Санаи 22.02.2022 бахшида ба ҷашни Артиши миллӣ дар факултети биология чорабинӣ бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид. Вобаста ба ин ҷашн омодагии факултет хело хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла мавҷудияти овезаҳо дар роҳравҳо баргузории дарсҳои тарбиявӣ дар ҳамаи гурӯҳҳои академӣ дар мавзӯи «Таърихи ба даст овардани Артиши миллӣ» ва ғайра. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ин чорабинӣ муовини командири қисми ҳарбии 35 02 подполковник, Йигитализода Алишер Ботуралӣ ва хабарнигорон аз телевизиони Шабакаи якум, намояндаи радиои Садои Душанбе ва маҷаллаи «Ба қуллаҳои дониш» иштирок намуданд.
Декани факултет Каримзода А.И. чорабинии мазкурро оғоз намуда, меҳмононро ба ҳозирин муарифӣ намуд. Баъдан дар бораи ҷашнгирии бистунуҳумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизу маҳбубамон ва доштани рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани соҳибистиқлоламон бо камоли ифтихор ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ҷашни бисту нуҳумин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр табрику таҳният гуфта, ба онҳо тансиҳатии комил, хонаи ободу саодати рузгор ва дар фаъолияти душвору пуршарафатон барору комёбӣ орзу намуданд.
Ёдовар шуданд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис додани қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон калон аст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали барқароршавии ҳукумати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таҳкими қувваҳои мусаллаҳ ҳис карда мешуд, зеро давлат бидуни Қувваҳои Мусаллаҳ, ки нерӯи таъминкунандаи амнияту суботи мамлакат мебошад, вуҷуд дошта наметавонад.
Сипас сухан ба муовини командири қисми ҳарбии 3502 подполковник, Йигитализода Алишер Ботуралӣ дода шуд, ки чунин иброз дошт: Мардуми тоҷик хуб дар ёд доранд, ки дар он рӯзҳои бисёр мушкил ва ҳассосу тақдирсоз барои таъсиси сохторҳои низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон заминаи воқеӣ мавҷуд набуд. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд.
Ҳукумати ҷавон ва навтаъсиси Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии бевоситаи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, масъалаи дар муҳлатҳои кутоҳтарин ташкил намудани артиши миллиро ба миён гузошт. Оид ба шароити хубу ба ҳамаи талаботи ҷаҳони муосир муҷаҳас будани қисмҳои низомӣ ёдовар гардид ва донишҷӯёнро ба қисми низомӣ даъват намуда аз наздик ба ин шароитҳо ошно гарданд ибрози ақида намуд. Баъд аз маъруза саволу ҷавоби ошкоро байни меҳмон ва донишҷӯён сурат гирифт, ки донишҷӯён хело шод гардиданд, зеро ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.
Дар охир декани факултет профессор, Каримзода А.И. суханронӣ намуда гуфт: Мо мардум болида аз он ҳастем, ки дар диёри биҳиштосоямон бо донишу ғайрат, заковату садоқат ва талошу ҷонбозиҳои фарзанди бонангу номуси Ватан, Пешвои муаззами миллат сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи сулҳ, субот, оромӣ, осудагӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоишта, умеди устувор ба зиндагии имрӯзу оянда фароҳам оварда шуд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои сарбозони шуҷои Ватан ва хизмати ҳар кадоми онҳоро, ки дар ҳақиқат намунаи олии хизмати содиқона ба Ватан мебошад, ҳамеша бо эҳтиром аз онҳо ёд намуда, гиромӣ медоранд. Имрӯз мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки дар зарфи бисту нуњ сол Артиши миллӣ ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро сарбаландона анҷом медиҳанд ва мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд.
Бори дигар декани факултет аз номи Садорат ва кули кормандон ҳозиринро ба рузи Артиши миллӣ табрик намуд.
Домой Ахбор