ХУСУСИЯТХОИ НАВЪИ ГАНДУМИ «СУЛТОНӢ-23»

21

Навъи Султонӣ-23 (гуногуншалӣ – эритроспермум), ба гандуми мулоим мансуб аст. Аз ҷиҳати биологӣ дуфасла ва онро ҳам баҳор ва ҳам тирамоҳ коштан мумкин аст.

Муаллиф:Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бо усули гибридизатсияи баргарданда, бо интихоби такрории инфиродӣ ба даст оварда шудааст. Ба феҳристи навъҳои растании Тоҷикистон дар соли 2023 барои парвариш дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ворид карда шудааст. Дар заминаи оптималии ғизои маъданӣ, он ҳосили баландро бо сифати баланди ғалла таъмин мекунад. Гандуми устувор ва сершира мебошад.

Хусусиятҳои ботаникӣ: Хӯшаи ростшакли дароз бо зичии миёна дорад. Донаш тухмшакл-байзашакл, миёнаҳаҷм мебошад. Дандонак дарозиаш миёна буда, рост, тез, серранг ва китфаш рост аст. Қилтиқҳо хуб ифода ёфтааст. Хӯшачаҳо кӯтоҳ, баробар ва бо дарозии гӯш, якхела буда, гунонгунрангии миёна доранд. Донаш тухмшакл-байзашакл, чуқурчааш танг ва ифодаи миёна дорад. Пояаш мустаҳкам, рост ва баландии қадаш 85-95 см мебошад.

Хусусиятҳои биологӣ: Навъи миёнапаз ва давраи нашъунамо – 170-180 рӯзро дарбар мегирад. Муқовимат ба сармо ва тобоварӣ ба хушксолӣ дар сатҳи баланд аст. Ба бемории ордак, зангаи қаҳваранг ва зард тобовар аст. Устуворӣ бо ҷойгиршавии дона дар хӯша дошта, ба рехтан устувор мебошад. Вазни 1000 дона 45—47 граммро дарбар мегирад.

Сифати дон: Хосиятҳои ордӣ ва нонпазӣ аъло мебошанд. Донаи навъи Султонӣ-23 ба хисоби миёна 15,1% протеин, 28,2-32,1% щираи хом, қувваи ордӣ 320-550 э.а., ҳаҷми нон аз 100 грамм орд 1050-1350 мл-ро ташкил медиҳад. Баҳодиҳии умумии хосиятҳои нонпазӣ 8,0-8,5 балро дарбар мегирад. Ба гандумҳои сершира мансуб мебошад.

Хусусиятҳои хоҷагӣ: Навъи серҳосил, навъи интенсивӣ аз рӯи маълумотҳои оригинатор дар солҳои санҷиш (2014-2020) ҳосили миёнаи навъи Султонӣ-23-5,5 т/га-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳосили навъҳои стандартии гандум 5,5 ц/га зиёд аст. Дар Стансияи давлатии навъсанҷии шаҳри Турсунзода навъи гандуми «Султонӣ-23» дар се такрорӣ, дар майдони масоҳаташ 0,10 гектар, дар солҳои 2018-2019 ҳосили дон нисбат ба навъи Навруз 9,9 ц/га (ҷадвал) бартарӣ нишон додааст.

Талаботи агротехникӣ: Навъи универсалӣ мебошад. Онро бо истифода аз технологияи интенсивӣ бо ҷорӣ намудани меъёрҳои оптималии нуриҳои минералӣ парвариш кардан мумкин аст. Дар сатҳи баланди ғизоимаъданӣ, ретардантҳо бояд барои пешгирӣ кардани хамзанӣ истифода шаванд. Барои ба даст овардани хосили баланди донинчунин 2—3 маротиба растаниҳоро аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо, хусусан баъди хӯшабанидӣ бо инсектисидҳои Карате Зеон 050 CS мк.с ё Engio 247 SC қ. а.ва фунгисидҳо ба монанди Alto Super 330 EC д. Amistar Extra 280 SC қ. а. мухофизат кардан лозим аст. Барои ба даст овардани ғаллаи аълосифат лозим аст, ки бори сеюм бо тукҳои хушказотӣ ё бо карбамиди n10-15 кг д.в. дар як га дар марҳилаи ширабандӣ ғизо медиҳанд. Микдори кишти тухмӣ вобаста ба минтақа ва мавҷуд будани намӣ дар 1 гектар 4,3—4,5 миллион донаи сабзиш ташкил медиҳад.

Алимуродов Абдузоҳид, доктори илмҳои биологӣ, профессори ДМТ