Таърихи кафедра
Дар соли 1972 бо қарори Госплани РСС Тоҷикистон дар факултаи биология дар назди кафедраи физиологияи растаниҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон тахассус оиди биохимия кушода гардид ва соли 1974 кафедраи биохимия таъсис ёфт. Баҳри таъсисёбии кафедра саҳми худро М.М. Якубова (мудири кафедра то соли 2010), дотсент Бобоҷонова М.А., Тверитнев Ф.Г., Автомонова Л.С. ва Соҳибназаров Ш.С. гузоштанд. Дар Айни замон дотсент Иброгимова С.И., номзади илмҳои биология мудири кафедра мебошад.
Аз соли 1974 аз замони таъсисёбии кафедраи биохимия дар факултаи биология дар самти илмии он Шӯроҳои проблемавии АН СССР кординасияи барномаи ҳамкориҳои Илми-техникии кишварҳои аъзои СЭВ, инчунин барномаи Илмии – техники республикавӣ инкишофи иқтисодӣ ва ҷамъияти РСС Тоҷикистон дар солҳои 1986 – 1999-ро оиди мавзӯи «Пахта» ба роҳ монда шуд. Аз соли 1976 дар кафедраи биохимия гурӯҳи илмии «Биотехнология» амал мекунад. Аз соли 1987 дар кафедра тахассус оиди генетика таъсис дода шуд.
Дар кафедра ҷамъоварии чунин фанҳои омӯзишӣ, ба мисли биохимия, генетика, биофизика, биотехнология, татбиқи методҳои физики-химиявӣ дар билология имконият дод, ки на танҳо мутахасисгардонии донишҷӯён ба биохимия ва генетика инчунин самтҳои илмии кафедраро, ки бахшида ба тадқиқи омӯзиши механизмҳои молекулавии равандҳои фотосинтези мебошад, низ муайян созад.
Аз соли 1987 барои кафедра таҳқиқи нави генетикӣ-физиологии объектҳои фотосинтетикӣ дар микроорганизмҳо оғоз гардиданд. Зарурати ташкил кардани кафедраи мустакили биохимия бо як қатор сабабҳои объективӣ ба миён омад. Кори кафедраи биохимия ба таъмини раванди таълим аз рӯйи фанҳо ва мавзӯъҳои махсус дар факултети биология нигаронида шудааст.
Дар тӯли мавҷудияти худ кафедраро доктори илмҳои биологӣ, профессор Яқубова М.М. (1974-2010), доктори илми биологӣ, профессор Юлдошев Ҳ. (2010-2015), доктори илми биологӣ Ғиёсов Т.Ҷ. (2015-2021) роҳбарӣ намудаанд. Айни замон мудири кафедра н.и.б., дотсент Иброгимова С.И. мебошад.
Кафедраи биохимия бо мақсади ташаккул додани донишҳои фундаменталии донишҷӯён дар соҳаи биохимия ва биологияи молекулавӣ, инчунин фанҳои умумикасбӣ аз рӯйи ихтисоси «Биолог-биохимик» таъсис дода шудааст. Кафедраи биохимия кафедраи асосии факултети биология буда, вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: аз рӯйи фанҳои ба кафедра вобасташуда машғулиятҳои таълимӣ – лексияҳо, семинарҳо ва машғулиятҳои амалиро мувофиқи сарбории таълимӣ ва тибқи нақшаи тасдиқшуда мегузаронад, ба донишҷӯён аз рӯйи фанҳои таълимӣ машварат медиҳад, аттестатсияи фосилавӣ ва ниҳоии донишҷӯёнро дар шакли санҷиш ва имтиҳонҳо аз рӯйи натиҷаҳои азхудкунии маводи таълимӣ амалӣ менамояд, кори мустақилонаи донишҷӯён, аз ҷумла корҳои хонагӣ, корҳои курсии онҳоро ташкил ва мунтазам назорат мекунад, кори таълимию методиро, ки ба дараҷаи баланд гузарондани раванди таълимро таъмин менамояд, ба ҷо меорад, дар байни донишҷӯён мунтазам корҳои тарбиявӣ мебарад.
Кафедраи биохимия маркази илмӣ – методӣ ба ҳисоб рафта, дар он як қатор конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, иттифоқӣ бахшида ба масъалаҳои омӯзиши биофизика, биохимия, генетика ва дастовардҳои нави илмҳои биологӣ (1988, 2004, 2007, 2009, 2012, 2016, 2017, 2019, 2022 ) гузаронида шудааст.
Дар ташакул ва барқароршавии корҳои илми омӯзиши ва омода намудани мутахассисони ин кафедра олимони АИ ҶТ, аз ҷумла академик Ю.С. Носиров, Х.Х. Каримов, П.Ю., Усмонов аъзои корр. К. Алиев, доктори илм Ю.Е. Гиллер, В.Л. Колер инчунин профессорони ДДМ ба номи М. Ломоносов академик А.Т. Мокроносов аъзои корр. АИР А.Б. Рубин аъзо корр. АИР Б.Ф. Ванюшин профессорон Т.Е. Кределева, Н.Д. Алехина олимони Институти илмӣ-таҳқиқотии АИР А.А. Ничипорович, профессор, д.и.б., А.К. Романова, Н.Г. Доман, Л.К. Островская, З.М. Эйделман, Д.О. Сапожников, В. Семененко, Н.П. Воскресенская ва дигарон саҳми босазое гузоштанд, ки кафедраи ҷавони биохимия тавонад маркази аслии илмӣ-омӯзишӣ баҳри омода сохтани мутахассисони баландихтисос дар Тоҷикистон бошад.
