БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЬИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР КАФЕДРАИ БОТАНИКА

299


Пешрафту инкишофи тадқиқотҳои илмӣ яке аз ҳадафҳои асоси ва вазифаҳои муҳими мактабҳои олӣ ба шумор меравад.
Бинобар ин гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ва таҷрибавӣ як рукни фаъолияти мактабҳои олӣ маҳсуб мешавад. Ташкили корҳои илмию тадқиқотӣ дар факултет, татбиқи дастовардҳои навини илм дар раванди таълим, нируманд гардонидани мақоми илмӣ дар ҳалли вазифаҳои таълиму тарбия, истифодаи самаранокии иқтидор ва имконоти илми – техникии мактабҳои олӣ дар ҳалли вазифаҳои аввалиндараҷаи хоҷагии халқ ба ҳисоб меревад.
Бо гуфтаҳои боло зикр намудан ба маврид аст, ки санаи 25.02.2022 дар кафедраи ботаника маҳфили ҷамияти илмии донишҷӯён гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёни курси якуми ихтисоси биология, Зоирзода Раҷабалӣ дар мавзӯи “Сохт ва вазифаҳои барг” ва Раҳимҷони Хоҷавалӣ дар мавзӯи “Ҳуҷайраи растанӣ. Сохт ва вазифаҳои он” маърузаҳои худро пешниҳод намуданд. Дар раванди гузариши маҳфили ҶИД-и кафедра аз ҷониби иштирокчиён саволҳо пешниҳод намуда ҷавоби қаноатманд гирифтанд.