БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД ДАР МАВЗУИ «БОЛОСИНФИ МОҲИҲО. ТАВСИФИ СИНФИ МОҲИҲОИ УСТУХОНДОР»

462

Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи баргузории дарсҳои кушод дар факултет, дарси кушоди мудири кафедраи зоология, номзади илмҳои биологӣ Мирзоев Н.М. аз фанни «Зоология муҳрадорон» барои донишҷӯёни курси 2 –юми ихтисоси биология дар мавзуи «Болосинфи моҳиҳо. Тавсифи синфи моҳиҳои устухондор»  гузаронида шуд.

Дар ҷараёни дарс оид ба гуногуншаклии моҳиҳо, таснифоти синфи моҳиҳо, хусусиятҳои биоэкологии паҳншавӣ ва аҳаммияти моҳиҳо дар табиат ва ҳаёти инсон маълумотҳои нав пешниҳод шуд. Ҳамчунин н.и.б., дотсент Мирзоев Н.М. оид ба рушди соҳаи моҳипарварӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ суханрони намуда аз дастовардҳои нави соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ ёдрас шуд.