Кафедраи зоология

Кафедраи зоология яке аз аввалин кафедраҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, соли 1948 таъсис дода шудааст. Зарурати таъсиси кафедраи мустақили зоология дар он солҳо як қатор сабабҳои объективӣ дошт. Аз рўзҳои авали таъсисёбӣ дар кафедра коркарди нақшаҳои таълимӣ, барномаи машѓулиятҳои дарсӣ ва ҳамоҳангсозии раванди таълими донишҷўён ва самти корҳои илмию тадқиқотии кормандон ба роҳ монда шуда буд. Самти асосии корҳои илмию тадқиқотии кормандони кафедра омўзиши фаунаи Тоҷикистон, аниқ кардани ҳолати гуруҳҳои алоҳидаи олами ҳайвонот, муайянкунии нақши ҳайвонот дар биосенозҳои гуногун, коркарди чорабиниҳо доир ба муҳофизат ва истифодаи оқилонаи захираҳои олами ҳайвонот ба шумор мерафт. Кори кафедраи зоология ба он марказонида шуда буд, ки  раванди таълимро бо фанҳо ва мавзуъҳои тахассусии мубравми замон таъмин намояд. Дар муддати мавҷудияти кафедра онро д.и.б., профессор Строганов С.У. (1948-1949), д.и.б., профессор Иваненко И.Д. (1949 -1962), д.и.б., профессор Нарзиқулов М.Н. (1962-1964), д.и.б., профессор Лопатин И.К. (1963-1971), д.и.б., профессор Старков О.А. (1971-1987), д.и.б., профессор Чикатунов В.И. (1987-1992), д.и.б., профессор Қодиров А.Ҳ. (1992-2009), н.и.б., дотсент Исоев К.С. (2009 -2012), д.и.б., профессор Қодиров А.Ҳ. (2012-2013), н.и.б., дотсент Дадабоев Х.Р. (2013-2014), н.и.б., дотсент Шоев М.Дж (2014-2020), н.и.б., дотсент Мирзоев Н.М. (аз 2020 – то инҷониб) роҳбарӣ намудаанд. Кафедра бо мақсади дар донишҷўён ташаккул додани донишҳои фундаменталии зоологӣ, инчунин фанҳои умумитахассусии «Биология» таъсис дода шудааст. Кафедраи зоология дар сохтори факултети биология, яке аз кафедраҳои асосӣ буда, чунин вазифаҳоро иҷро мекунад: гузаронидани дарсҳои тахасуссии ба кафедра вобасташударо таъмин менамояд; машѓулиятҳои семинарию амалиро вобаста ба сарборӣ ва барномаи тасдиқшуда амалӣ менамояд; ба донишҷўён оид ба фанҳои тадрисшаванда машваратҳо медиҳад; дониши донишҷўёнро дар шакли имтиҳонот, корҳои санҷишии фосилавӣ ва ҷамъбастӣ арзёбӣ менамояд; корҳои мустақилонаи донишҷўёнро, аз ҷумла корҳои курсии онҳоро дуруст ба роҳ монда онро мунтазам назорат менамояд; корҳои таълимию методиро, ки сифати таълимро баланд мебардоранд ба анҷом мерасонад; дар байни донишҷўён корҳои тарбиявӣ мегузаронад.  

Фаъолияти илмию тадқиқотӣ

Самтҳои асосии корҳои илмию тадқиқотӣ:

Таҳқиқоти илмӣ дар кафедраи зоология дар чорчўбаи самти илмии «Асосҳои биологии азхудкунӣ, азнавсозӣ ва ҳифзи олами ҳайвоноти Тоҷикистон» пеш бурда мешаванд. Мавзўи умумии таҳқиқотии кафедра – «Маҷмўи ҳайвоноти сутунмуҳрадор ва энтомофаунаи обамбори Норак ва ҳудудҳои атрофии он» мебошад. Дар чорчўбаи мавзўи умумӣ дар чунин самтҳо таҳқиқот бурда мешаванд:

