Имрӯз (09.03.2022) дар кафедраи зоология ҷаласаи ҶИД гузаронида шуд, ки дар он устодону донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд.
Саравал мудири кафедраи зоология Мирзоев Н. ҷаласаро оғоз намуда ҳозиринро бо рузномаи ҷаласа шинос намуд.
Сипас донишҷӯи курси 4-ум Юсупов Ю. дар мавзӯи “Хусусиятҳои биологии куброи осиёи миёнагӣ” баромад намуда қайд намуд, ки куброи осиёимиёнагӣ ва ҳам гурзо намудҳои нодир буда, хавфи маҳвшавӣ доранд. Хусусан дар 50 соли охир дар ҳудуди зисти ин морҳо дар Тоҷикистон тағйироти ҷиддӣ ба назар мерасад. Куброи осиёимиёнагӣ асосан дар қисмати ҷанубӣ-ғарбии кишвар, дар минтақаҳои биёбон ва нимбиёбон зиндагӣ мекунад. Дар гузашта масоҳати мавзеъҳои зисти мори кубро хеле васеъ буд. Вале дар давоми ним аср аз худ гардидани заминҳои бекорхобида боиси маҳдуд гардидани ҷои зист ва коҳиши саршумори куброи осиёимиёнагӣ гардид. Ҳарчанд гурзо нисбат ба кубро васеътар паҳн шудаву дар минтақаҳои биёбон, нимбиёбон ва наздикӯҳӣ дучор меояд, аммо вазъи он низ чунин аст. Аз ин сабаб ҳам куброи осиёимиёнагӣ ва ҳам гурзо ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст. Аз рӯи тартиботи муқарраргардида барои сайди намудҳои ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил гардидаанд, Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо пешниҳоди асоснок ба Ҳукумати кишвар муроҷиат менамояд. Ва бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин бора ҳуқуқи ҷамъоварии онҳоро аз табиат пайдо мекунем. Ба ин мақсад, алҳол, аз номи раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати кишвар барои сайди 50 сар мори куброи осиёимиёнагӣ ва 50 сар гурзо мактуб ирсол гардидааст. Айни замон масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дорад. Баъди гирифтани иҷозатномаи Ҳукумат серпентарияи назди пажӯҳишгоҳ ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Яке аз масъалаҳои дигар, ин омӯзиши эктопаразитҳо ва эндопаразитҳои морҳои заҳрнок мебошад. Хазандагон, аз ҷумла морҳои заҳрнок дар бадани худ паразитҳои берунаро, аз қабили канаҳо нигоҳ медоранд. Дар узвҳои дохилиашон ҳаргуна эндопаразитҳо – паразитҳои дохилӣ, аз қабили гелминтҳо мавҷуданд ва омӯзиши ин масъала аҳамияти илмӣ дорад. Аз ин рӯ, олимони соҳа ҳангоми парвариши морҳо дар шароити серпентария ба омӯзиши илмии онҳо, яъне гузаронидани таҳқиқоти илмӣ низ машғул мешаванд. Инро ба назар гирифта дар нақшаи илмии пажӯҳишгоҳ омӯзиши хусусиятҳои экологӣ, афзоиш, тарзи ғизогирии куброи осиёимиёнагӣ ва гурзоро ворид намудем, зеро гузаронидани таҳқиқоти гуногуни илмӣ оид ба омӯзиши ҳаматарафаи олами ҳайвоноти Тоҷикистон аз самтҳои асосии фаъолияти институт ба ҳисоб меравад.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯён саволҳо пешниҳод шуда ҷавоби қаноатбахш гирифтанд.
Домой Ахбор