Фаъолияти илмӣ– таҳқиқотӣ
Самт: Асосҳои физиологӣ–биохимиявии сохтори системаҳои биологӣ
МАСОИЛ. Хусусиятҳои биохимиявии устуворӣ ва маҳсулнокии организмҳои зинда
Мавзӯъ: Мутобиқати организмҳои зинда дар сатҳи механизмҳои физиологиву биохимиявӣ
Фасли 1. Таҳқиқи нишондиҳандаҳои физиологиву биохимиявӣ, ки ба мутобиқшавии организмҳои зинда ба таъсири муҳити атроф таъсир менамоянд. Марҳилаи 1. Омӯхтани таркиби биохимиявии навъҳо ва шаҷараҳои квиноа.
Қисми 1.1. Таҳлили сифатии пайвастаҳои фенолии таркиби узвҳои гуногуни растании пахта ва санҷиши қобилияти антиоксидантии онҳо ба ҳайси моддаҳои фаъоли биологӣ.
Қисми 1.2. Омӯзиши таъсири моддаҳои фаъоли биологии гуногун ба раванди физиологиву биохимиявии мутобиқати растаниҳои кишоварзӣ дар шароитҳои ногувор.
Қисми 1.3. Таҳқиқи онтогенетикии нишондиҳандаҳои физиологиву биохимиявии мутобиқати растаниҳо вобаста ба шароитҳои гуногуни ғизои хокӣ.
Қисми 1.4. Омӯзиши аломатҳои пурарзиши ҳоҷагӣ ва хосиятҳои биологӣ дар зироатҳои хӯшадори ғаллагӣ. Фасли 2.
Омӯзиши хусусиятҳои биохимиявии мубодилаи пигментҳои меланин дар ҳайвонот, микроорганизмҳо ва растаниҳо бо назардошти ҳолатҳои гуногуни меланогенез.
Омӯзиши асосҳои биологӣ, генетикӣ ва биохимиявии бемориҳои ирсии инсон, ки дар натиҷаи мутатсияи хромосома ва ген ба вуҷуд омадаанд.
Қисми 3.1. Омӯзиши хусусиятҳои биохимиявии мубодилаи пигментҳои меланин дар ҳайвонот, микроорганизмҳо ва растаниҳо бо ҳолатҳои гуногуни меланогенез.
Қисми 3.1.1. Омӯзиши асосҳои биологӣ, генетикӣ ва биохимиявии бемориҳои ирсии инсон, ки дар натиҷаи мутатсияи хромосома ва ген ба вуҷуд омадаанд. (дар заминаи муассисаи тиббии шаҳри Душанбе).
Фаъолияти таълимӣ
Кафедраи биохимия аз рӯйи ихтисоси «Биология» мутахассис тайёр мекунад. Тахассуси хатмкунанда - бакалавр - биолог, магистр – биолог мебошад. Хатмкардагони кафедраи биохимия, ки тахассуси мувофиқро гирифтаанд, метавонанд на танҳо дар мактабҳо, балки дар муассисаҳои пешқадами ихтисоси биологии Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон, донишгоҳҳо, дар лабораторияҳои клиникӣ, биохимиявӣ ва иммунологӣ ва дар шӯъбаҳои илмӣ-тадқиқотии Вазорати кишоварзӣ кор кунанд. Ҳоло садҳо нафар дастпарварони кафедра на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар кишварҳои хориҷи наздику дур низ бомуваффакият кору фаъолият намуда истодаанд.
Аз замони таъсисёбии кафедра дар заминаи он беш аз 100 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Нигерия, Эрон ва дигарон зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантураро хатм намуда, беш аз 1500 нафар хатмкунандагони факултети биология тахассуси биохимия ва генетикаро ба даст овардаанд.
Инкишофи босуръати асосҳои назариявӣ дар соҳаи биохимия ва кор карда баромадани усулҳои нави таҳқиқоти таҷрибавӣ талаб мекунад, ки тайёрии методии донишҷӯёни биология мунтазам такмил дода шавад. Дар кафедра бо мақсади мустаҳкам намудани донишҳои назариявии донишҷӯён аз фанҳои биохимия ва генетика мунтазам дарсҳои лабораторӣ ва амалӣ гузаронида мешаванд. Дар машғулиятхо донишҷӯён бо муҳимтарин принсипҳо ва усулҳои методии биохимияи тачрибавӣ шинос мешаванд.
Барномаи машғулиятҳои амалии донишҷӯён дар ҳамаи бахшҳои таҷрибаомӯзиҳои калон ҷорӣ намудани маҳорати кори мустақилона дар озмоишгоҳ, хисоб кардани миқдор ва консентратсияи реагентҳои зарурӣ, тактикаи асосии гузарондани таҷрибаҳои биохимиявӣ, баҳодиҳии миқдорӣ ва таҳлили миқдори нишондиҳандаҳои биохимиявӣ, азхуд кардани хусусиятҳои ҷудокунии онҳо аз таркиби бофтаҳо, идентификатсия ва муайянкунии иқдории онҳо иборат аст . Инчунин, ба донишҷӯён имконият дода мешавад, ки ба таври таҷрибавӣ бо усулҳои аз қисмҳои таркибии растаниҳо ҷудо кардани равған, бо константаҳои физикӣ-химиявии равғанҳо шинос шаванд, инчунин асосҳои коркарди математикии натиҷаҳои таҳлили биохимиявиро аз худ кунанд.