  • Таҳқиқоти фаунаи ҳашароти атрофии обамбори Норак;
  • Муайян кардани таркиби намудии ҳашарот дар экосистемаҳои гуногуни Тоҷикистон;
  • Омўзиши фауна ва экологияи сахтболони дендрофилии Ҷанубуғарбии Тоҷикистон;
  • Таҳқиқот дар самти муҳофизат ва истифодабарии оқилонаи захираҳои олами ҳайвонот;
  • Омўзиши таркиби намудии ҳайвоноти сутунмуҳрадори атрофии обамбори Норак;
  • Омўзиши ихтиофаунаи обамборҳои сунъӣ ва табии Ҷанубу -Ғарбии Тоҷикистон;
  • Тартиб додани рўйхати намудии ҳашароти сахтболи оилаҳои Scarabaeidae, Staphylinidaе, Elateridae, Curculionidaе, Buprestidae;
  • Омода ва нашр кардани маводи таълимӣ барои фаслҳои гуногуни зоология (энтомология, ихтиология, териология, усулҳои таҳқиқоти зоологӣ).

Мутахассисони кафедра фаъолона натиҷаҳои таҳқиқоти илмию саҳроиро дар омодасозии корҳои курсӣ, дипломӣ ва рисолаҳои хатм истифода мебаранд. 

Ҳайъати кафедра

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - 21-4.jpg
Мудири кафедра
Mir.nur78@mail.ru
(992) 93-405-86-05
ш.Душанбе, к. Хоруѓ, гузаргоҳи 1, хонаи 26

Мирзоев Нуриддин Маҳмадович 17-уми июли соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1985 ба синфи якуми мактаби миёнаи №35-и шаҳри Душанбе рафтааст. Соли 1995 мактаби миёнаро хатм карда ба факултети биологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 2000-ум факултети биологияи донишгоҳи мазкуро хатм намудаст. Аз соли 2000 то 2004 ҳамчун лаборанти кафедраи зоологияи факултети биологияи ДДМТ кор кардааст. Соли 2004 ба шуъбаи рўзонаи аспирантураи назди Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2007 хатм намудааст. Аз соли 2007 то 2019 дар вазифаи ассистенти кафедраи зоология кор кардааст.
Соли 2019 рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Ихтиофаунаи поёноби дарёи Вахш», аз рўйи тахассуси 03.02.04 – Зоология ҳимоя намуд. Аз моҳи феврали 2020 то инҷониб мудирияти кафедраи зоологияро бар ӯҳда дорад.

д.и.б., профессор
917-36-39-53
ш. Душанбе, кўчаи Федина 29, х. 115

 Қодиров Абдусалом Ҳафизович 30 январи соли 1941 дар деҳаи Кўпрукбошии ноҳияи Орҷоникидзеободи ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1949 ба синфи якуми мактаби умумитаҳсилотии деҳа рафтааст. Соли 1959 пас аз хатми мактаб ба факултети биологияи (табиатшиносӣ) Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шудааст. Аз 15 август то 18 ноябри соли 1964 дар мактаби №2 ноҳияи Орҷоникидзеобод ҳамчун муаллими химия ва биология кор кардааст. Солҳои 1964-1966 дар сафи артиши Советӣ хизмат намудааст.  Соли 1966 дар аспирантураи назди Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1969-1977 ассистент ва муаллими калони кафедраи зоология Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Соли 1971 рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Ҳашароти зараррасони растаниҳои шаҳру деҳаҳои Ҷанубуғарбии Тоҷикистон», аз рўйи ихтисоси 03.00.09 -энтомология ҳимоя намудааст. Соли 1972 ба вазифаи дотсенти кафедраи зоологияи факултети биология таин шудааст. Соли 1981 бо қарори Вазорати маорифи ИҶШС ба Ҷумҳурии демократии Афѓонистон сафарбар шуда, дар Донишгоҳи Кобул ба ҳайси омўзгор кор кардааст. Соли 1992 рисолаи доктории худро дар мавзўи «Маҷмўи сахтболони дарахтхўр ва дохиличўбии Ҷанубу Шарқии Осиёи Миёна», аз рўйи ихтисоси энтомология ҳимоя намудааст. Қодиров А. Ҳ. аз соли 1992 то 2009 дар вазифаи мудири кафедраи зоологияи факултети биологияи Донишгоҳи мили Тоҷикистон фаъолият намудааст.   Қодиров А. Ҳ. ҳамасола дар конференсияҳо ва семинарҳои илмию методӣ иштирок менамояд. Дар муддати фаъолияти кориаш 4 монография, зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ ва 20 дастури методӣ аз чоп баровардааст. Аз соли 2010 профессори кафедра ва яке аз мутахассисони пешбари кафедра шуда кор мекунад. 

