Сайдалиев Навруз Ҳабибуллоевич, н.и.к., муалими калон
мушовири академӣ (эдвайзер оид ба шуъбаи ғоибона – дараҷаи 1) тел:+992907808083
почта: saidalievnavruz@mail.ru
Суроға: н.Сино, куч. Буни Ҳисорак “Шаҳрики донишҷӯён”
Сайдалиев Наврӯз Ҳабибуллоевич 20-уми марти соли 1985 дар ноҳияи Варзоб ҷамоати Лучоб деҳаи Косатароши боло ба дунё омадааст. Аз соли 1992 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №56-и деҳаи номбурда таҳсил намудам, соли 2003 мактабро хатм намуда, худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба факултети биология супоридам ва сазовори номи донишҷӯ шудам. Соли 2008 донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, худи ҳамон сол дар мактаби миёнаи деҳаи худ ба ҳайси омӯзгори фанни биология шуда, кор кардам. Аз соли 2009 то 2013 сараввал коромӯз, баъдан лаборанти калон аз соли 2014 то 2019 ассистенти кафедра кор ва фаъолият намудааст. Соли 2018 рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Продуктивность топинамбура в зависимости от приёмов выращивания в условиях Гиссарской и Раштской долин Таджикистана» аз рӯи ихтисоси 06.01.01- общее земледелие, растениводство дифоъ намудааст. Аз ҷониби Сайдалиев Н.С. зиёда аз 50 мақолаи илмию омавӣ, 1 монография аз чоп баромадааст. Соҳиби 1 патент мебошад. Аз соли 2019 инҷониб ба ҳайси мушовири академӣ дар шуъбаи ғоибона (шакли таҳсили фосилавӣ) кору фаъолият дорад.
Давлатов Одинашо Муҳаббатович 10 – уми апрели соли 1987 дар ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) –и Вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1994 ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 –и ноҳияи Москва рафта, онро соли 2005 –ум хатм намудааст. Баъди хатми мактаби мазкур соли 2005 ба шуъбаи рӯзонаи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 2010–ум бо муваффақият хатм намудааст.
Аз соли 2010 то 2012 дар вазифаи лаборанти кафедраи зоологияи факултети биологияи ДМТ ва аз соли 2012 ба ҳайси ассистенти кафедраи зоология фаъолият намуда истодааст. Солҳои 2015 -2016 муовини декани факултети биология оид ба корҳои тарбиявӣ, солҳои 2018-2023 – Раиси ассотсиатсияи волидайни факултети биологияи ДМТ фаъолият намудааст. Ҳамасола дар конференсияҳо ва семинарҳои илмию методӣ, таълимии сатҳи донишгоҳию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштрок менамояд. Дар муддати кориаш муаллифӣ 3 – дастури методӣ ва зиёда аз 30 – мақолаи илмӣ ва фишурдаҳо ва мақолаҳои илмию оммавӣ чоп намудааст.
Дар мавзӯи илмии «Зараррасонҳои анор ва усулҳои мубориза бар зидди онҳо дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон» корҳои илмӣ таҳқиқотӣ мебарад.
Аз фанҳои зоологияи бесутунмуҳра, таълимоти эволютсионӣ, таҷрибаомӯзии таълимии саҳрои, энтомологияи кишоварзӣ ба донишҷӯён дарс медиҳад.
Бо ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 2015, 2018), Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (соли 2019) ва Ифтихорномаи факултетети биологияи ДМТ (соли 2020) сарфароз гардонида шудааст.
Аз соли 2019 то ҳоло ба ҳайси мушовири академии дараҷаи дуюм, дар шакли таҳсилоти фосилавӣ кору фаъолият карда истодааст.