Рӯзи 03.10.2020 бо ташаббуси бевоситаи ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бахшида ба Рӯзи омӯзгор, ки ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад, дар шаҳраки донишҷӯён ярмаркаи фурӯши китобҳо баргузор шуд. Дар рафти баргузории ярмака ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. декани факултети биология, профессор Каримзода А.И. ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.