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - САИДОВИ АБДУСАТТОР ...
д.и.б., профессор
918-666893
abdusattor.s@mail.ru
ш.Душанбе куч. Буни Ҳисорак

Саидов Абдусаттор Самадович 1-уми апрели соли 1961 дар деҳаи Пахтакори ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №22-и ноҳияи Восеъ, соли 1978 ба Шуъбаи биология ва химияи факултети табиӣ-географии Институти педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ѓафуров) дохил шудааст. Соли 1986 ба аспирантураи назди Институти зоология ва паразитологияи ба номи академик Павловскийи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст.
Соли 2000 рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Хояндагони Ҷанубу – Ғарбии Тоҷикистон» аз рўйи тахассуси 03.02.04-зоология ҳимоя намудааст. Дар давраи соли 1997 то 2002 дар вазифаи котиби илмӣ ва ҷонишини директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский кор кардааст. Солҳои 2003 то 2015 дар вазифаи директори Института зоология и паразитология ба номи Е.Н.Павловскийи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Соли 2012 рисолаи доктории худро дар мавзўи «Паҳншавӣ, систематика, экология ва аҳамияти амалии хояндагони Тоҷикистон» аз рўйи ихтисоси зоология ҳимоя намудааст.
Солҳои 2014-2017 дар вазифаи саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи марти соли 2017 то ҳоло дар вазифаи ноиби президенти Шуъбаи илмҳои биологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва профессори кафедраи зоологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад.
Саидов А.С. ҳамасола дар конференсияҳои ҷумҳуриявию хориҷӣ ва семинарҳои илмию методӣ иштирок менамояд.
Дар муддати фаъолияти кориаш 5 монография, зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ ва 5 дастури методӣ аз чоп баровардааст.

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - 14.png
н.и. б. дотсент
isoev_65@ maul.ru
(992) 900-93-33-03
ш. Душанбе, кўч. Пўлодӣ 4,х №11

Исозода Комилшо Сафар 11 майи соли 1965 дар ноҳияи Дарвози ВКМБ таваллуд шудааст. Соли 1972 ба мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Дарвоз рафтааст. Соли 1982 баъди хатми мактаби миёна дар совхози Сарҳадчии ноҳияи Дарвоз фаъолият намудааст. Соли 1983 ба факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.ленин дохил шуд. Солҳои 1984-1986 дар сафи Артиши Советӣ хизмат намудааст. Солҳои 1990-1992 дар вазифаи лаборанти калони кафедраи зоологияи ДДТ ба номи В.И.Ленин кор кардааст.
Солҳои 1993-1996 дар аспирантураи кафедраи зоология бо ихтисоси энтомология таҳсил намудааст. Аз соли 1996 то 2009 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи зоология ДМТ кор кардааст.
Соли 2004 рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Фауна ва экологияи оилаҳои асосии сахтболони мамнуъгоҳи Ромит», аз рўйи ихтисоси 03.02.04 – Зоология ҳимоя намудааст. Соли 2009 ҳамчун муовини декани факултети биология кор кардааст. Соли 2009 ба вазифаи мудири кафедраи зоологияи ДМТ интихоб шудааст. Солҳои 2012 – 2022 ҳамчун директори Маркази таҳия, нашр ва тақсимоти китобҳои дарсӣ дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳамасола дар конференсияҳо ва семинарҳои илмию методӣ дар дохил ва хориҷи кишвар иштирок менамояд, сертификати иштирокчиро ҳам дорад. Дар муддати фаъолияти кориаш 1 монография, зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ, 3 китоби дарсӣ барои донишҷўён ва зиёда аз 12 дастури методӣ аз чоп баровардааст.
Барои фаъолияти илмиию ҷамъиятии пурсамараш соли 2022 бо мукофоти давлатии медали «Хизмати Шоиста» мукофотонида шудааст.
Исозода К.С. аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад (2009).

