Сарфарозии устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ ба мукофотпулӣ

551

Бо ташаббуси бевоситаи ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор, ки ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад, ҳамаи устодону кормандони донишгоҳ бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 800 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Хушбахтона, тайи рӯзҳои охир роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ иқдомҳои некеро дар самти дастгирии устодону кормандони донишгоҳ рӯйи кор гирифтааст, ки сарфароз намудан бо мукофотпулӣ ва тақсими ройгони 30 000 ниқоби яккаратаи тиббӣ ба устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ҳамзамон, ба сокинони пойтахт аз ин қабил аст.