Бакалавр (рӯзона ва ғоибона)
Фанҳои умумикасбӣ:
1. Ботаника
2. Анатомияи растанихо
3. Анатомияи одам
4. Морфологияи растаниҳо
5. Систематикаи растаниҳо
6. Ситология ва гистология
7. Биологияи умумӣ
8. Биотехнология
9. Зоологияи ҳайвоноти бемӯҳра ва мӯҳрадор
10. Биохимия
11. Генетика
12. Физиологияи растанихо
13. Физиологияи одам
14. Биологияи инкишофи фардӣ
15. Биофизика
Фанҳои тахассусӣ:
1. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ.
2. Мубодилаи сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ.
3. Асосҳои энзимология.
4. Механизми амали ферментҳо.
5. Усулҳои тадқиқоти биохимиявӣ.
6. Мубодилаи моддаҳо ва энергия.
7. Биохимияи мубодилаи моддаҳои дуюмин.
8. Асоси биохимиявии иммунитет.
9. Мубодилаи карбогидратҳо.
10. Асосхои витаминология.
11. Асосҳои мубодилаи элементҳои органогенӣ дар системаҳои зинда
12. Биоэнергетика
13. Биохимияи клиникӣ
14. Биологияи молекулавӣ
15. Генетикаи микроорганизмҳо.
16. Генетикаи растаниҳо.
17. Генетикаи хайвонот.
18. Генетикаи популятсияҳо.
19. Генетикаи инсон.
20. Геноми инсон ва проблемаи бехатарии биологӣ.
21. Хусусиятҳои таҳлили генетикӣ.
22. Протеомика ва метаболомика
Зинаи магистратура дар самти «Биолог дар соҳаи биохимия»
Фанҳои умумӣ:
1. Фалсафа ва методологияи илм
2. Педагогика ва психологияи мактаби олӣ
3. Информатика (аз рӯйи самтҳо)
4. Забони лотинӣ
5. Дастовардҳои биохимияи муосир
6. Механизмҳои танзими морфогенез.
7. Асосҳои биотехнология, парвариши ҳучайра ва вирусология
8. Фаъолияти олии асаб бо асосҳои нейробиология
9. Растаниҳои шифобахш
10. Набототи Осиёи Миёна
11. Таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ
12. Таҷрибаомӯзии илмӣ-таҳқиқотӣ
13. Корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ
14. Рисолаи магистрӣ
15. Аттестатсияи ниҳоии давлатӣ
16. Шаҳодатномаи хатм
Марказҳо, утоқҳо, лабораторияҳо:
Дар кафедра 3 синфхона бо тамоми технологияҳои инноватсионии таълимӣ - маърифатӣ барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ва утоқ барои омӯзгорон бо тамоми шароитҳои замонавии барои кору эҷод муҷаҳҳаз мавҷуд аст. Ҳамчун дар кафедра хонаи лаборантон барои омода кардани реактивҳо барои таҷрибаомӯзиҳои хурду калон аз фанҳои биохимия, генетика ва биофизика мавчуд аст. Кафедра бо шабакаи интернети баландсуръат муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки донишҷӯён ва омӯзгоронро бо барномаҳои замонавӣ ва захираҳои электронӣ, барои баланд бардоштани самаранокии раванди таълим зарур мебошад, таъмин менамояд.
Докторантура ва аспирантура:
Кафедра бо довталабон ва докторҳои (PhD) аз рӯйи ихтисосҳои 03.01.04 – Биохимия, 03.05.01 – Физиология ва биохимияи растанӣ кор мебарад.
Корҳои анҷомдодаи кафедра оид ба тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ:
1. Рисолаҳои докторӣ:
1. Ғиёсов Т.Ҷ. Фотосинтез ва азхудкунии нитроген дар онтогенези пахта. Автореферати дис. доктори илмҳои биол.-Душанбе 1999.- 38 с.
2. Сабурова А.М. Механизмҳои биохимиявии таъсири антистрессории а-токоферол. Автореферати дис. доктори илмҳои биол.-Душанбе 1999, - 38 с.
3. Юлдошев X. Параметрҳои физиологию биохимиявии фаъолияти дасгоҳи фотосинтетикии пахта: Автореферати дис. доктори илмҳои биол.-Душанбе, 1996, - 43 с.
4. Алимуродов А.С. Омӯзиши иқтидори қобилияти зист ва бозурётии гардҳо дар зироатҳои хӯшадори ғаллагӣ ҳангоми комбинатсияҳои гуногуни ҷуфтикунонӣ. Автореферати дис. доктори илмҳои кишоварзӣ.-Душанбе, 2021, - 52 с.
Рисолаҳои номзадӣ:
1. Храмова, Г. А. Равандҳои ибтидоии фотосинтез дар мутантҳои пахтаи аз ҷихати ҳосилнокй фарккунанда. Автореферати дис. номзади илмҳои биол. -М., 1979.-23 с.
2. Шукла 3. А. Хусусиятҳои сохторӣ ва функсионалии дастгоҳи фотосинтетикии мутантҳои арабидопсис thaliana (Л.) Хайн. Автореферати дис. номзади илмҳои биол. - Тошканд, 1982, - 20 с.
