМУ № 85- и н. Сино, ш. Душанбе фаъолият кардааст. Солхои 2018-2020 ба ҳайси ассистент дар кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДМИТ кор кардааст. Аз соли 2021 то инҷониб дар кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДМТ кор мекунад.