МАРДИ НАКӮНОМ НАМИРАД ҲАРГИЗ

582

Дар тамоми давру замон миллати фарҳангдӯсти мо бо фарзандони фарзонааш,олимону адибон, шоирону расомон, оҳангсозонашон ифтихор мекунанд. Дунёи маънавии ҳар халқро ҳамин шахсиятҳои фарҳангиаш чун ситораҳои осмонӣ ҷило дода, оламиёнро аз нури хирад, ақлу дониш, маърифату муҳаббаташ мунавар мекунанд. Аз ин ҷост, ки бузурге фармудааст. «Ҳар ки илм бештар дорад, ӯро бузург доре два ҳар ки аз омухтани илм нанг дорад, ӯқро мардум машморед». Омӯхтани илму ҳунар андухтани дониш шахсияти барӯманди фарҳангӣ гаштани ҳар як фарди солим, тақозои замон будааст, ки ин меросе аз аҷдодони мост. Ҳикмати зиндагӣ он аст, ки ба роҳи дониш биравӣ ва ин роҳ осон набуда, шебу фарозҳои зиёде дорад. Ба ин роҳ шахсиятҳое мераванд, ки дили пок, нияти нек арзиши аслии маънавиёт ба худ дорад. Яке аз ҳамин гуна шахсиятҳои илму маърифат доктори илми биология, профессор, академики Академияи илҳои кишоварзӣ шодравон Ҳабиб Муродович Сафаров буданд, китамоми фаъолияти илмӣ, роҳбарӣ ва ҳунари устодии худро барои беҳдошти таълиму тарбия, ба воя расонидани мутахассисони ҷавони илмӣ ва омӯзгорӣ сарф намудаанд.

Ана ҳамин марди фозил, олими шинохта, шахсияти наҷиб барои наслҳои имрӯзу фардо аз худ мероси гаронбаҳо ёгор мондааст. Вакте, ки ба ҳаёту рӯзгори мардони барӯманд назар афканем, онҳо кӯҳи бузургеро мемонанд, ки ҳар қадар аз ӯ дуртар равем ҳамон қадар бузургии он ба мо аён мегардад. Имрӯз гарчанде бештар аз понздаҳ со ласт, ки устод дар байни мо нест, вале аз асарҳои эшон, тарзи дарсомӯзӣ ва санъати роҳбариашон мо истифода мебарем. Мактаби илмии устоди зиндаёд идома меёбад ва ҳоло дастпарварони ин мактаб нав танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки даркишварҳои хориҷ кору фаъолият мекунанд. Хотири неки устоди гиромиқадр, профессор, АИК Ҳ. М. Сафаров абадан дарп қалби дӯстону наздиконашон боқи хоҳад монд. Чуноне, ки шоир Ҳофизи Шерозӣ навиштаанд:

Дар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,

Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд.

Ҳазорҳо дареғ, ки умр ба ин донишманди фозил, марди нексиришт, инсони комил вафо накард. Ӯ хело барвақт аз байни мо бурд, вагарна устоди гиромиқадр дар айни камолоти эҷоди буданд….

Талоши академик Ҳабиб Муродович танҳобадаст овардани илму дониш, маърифату хирад будааст, обрӯи ӯ, эҳтироми ӯ, аз меҳнати ӯст. Дониши андухтаи худро бо шогирдони сершумораш ёд дода, бюа роҳи илм ҳидоят мекунад. Номи ӯ дар илм фарҳанги ин сарзамин тамоми умр бо хатҳои зарин навишта шудааст.

Вуҷуди мардуми доно мисоли зари тиллост,

Ки дар куҷо равад, қадру қиматаш донанд.

Декани факултети биологияи ДМТ, д.и.б.,

 профессор Каримзода Акобири Изатулло