3. Кононенко Л. А. Хусусиятҳои физиологӣ ва биохимиявии аппарати фотосинтетикии мутанти пурмаҳсули пахтаи Gossypium hirsutum: Автореферати дис. номзади илмҳои биол. -Қазон 1982.-23 с.
4. Юлдошев Х. Хусусиятҳои дастгоҳи фотосинтетикӣ дар шаклҳои гетерозисии пахта: Автореферати дис. номзади илмҳои биол.– Душанбе, 1984.-19 с.
5. Саидмуродов Ш.Д. Таъсири мутақобилаи генотипҳои мутанти Арабидопсис дар фитосенозҳо: Автореферати дис. номзади илмҳои биол. - Минск, 1988 - 47 с.
6. Бобоҷонова Х.И. Сохтори мембранаҳои хлоропластҳои растаниҳои аз рӯйи фаъолияти функсионалӣ фарқкунанда: Автореферати дис. номзади илмҳои биол. -Душанбе, 1990.-20 с.
7. Ғиёсов Т.Д. Хусусиятҳои нашъунамо, фотосинтез ва барқароркунии нитратҳо дар шаклҳои гуногуни пахта: Автореферати дис. номзади илмҳои биол.-Душанбе, 1992.-24 с.
8. Ҳамрабоева 3. М. Тавсифи функсионалии Н+-АТФазаи хлоропластҳои растаниҳои олӣ: Автореферати дис. номзади илмҳои биол. - Душанбе, 1992 – 24 с.
9. Рахматуллоева М.Н. Хусусиятҳои физиологӣ ва биохимиявии синтези сафедаҳои зарбаи гармӣ дар ҳуҷайраҳои спирулина: Автореферати дис. номзади илмҳои биол. - Душанбе, 1993.- 24 с.
10. Обуа Уче Жерард. Хусусиятҳои истифода ва ҷамъшавии нитратҳо дар онтогенези пахта (Gossipium hirsutum L.) Автореферати дис. номзади илмҳои биол. - Душанбе, 1996. -26 с.
11. Холов А.К. Омӯзиши хосиятҳои биохимиявӣ ва фармакологии селекартен. Автореферати дис. номзади илмҳои биол. - Душанбе, 2006.- 22 с.
12. Кимсанов А.Б. Таҳқиқи фармакологию биохимиявии баъзе ҳосилаҳои глитсерин: Автореферати дис. номзади илмҳои биол. - Душанбе, 2006. -21с.
13. Достиев Х.Р. Фаъолияти функсионалии аппарати фотосинтетикӣ вобаста ба муносибатҳои донорию аксепторӣ дар навъҳои пурмаҳсули пахта. Автореферати дис. номзади илмҳои биол.- Душанбе, 2007. – 22 с.
14. Иброхимова С. И. Таҳқиқи ҷузъҳои асосии таркиби тухми навъҳо ва шаҷараҳои гуногуни пахта Автореферати дис. номзади илмҳои биол.- Душанбе, 2013.- 22 с.
15. Нуров У.Ҷ. Омилҳои асосие, ки ба ташаккули пигменти меланин дар гӯсфанд таъсир мерасонанд. Автореферати дис. номзади илмҳои биол.- Душанбе, 2013.- 22 с.
16. Солеҳзода Б. Хусусиятҳои таъсири генотип ва шароити муҳити зист ба маҳсулнокии растанӣ.
Автореферати дис. номзади илмҳои биол.- Душанбе, 2019.- 22 с.
17. Ғанизода В. “Баъзе нишондиҳандаҳои физиологӣ-биохимиявии генотипҳои гандуми мулоим дар шароитҳои гуногуни парвариш”. Автореферати дис. номзади илмҳои биол.- Душанбе, 2020.- 23 с.
19. Содикзода М. Мавзӯи тадқиқот: «Таъсири пайвастагиҳои комплексӣ ба параметрҳои физиологӣ ва биохимиявии навъҳои гандум». Ҳимояи рисола 30 марти соли 2023 ба нақаш гирифта шудааст.
20. Мирзоев К.А. унвонҷӯйи кафедра мебошад. Мавзуи таҳқиқот: «Хусусиятхои физиологӣ ва биохимиявии ташаккулёбии маҳсулнокии квиноа дар шароити Точикистони Марказӣ». Мӯҳлати тахминии ҳимоя соли 2023 аст.
19. Муродова М — унвонҷӯйи кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Баходиҳии махсулнокии гӯсфандон аз рӯйи нишондиҳандаҳои биохимиявии хун». Мӯҳлати тахминии ҳимоя соли 2023 аст.
20. Асоев С.Э. унвонҷӯйи Маркази инноватсия ва тиббии Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон мебошад. Мавзӯи тадқиқот: «Таъсири ҳосилаҳои аминокислотавӣ ва пептидии глисерин барои баланд бардоштани энергияи сабзиши тухмии навъҳои гандуми «Наврӯз» ва «Ватан». Мӯҳлати тахминии ҳимоя соли 2023 аст.
