ЁДЕ АЗ УСТОД САФАРОВ ҲАБИБ МУРОДОВИЧ

497

Имрӯз (04.05.2022) ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва 85 – солагии академики АИКТ, арбоби илм ва техникаи ҶТ, д.и.б., профессор Сафаров Ҳабиб Муродович дар пояи факултети биологияи донишгоҳ дар мавзӯи «Мушкилоти мутобиқшавии организми одам ва ҳайвонот ба таъсири омилҳои гуногуни экологӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.
Қаблан ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳамроҳии намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти факултетро, ки бо қарори Шурои олимони донишгоҳ ба номи доктори илмҳои биология, профессори кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти факултети биология, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон Сафаров Ҳабиб Муродович гузошта шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Зимнан гуфта шуд, ки иқдоми мазкур ба хотири гиромидошти академик Сафаров Ҳабиб Муродович тарҳрезӣ шудааст. Дар кафедра таҷҳизотҳо ва асбобҳои озмоишӣ, муҷаҳҳаз гардонида, он барои гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ равона шудааст. Инчунин, китобҳои устод, маҷалаҳои илмӣ ва дигар маводе, ки ба самти омӯзиши физиологияи одам ва ҳайвонот марбут аст, ҷойгир шудааст.
Баъдан дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода бо иштироки меҳмонон аз сохторҳои гуногуни илмию таълимии ҷумҳурӣ конференсия доир гардид. Ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба муҳимияти ба номи академик Сафаров Ҳабиб Муродович гузоштани кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти факултетро барои пайравони илми биология фоли нек хонда, афзуд, ки: «Ҳабиб Сафаров ҳамчун олими шинохта барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илми ҷумҳурӣ нақши арзанда дорад. Номбурда баъд аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиашро аз лаборанти кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти факултети биологияи донишгоҳ оғоз намуда, то ба вазифаи ректори ин боргоҳи илму маърифат – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омада расидааст». Бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ба хотири хизматҳои гуногунҷабҳаи академик Сафаров Ҳабиб аз соли 2009 барои донишҷуёни факултети биология (стипендия) идрорпулии ба номи академик Сафаров Ҳабиб Муродовичро таъсис дода шудааст.
Дар кори конференсияи мазкур академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидмуҳаммад Одинаев, профессори кафедраи назарияи иқтисодӣ ва иқтисоди ҷаҳон ДСТР, д.и.и., профессор, академики академияи Байналхалқии илм мактаби олӣ Комилов С.Д., ходими пешбари илми Агентии бехатарии химия, биология, радиатсия ва ядроӣ АМИТ Саломов А.А., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М., декани факултети биология, профессор Устоев М.Б., ва профессор Каримзода А.И., ва дигарон суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешаваем, ки тибқи нақша ба конференсияи мазкур зиёда аз 50 мақолаи илмии олимони соҳа вобаста ба бахшҳои гуногуни илми биология пешниҳод шудааст, ки дар 2 бахш (Бахши 1: «Ҳолати функсионалии организм ва таъсири омилҳои экологӣ», бахши 2: «Ҷанбаҳои биохимиявӣ ва таъсири равандҳои экологӣ ба организмҳои зинда» баррасӣ шуданд.