РАМЗИ ВАТАНДОРӢ – ИСТИҚЛОЛ

214

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилхуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургдошти миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқдисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра пайваст мекунад.

Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми қадими ватандор мешиносанд. Фарзандони ин миллати баруманд, дар тамоми кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлол аст.

Ҳоло наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлол нашиносад, ки ин ҳама тавассути заҳматҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст. Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 32-юмин солагии истиқлоли миллӣ қарор дошта, ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва ҳамзистии осоишта кушиш менамояд. Рамзҳои асосии давлати мо нишони миллӣ, суруди миллӣ, парчами миллӣ, пули миллӣ мебошад. Фарзандони миллат дар сафи қувваҳои ҳарбии миллии давлати хеш адои хизмати Модар – Ватан мекунанд. Дар баробари ин соҳаи маориф ҳам ба монанди дигар соҳаҳо ру ба беҳбудӣ ниҳода, аз он ҷумла яке аз Донишгоҳи пешқадами ҷумҳурии Тоҷикистон номи миллиро дорад ва фахри ҳар як омӯзгор ва донишҷӯёни ин даргоҳи илму маърифат мебошад. Истиқлолият бо роҳбари оқилу доно, кушишҳои беназир ва заҳматҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам устувор шуда, Тоҷикистони азизи моро ба қуллаҳои баланди тараққиёт мебарад.

Ин барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос имконият фароҳам меорад.

Ҳамин тавр истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, хештаншиносӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаю созандагӣ, азму талошҳои фидокорона, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва ҳамзамон ҳаёти озодонаи ҳар як фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ҷаҳони мутамаддини кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 32 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлат гардид.

Устоев Мирзо,доктори илмҳои биология, профессорикафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М.Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ғаюбов Раҷабалӣ,номзади илмҳои биология, муалллими калони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот ба номи академик Сафаров Ҳ.М.Донишгоҳи миллии Тоҷикистон