21. Исломова К., докторанти курси 2-юми кафедра мебошад. Мавзӯи тадқиқот: «Омӯзиши баъзе нишондиҳандаҳои физиологӣ ва биохимиявии навниҳоли соя дар шароити гуногуни хокӣ ва мӯҳлати кишт». Мӯҳлати тахминии ҳимоя соли 2025 дар назар аст.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ:
Кафедра аз рӯзи таъсисёбиаш бо бисёр Донишгоҳҳои олӣ ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, аз ҷумла бо Институти физиология ва генетикаи АИ ҶТ, Донишогоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов, Институти физиологияи растаниҳо ба номи Тимирязев РАН Москва, Институти биохимиявӣ ба номи А.Н. Бах РАН Москва, Институти генетикаи умуми ба номи Н.И. Вавилов РАН Москва, Институти хокшиносии ТАСХН, Институти фотобиологии АН Ҷумҳурии Белоруссия Минск, Институти ситология ва генетикаи СОРАН Новосибирск, Институти биологии философияи Қазон РАН Қазон, Институти физиологияи растани ва генетикаи АИ ҶТ Душанбе, Институти гостриэнтологии АИ ҶТ, Институти биохимияи АИ ҶТ Узбекистон, Институти биологи озмоишии АИ ҶТ Тошканд, Институти физиологи ва генетикаи растани АИ ҶУ Киев, Институти биологӣ ва биотехнологии растаниҳо (Алмаато, Қазоқистон) донишогоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал. Фароби (Алмаато) ва ғайраҳо ҳамкориҳои зич доранд.
ҲАЙАТИ КАФЕДРА
01.11.1975с дар ноҳияи Вахши вилояти Ќурғонтеппаи РСС Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Солҳои 1982-1992 дар мактаби миёнаи №1 таҳсил намудааст. Соли 1994 ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2000 аз рӯйи ихтисоси «Биолог. Муаллими биология ва химия» хатм намудааст.
Солҳои 2000-2004 лаборанти калон ва аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. Солҳои 2002 то 2008 ассистенти кафедраи биохимияи ДДМТ. Аз соли 2008 то 2021 муаллими калон, соли 2021 дотсенти кафедраи биохимияи ДМТ. Соли 2013 рисолаи номзади худро дар мавзӯи «Таҳќиќи компонентҳои асосии таркиби тухми навъу шаҷараҳои гуногуни пахта» ҳимоя намудааст. Солҳои 2017-2020 дар вазифаи раиси шурои илмиву методии факултети биология кор кардааст. Котиби илмии шурои диссертатсионї барои ҳимояи диссертатсияҳои номзадї аз рӯйи ихтисоси «Биология» КОА назди президенти ҶТ мебошад. Аз ноябри соли 2020 то инҷониб дар вазифаи мудири кафедраи «Биохимия» фаъолият менамояд.
Якубова Мухиба Мухсиновна, 22-юми январи соли 1937, дар Ҷумҳурии Узбекистон, ш. Бухоро, ба дунё омадааст. 1954—1959 донишҷуи Университети давлатии Точикистон ба номи. В И Ленин. М.М.Яқубова соли 1959 факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, ба аспирантура тавсия шудааст. Аз соли 1961 то соли 1968 дар Институти физиология ва биофизикаи растаниҳои Академияи илмҳои РСС Точикистон (ҳоло Институти физиология ва генетикаи растаниҳои АИ РСС Точикистон) кор мекард. Соли 1965 дар мавзӯи «Оид ба масъалаи биосинтези пигментҳои пластидӣ дар пахта» рисолаи номзадиашро химоя кард. Солҳои 1968—1974 дотсенти кафедраи физиологияи растании Университети давлатии Тоҷикистон ба номи А В И Ленин. Аз соли 1974 то соли 2010 мудири кафедраи биохимия. Соли 1984 дар Институти физиологияи растаниҳои К.А.Тимирязев АИР (Москва), дар мавзӯи «Хусусиятҳои функсионалӣ ва ташкили сохтори аппарати фотосинтетикии дорои фаъолияти баланд» рисолаи докториро аз рӯи ихтисоси «физиологияи растанӣ» дифоъ кардааст.
Соли 1985 Комиссияи олии аттестатсионии ИҶШС ба М.М.Яқубова унвони профессори кафедраи биохимия, соли 1991 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1995 бо ташаббуси Муҳиба Муҳсиновна ассотсиатсияи «Олимаҳои Тоҷикистон» таъсис ёфт, ки то имрӯз раисии онро ба ӯҳда дорад. Соли 2007 Яқубова М.М. 35-умин хонандаи хонишҳои Ибни Синои ДДТТ бо маърӯзаи "Ҷанбаҳои биохимиявии фаъолияти системаҳои зинда" буд. Соли 2008 М.М.Яъқубова узви пайвастаи (академик)-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси физиология ва биохимияи растанӣ интихоб гардид.
М.М.Яқубова соли 2010 ноиби президент – мудири шӯъбаи илмҳои биология ва тиббии Академияи илмҳои ҶТ интихоб шуд. Вай яке аз ташаббускорони таъсиси сохтори нави илмӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тотористон буд. Бо қарори Президиуми Академияи илмҳо аз 7 феврали соли 2011 Муассисаи давлатии илмии «Маркази биология ва тибби инноватсионӣ» таъсис дода шуд, ки он ду лаборатория — бехатарии биологӣ ва тибби инноватсиониро дарбар мегирад.
М.М.Яқубова асосгузори кафедраи биохимияи факултети биологияи ДДМТ ва зиёда аз 36 сол роҳбари ин кафедра буд. Таҳти роҳбарии ӯ 3 рисолаи докторӣ ва 17 рисолаи номзадӣ дифоъ шудааст. Айни замон роҳбари илмии 4 докторант ва 7 аспирант мебошад.
