Тамдиди Озмуни «Навоварон ва ихтироъкорон…»

597

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баргузор намудани Озмун-Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони «Ҷавонон муҳаррики инноватсия» дар соли 2020 чунин иттилоъ медиҳад.

Бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзур намудани тадбирҳои зиддиэпидемиологӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои расмӣ, ҷамъомадҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ муваққатан манъ карда шудааст (протоколи №2к/49-25, аз 29 майи соли 2020).

Бинобар ин, бо мақсади ҳифзи солимӣ ва бехатарии иштирокчиён аз ҳавфи гирифтор шудан ба бемории сироятии COVID-19 дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2020, №17571 (22.7) баргузории Озмун-Фестивали мазкур ба соли 2021 гузаронида шудааст.