Роҳбарият

 

 

Кароматуллои Қурбонали, номзади илмҳои биологӣ, дотсент декани факултет
Тел.: +992 987-84-02-02
E-mail: karomat.tj@bk.ru

Кароматуллои Қурбонали 01 марти соли 1993 дар дехаи Саричашмаи нохияи Шамсидини Шохин (Шурообод) тавваллуд шудааст. Соли 1999 ба МТМУ №24 –и ноҳияи мазкур қадамхои нахустини худро дар рохи омӯзиши илм гузоштааст. Соли 2004 таҳсилро дар мактаб-интернети кудакони ятим ва бепарасторони ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсидини Шоҳин (Шурообод) давом дода, соли 2010 муассисаи номбурдаро бо мувафақият хатм намудааст.

Кароматуллои Қурбонали соли 2010 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сафи донишҷӯён дохил шуда, дар раванди тахсил, соли 2014 ба хайси лаборанти кафедраи ботаника ба кор оғоз намудааст. Соли 2015 факултети мазкурро хатм намуда кор ва фаъолияти худро дар факултет идома додааст.

Соли 2015 ба шуъбаи аспирантураи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИҶТ хозира АМИТ дохил шуда соли 2021 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Набототи хавзаи дарёи Ширкент (Тоҷикистони Марказӣ)» дифоъ намуда сазовори дараҷаи номзади илмхои биологӣ гардидааст.

Соли 2017 ба хайси ассистенти кафедраи ботаника, соли 2018 ба хайси муовини декан оид ба корхои тарбиявӣ, аз мохи феврали соли 2022 ба хайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ботаника ва аз мохи октябри соли 2022 ба хайси мушовири академии дараҷаи 1-ум дар шуъбаи рӯзонаи факултети биология кор ва фаъолият намудааст.

Мохи майи соли 2023 ба хайси декани факултети биология таъин гардида то хол кор ва фаъолият намуда истодааст.

Солхои 2019 ва 2022 бо ифтихорномаи донишгох, сипосномаи ХХДТ дар нохияи Шохмансур (2020) ва сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон (2022), қадрдони гардидааст.

Дар чандин конференсияҳо ва семинарҳои ҷумхуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда мушкилотхои самти илми ботаника ва халу фасл намудани онро мухокима намудааст. Мақолаҳои илмиаш дар маҷаллаҳои гуногуни ҷумхурӣ ба табъ расидааст.

Муаллифи 38 мақола ва фишурда, аз он ҷумла 1 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Скопус; 1-монография; 4-дастури таълимӣ барои ихтисосҳои биология, биотехнология, экология ва дорандаи 1- ихтироот мебошад.