Муаллифи зиёда аз 400 корҳои илмӣ ва илмию методӣ, аз ҷумла китоби дарсии «Биохимияи растанӣ», 15 дастури таълимӣ ва методӣ ва 11 монография мебошад: «Some metabolic aspect of nitrogen exchange through cotton plant ontogenesis (1999), «Фотосинтез и метаболизм углерода у перспективны форм хлопчатника» (1999), «Структурно-функциональная характеристика хлоропластов хлопчатника» (2000), «Функциональная активность фотосинтетического аппарата арабидопсиса» (2002), «Белки теплового шока в клетках спирулины» (2003), «Фотосинтетических аппарат хлопчатника (биофизический аспект)» (2004), «Н+ – АТФаза хлоропластов хлопчатника и арабидопсиса» (2005), дастурҳои методии: «Малый практикум по биохимии», «Руководство к написанию курсовых и дипломных работ», «Библиографический указатель по биохимии и биофизике фотосинтеза для студентов, специализирующихся по кафедре», васоити таълимӣ барои донишҷӯёни биология «Биофизические аспекты изучения организации фотосинтетического аппарата» ҳамчун «Дарсҳои амалӣ аз биофизика» авалин бор бо забони тоҷикӣ нашр шудааст.
Якубова М.М. узви Президиуми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯроҳои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯроҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шурои координационӣ оид ба физиология ва биохимияи растанихои Академиям миллии илмҳои Тоҷикистон,
раиси чамъияти биохимикҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шурои махсусгардонидашуда оид ба химояи диссертацияхои докторӣ аз рӯйи ихтисоси «биохимия», аъзои шурои махсус оид ба ҳимояи рисолаҳои доктории Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанихои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви президиуми Ассотсиатсияи байналмилалии «Амарант» (Ҷумҳурии Чехия), узви Шӯрои ҷамъиятӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои биология ва тиб мебошанд.
Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон», ифтихорномаҳо ва медалҳои ҷашнии ДДМТ, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони сарисинагии «Барои муваффаќияти аъло дар меҳнат»-и Вазорати ҷамъияти маълумоти олии ИҶШС. Соли 1987 шуъбаи биологияи умумии Академияи илмҳои ИҶШС ба ӯ медали ҷашнӣ бахшида ба 100-солагии рӯзи таваллуди Н.И.Вавиловро супурд. М.М.Яқубова дорои медали «Ветерани меҳнат» буда, соли 1995 бо унвони «Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Соли 2004 М.М.Яқубова аз ҷониби Институти Биографии Амрико «Зани сол» интихоб шуд. Соли 2007 барои силсилакорҳои «Муносибати интегралӣ ба омӯзиши дастгоҳи фотосинтетикӣ ва реаксияҳои фотохимиявии фотосинтез дар робита бо ҳосилнокии биологӣ» бо Диплом ва унвони лауреати Ҷоизаи ба номи Евгений Никанорович Павловскийи Академияи илмҳои ҶТ, соли 2018 барои силсилаи асарҳои «Механизмҳои адаптатсионии фаъолияти системаҳои биологӣ» бо Диплом ва унвони лауреати Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника сарфароз гардонида шудааст.
22-юми марти соли 1955, дар в. Суғд, н. Исфара, деҳаи Чоркӯҳ, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Юлдошев Ҳимоҳиддин доктори илмҳои биология (1996), профессор (2000). Хатмкардаи ДМТ (1977) ва докторантураи он (1996). Аз соли 1977 омӯзгори ҳамин Донишгоҳ. Аз соли 1986 муаллими калон, аз соли 1990 дотсент ва аз соли 1997 профессори кафедра. Аз соли 2011 мудири кафедраи биохимия. Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгорӣ зиёда аз 170 маводҳои илмию методии худро дар нашрияҳои ҷумҳурӣ ва кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Олмон, Булғористон ба таъб расонидааст. Ҳамчунин Юлдошев Ҳ. аъзои 3 Шурои диссертатсионӣ доир ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ мебошад. Раиси Шурои диссертатсионӣ дар назди ДМТ(2017-2019) Зери роҳбариаш 4 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд. Ҳоло бошад, ба 2 аспирант роҳбари илмист. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, бо ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.
Фотосинтез ва метаболизми карбон дар навъҳои ҳосилноки пахта. – Душанбе: «Шарќи озод», 1999. – 190 с. (монография); Усули омӯзиши мубодилаи СО2 – дар растаниҳо. – Душанбе, «ДМТ» 2000, – 30с (дастури методӣ); Машғулиятҳои лабораторӣ аз биохимия. Душанбе «ДМТ», 2009. – 54с (дастури методӣ); Генетикаи умумӣ. – Душанбе, «Эр – граф»., 2012. – 228с. (китоби дарсӣ).
