Рўзи 23.04.2020 дар кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти факултети биология конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандон ва донишҷўёни ДМТ бахшида ба ҷашнҳои «5500-солагии Саразми бостонӣ», «700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ» ва «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» баргузор гардид. Дар рафти баргузории конференсия устодон ва донишҷўёни кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот оид ба масъалаҳои бемориҳои фарбеҳи, камхуни маърўзаҳо пешниҳод намуданд. Бо иқдоми мудири кафедра н.и.б., муалими калон Мусоева Парвина иштирокчиёни фаъол ва маърўзаҳои беҳтарин бо Ифтихорномаи садорати факултети биология сарфароз гардонида шуданд.