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - 18-3.jpg
н.и.б., дотсент
Shoev-1969@mail.ru
(992) 917-17-40-17
ш.Вахдат, куч.Наврўз, хон3, ҳуҷ.14

Шоев Мухаммаджон Джумаевич 2 марти соли 1969 дар деҳаи М.Горкийи ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтари (он замон Қурѓонтеппа) вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1976 ба мактаби №1-и деҳаи М.Горкийи ноҳияи Бохтар рафтааст. Солҳои 1987-1989 дар сафи Артиши Советӣ хизмат кардааст. Соли 1989 пас аз адои хизмат ба факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Солҳои 1994-2000 ассистенти кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буд. Соли 1997 ба аспирантураи ДДМТ дохил шуда, онро бомуваффақона соли 1999 хатм кардааст.
Аз моҳи майи соли 2000 дар идораи шаҳри Кофарниҳон ба ҳайси мудири шўъбаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ робита бо ташкилотҳои ҷамъияти ва масъалаҳои миллии Ҳукумати шаҳри Кофарниҳон фаъолият намуда, аз моҳи сентябри соли 2002-юм то моҳи августи соли 2005-ум Роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Кофарниҳон (ҳоло ш. Ваҳдат) кор кардааст. Аз сентябри 2005 то октябри соли 2007 ҳамчун муаллими калони кафедраи зоологияи ДДМТ кор кардааст.
Солҳои 2007- 2009 Мушовири калони Кумитаи оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуѓли аҳолии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 2009 -2013 бошад, ба ҳайси муовини мудири шўъбаи назорати Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, аз моҳи марти соли 2013 то марти соли 2014 муовини мудири шўъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Соли 2014 ба вазифаи мудири кафедраи зоологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз феврали соли 2020 ҳамчун дотсенти кафедраи зоология кор карда истодааст.
Дар декабри соли 2011 рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Таркиби намудӣ ва гуруҳҳои экологии гамбускҳои дендрофилии Ҷанубуғарби Тоҷикистон» аз рўйи тахассуси 03.02.04. -зоология ҳимоя кардааст.
Ҳамасола дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ бо маърузаҳо баромад мекунад. Муаллифи 1 монография, 3-дастури методӣ ва зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ мебошад. Барои корҳои илмию ҷамъиятии самаранок соли 2010 мақоми «Мушовири давлатии дараҷаи 3» -ро соҳиб шудааст. Шоев М.Ҷ. аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (2015).

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - 20-3.jpg
н.и.б., Муаллимаи калон
yadsh@yandex.ru
(+992) 909-99-21-57
ш. Душанбе, кўч. Нахимова 64/16.