1 декабри соли 1957 дар ноҳияи Орҷинокидзеободи РСС Тоҷикистон таввалуд шудааст. Солҳои 1963- 1973 дар макби миёнаи № 34–уми ҳамин ноҳия таҳсил намудаст. Солҳои 1973- 1978 донишҷӯи шуъбаи рӯзонаи факлтети биологияи ДДТ ба номи В.И.Ленин буд. Соли 1992 дар мавзӯи «Особенности роста, фотосинтеза и восстановления нитрата у различных форм хлопчатника» рисолаи номзадӣ ва соли 1999 дар мавзӯи «Фотосинтез и ассимиляция азота хлопчатника» рисолаи докториро ҳимоя кардааст. Ғиёсов Т. Ҷ. аз соли 1983 баъди хатми аспирантура дар Донишгоҳи миллӣ, то имрӯз дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсент, профессори кафедра, декани факултети биология (солҳои 2002 – 2008), мудири кафедраи биохимия (2015-2019) кор кардааст. Аз соли 2020 то имрӯз профессори кафедраи биохимияи факултети биологияи ДМТ мебошад. Ғиёсов Т.Ҷ. мунтазам ба корҳои илмию таҳќиќотӣ ва методӣ машғул буда, муаллифи зиёда аз 75 мақолаҳои илмӣ, 2 монография, 4 китоби дарсӣ ва 10 дастури таълимию методӣ мебошад. Аз соли 2014 роҳбари гурӯҳи ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии биологияи Шӯрои миллии таҳсилоти назди Вазорати маориф ва илми ҶТ буда, дар таҳияи Стандартҳои нави давлатӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинишуда саҳмгузор аст.
10 декабри соли 1959 дар ш. Хисор таваллуд шудааст. Солҳои 1979-1984 донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин. 1984-1987 лаборанти калони шӯъбаи генетикаи гӯсфанди АИ ҶТ. 1987-1991 аспиранти шӯъбаи рӯзонаи Институти биологияи молекулавии ба номи В.А. Энгелгард ш. Москва АИ СССР. 1991-1992 корманди хурди илмии шӯъбаи генетикаи гӯсфанди АИ ҶТ. 1992-1993 ассистент кафедраи зотпарварӣ ва генетикаи чорвои ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур. 1993-2005 дотсенти кафедраи зотпарварӣ ва генетикаи чорвои ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур. 2005-2013 декани факултети зооинжинерии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур. 2013-то ҳол профессори кафедраи биохимияи факултети биологияи ДМТ. Бо роҳбарии Қосимов Р.Б. 3- нафар рисолаи магистрӣ ва як нафар рисолаи номзадиро бо муваффақият дифоъ намуданд. Ӯ муаллифи 6 китоби дарсӣ, 2 монография ва 126 мақолаҳои илмӣ мебошад. Қосимов Р.Б. аъзои 3 Шӯрои диссертатсионӣ, доир ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ мебошад.
10 марти соли 1964 дар ноҳияи Панҷакент ба дунё омад. Соли 1987 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, аз рӯйи ихтисоси аграном-олим хатм намуд. Соли 1989 ба аспирантураи ИИИ «Зироаткори» дохил шуда, соли 1992 онро хатм намуд. Фаъолияти кориашро дар ИИИ «Зироаткори» давом дода сараввал ходими илмӣ ва баъдан ҳамчун ходими калони илмӣ кор кадааст. Солҳои 1993-1994 дар Вазорати кишоварзӣ ва ислоҳоти замини Тоҷикистон ба сифати мутахасиси пешбар кор кардааст. Солҳои 1994-1995 вазифаи мудири аспирантураи ДАТ-ро ба ӯҳда дошт. Солҳои 1998-2000 дар вазифаи муаллими калони Донишгоҳи Озоди Тоҷикистон кор намудааст. Аз соли 2000 то соли 2005 ба сифати мутахасиси суғурта дар ШД «Тоҷиксармоягузор» – и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2005-2010 ба сифати мутахассиси гумрук дар ҶДММ «ТБ Сервис» фаъолият намудааст. Солҳои 2010-2012 дар МД «Тоҷик НИГИМ» вазифаи котиби илмиро иҷро намудааст. Аз 1 сентябри соли 2012 инҷониб дар вазифаи иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи биохимияи ДМТ фаъолият менамояд.
11 ноябри соли 1962 дар шахри Конибодоми РСС Точикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1970-1980 дар мактаби миёнаи № 48-и шаҳри Душанбе таҳсил кардааст. Солҳои 1980-1985 дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В И Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1990-1996 ба ҳайси ассистент, аз соли 1997 – муаллими калон ва аз соли 2004 то ҳол ба вазифаи дотсенти кафедра фаъолияти худро давом дода истодааст. Соли 1992 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Характеристикаи функсионалии Н+-АТФазаи хлоропластҳои растаниҳои дараҷаи олӣ» – 03.00.12 дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 120 корҳои илмӣ ва илмию методӣ, аз он ҷумла воситаи таълимии «Биохимияи растаниҳо», 7 дастури таълимию методӣ ва 1 монография мебошад. Мунтазам бо маърӯзаҳои илмӣ дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок менамояд. Узви Шӯрои олимони факултет, раиси бюрои иттифоқи касабаи факултет. Дар озмуни раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи соҳаи маорифи ҷумҳуриявӣ ҷои аввалро ишғол намудааст (2011). Бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи ҶТ (2012), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018) сарфароз гардонида шудааст.
2-юми майи соли 1983, дар шаҳри Душанбе, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1991 ба мактаби миёнаи №36-и шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 2002 хатм намуда, ҳамон сол, ба факултети биологияи ДДМТ (ҳозира ДМТ) дохил шуд, ки онро соли 2007 хатм намуд. Ҳамон сол ҳамчун ассистенти кафедраи биохимия ба кор шурӯъ намуда ба шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳ дохил шуд.
