Бо ташаббуси ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва декани факултети биология профессор Каримзода А.И. оид ба ҷонибдории иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон доштани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040), баргузории даври якум ва дуюми олимпиадаи донишҷўён ба роҳ монда шуд. Мутобиқи фармоиши ректори ДМТ аз 04.09.2020 таҳти №117-09 «Оид ба гузаронидани дари якум ва дуюми олимпиадаи донишҷўёни ДМТ аз рўйи тахассус ва ғайритахассусӣ» дар факултети биология санаи 21.10.2020 соати 13:00 даври якуми олимпиада аз фанни биология баргузор гардид. Дар олимпиада зиёда аз 30 нафар донишҷўёни факултети биология ва факултетҳои ғайритахассусӣ ширкат варзиданд. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки сатҳи донишазбаркунии донишҷўён нисбат ба солҳои қаблӣ боло рафта, шавқи ҷавонон ба фанҳои табиатшиносӣ зиёд гаштааст.