Якубова Дилшода Шарафовна 5 августи соли 1982 дар шаҳри Самарқанди ҶШС Ўзбекистон таваллуд шудааст. Соли 1988 ба мактаби №56-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рўдакӣ) рафтааст. Соли 1991 дар синфи панҷумиаш ба мактаби №49-и ноҳияи Ленин ба номи Юлдош Соибназаров интиқол шудааст. Соли 1998 мактаби мазкурро бомуваффақият хатм намудааст.
Соли 1998 ба факултети биологияи Донигоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДДМТ) дохил шудааст. Солҳои 2000-2004 дар вазифаҳои лаборант, мудири кабинет ва коромўзи кафедраи зоологияи факултети биологияи ДДМТ кор кардааст. Соли 2003 бо баҳои аъло факултети биологияи ДДМТ (ҳоло ДМТ)-ро хатм кардааст.
Солҳои 2005-2007 дар аспирантураи ДМТ аз рўйи ихтисоси зоология таҳсил намудааст. Солҳои 2007-2022 дар вазифаи ассистенти кафедраи зоологияи факултети биологияи ДМТ кор кардааст.
Соли 2018 риолаи номзадии худро дар мавзўи «Фаунаи ва экологияи гамбускҳои кутоҳсахтболи (Coleoptera, Staphylinidae) қисмати ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор» ҳимоя кард.
Ҳамасола дар конференсияҳо ва семинарҳои методи иштирок менамояд. Дар муддати кориаш 1 монография, 1 китоб, 4 дастури методӣ, ва зиёда аз 30 мақолаи илмӣ чоп намудааст.
Соли 2022 ба вазифаи муаллимаи калони кафедраи зоологияи факултети биологияи ДМТ гузаронида шудааст.

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - 22-3.jpg
н.и.п., муаллими калон
Ismoil-kh@yandex.ru
(+992) 93-833-43-63
ш. Душанбе, кўчаи Ниёзова. 24/6.

Холматов Исмоил Бахтиярович 5 октябри соли 1984 дар шаҳри Исфараи вилояти Суѓд таваллуд шудааст. Соли 1991 ба мактаби таҳсилоти миёнаи №18-и шаҳри Исфара рафта, онро соли 2002 хатм намудааст.
Соли 2002 ба факултети биологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДДМТ) дохил шуда, соли 2007 онро хатм намудааст. Соли 2007 то 2008 дар вазифаи лаборанти калони кафедраи зоологияи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2008 то 2022 дар вазифаи ассистенти кафедраи зоология ва аз соли 2022 то ҳоло дар вазифаи муаллими калони ҳамин кафедра кор мекунад.
Солҳои 2008 то 2014 коромўзи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон буд. Соли 2015 рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Ақидаҳои педагогии Шаҳиди Сонӣ дар осори педагогии асрҳои миёна» ҳимоя намуд.
Ҳамасола дар конференсияҳо ва семинарҳои методи иштирок менамояд. Дар муддати кориаш 2 китоб, 3 дастури методӣ, ва зиёда аз 20 мақолаи илмӣ чоп намудааст.

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - 23-4.jpg
Ассистенти кафедра
(992) 915-25-22-24
odinasho 85@mail.ru
ш. Душанбе н.Сино. кўч.Ҳаёти Нав, 74/3

Давлатов Одинашо Муҳаббатович 10 апрели соли 1987 дар ноҳияи Московский (ҳоло Ҳамадонӣ)-и вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1994 ба мактаби миёнаи №42 ноҳияи Московский рафтааст. Соли 2005 ба факултети биологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 2010 хатм намудааст. Соли 2010 то 2012 дар вазифаи лаборанти кафедраи зоологияи факултети биологияи ДМТ кор кардааст. Солҳои 2012 – 2014 ба ҳайси ассистенти кафедраи зоология кор кардааст.
Солҳои 2014 -2018 муовини декани факултети биология оид ба тарбия буд. Аз соли 2018 то ҳоло мушовири дараҷаи дуюми шакли таҳсилоти фосилавӣ дар факултети биологияи ДМТ мебошад. Ҳамасола дар конференсияҳо ва семинарҳои методи иштирок менамояд. Дар муддати кориаш дар муаллифӣ 2 дастури методӣ, ва зиёда аз 20 мақолаи илмӣ ва фишурда чоп намудааст.