Соли 2012 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Хусусиятҳои асосии мутобиқатии дастгоҳи фотосинтетикӣ дар генотипҳои гуногуни пахта» дифоъ намудааст, ки корҳои илмиаш идома доранд.
Ҳамидов Х.Н. солҳои 2010, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022 дар базаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси такмили ихтисосро хатм намудааст. Аъзои Шурои олимони факултети биология аз солҳои 2012- то ҳол, раиси Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултет (аз 2011 то соли 2015), роҳбари бахши биологияи академияи хурди илмҳои ҶТ (аз соли 2012 то ҳол), роҳбари Ҷаъмияти илмии донишҷӯён кафедраи биохимия (аз соли 2009 то ҳол), сарпарасти гурӯҳҳои академӣ (аз соли 2008 то ҳол), котиби Шурои диссертатсионии 6D.КОА-024-и назди ДМТ (аз соли 2020 то 18.04.2022) ва мовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ (аз соли 2019 то ҳол) мебошад.
Барои донишҷӯёни факултети биология дарсҳои лексионӣ, лабораторӣ аз курсҳои тахассусӣ фанҳои генетика, биохимия, биотехнология, биофизика, таҷрибаомӯзии калон ва дар факултети фармасевтӣ ва тиббӣ аз курси умумии биохимия лексия мехонад. Дар корҳои илмӣ-методӣ фаъолона ширкат меварзад. Дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ маводҳои илмиаш чоп шудааст. Муаллифи зиёда аз 60 маводи илмӣ ва 15- мақола мебошад.
Ҳамидов Х.Н. дар таҳия ва нашри дастурҳои таълимию методӣ, «Генетикаи ҳайвонот», «Генетика бо асосҳои селексия» «Машғулиятҳои амалӣ аз фанни биофизика», (бо забони тоҷикӣ), ва барномаи рушди факултет (2020-2025) саҳм дорад.
Бо Ифтихорномаи ДМТ (2020, 2021, 2022), Ифтихорномаи академияи хурди АМИТ (2019, 2022, 2023) сарфароз гардонида шудааст.
15 –уми сентябри соли 1984 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Солҳои 1991-2002 дар мактаби миёнаи № 3-и шаҳри Ҳисор таҳсил кардааст. Солҳои 2002-2007 дар факултети биологияи донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Солҳои 2008-2016 ба ҳайси ассистент, аз соли 2016- то ҳол ба вазифаи муаллими калони кафедра фаъолияти худро давом дода истодааст. Соли 2013 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Омилхои асосие, ки ба пайдо шудани пигменти меланин дар гусфандони точик таъсир мерасонанд» – 03.01.04. дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 43 корҳои илмӣ ва илмию методӣ, аз он ҷумла воситаи таълимии «Генетикаи ҳайвонот», «Генетика бо асосҳои селексия» ва «Машғулиятҳои амалӣ аз фанни биофизика» мебошад. Узви бюрои иттифоқи касаба, муҳақиқони ҷавон ва котиби шурои методии факултет мебошад.
Муродова Моҳира Ҳусеновна 20 – уми январи соли 1977 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Солҳои 1983 ба мактаби миёнаи №19 – и ноҳияи Файзобод дохил шуда, онро соли 1994 хатм намудаст. Соли 2007 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба факултети биология дохил шуда, онро соли 2012 бомуваффақият хатм намудааст. Фаъолияти кориашро аз соли 2010 ба ҳайси лаборант дар кафедраи биохимия оғоз намудаст. Аз соли 2019 то ин ҷониб ба ҳайси ассистенти кафедраи биохимия фаъолият намуда истодааст.
Соли 2013 ба ҳайси аспиранти шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кори илмиро таҳти мавзӯи “Баҳодиҳии маҳсулнокии гӯсфандон аз рӯи нишондиҳандаҳои биохимиявии хун” оғоз намуда, онро соли 2020 бо муваффақият анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 22 мақолаҳову тезисҳо мебошад.
20 майи соли 1992 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ҷумҳурии Точикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1999-2010 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 29-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳсил кардааст. Соли 2010 мактаби миёнаи № 36-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо хатм кардаст. Солҳои 2010-2015 дар факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Аз соли 2015 то инҷониб ба ҳайсси ассистенти кафедраи биохимия кор ва фаъолият менамояд. Солҳои 2016-2019 аспирантураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро хатмкардааст. Муаллифи зиёда аз 26 мақолаҳову тезисҳо мебошад. Инчунин соҳиби як патенту ихтироот мебошад.
Содиқзода Моҳинав Саидҳомид Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 2016 хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ солҳои 2016 – 2018 дар кафедраи биохимияи факултети биология дар шуъбаи магистратура таҳсил намуда онро хатм карда, худи ҳамон сол ҳуҷатҳояшро ба шӯъбаи докторантураи PhD – и кафедраи биохимияи факултети биологияи ДМТ супорида соли 2021 хатм намудааст. Аз соли 2021 то инҷониб ба ҳайси ассистенти кафедраи биохимияи факултети биологияи ДМТ фаъолият намудааст.
Соли 2018 ба ҳайси докторантураи PhD- и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кори илмиро таҳти мавзӯи “Таъсири пайвастагиҳои комплексӣ ба нишондиҳандаҳои физиологию биохимиявии навъҳои гандум” оғоз намуда, онро соли 2021 бо муваффақият анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳову тезисҳо мебошад.